Мулоқот бо Президенти Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд

№136 (3282) 18.11.2014

1522599_741750535895135_2992015478644055817_o

Субҳи рӯзи 17 ноябри соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.

Чунонки зикр гардид, давоми солҳои ҳамкорӣ ин бонк дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 700 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳо бо Ҳукумати мамлакат, бахши хусусӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ ба имзо расонидааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд. Ҳоло сандуқи лоиҳаҳои фаъоли ин бонк ба маблағи умумии зиёда аз 500 миллион доллар дар бахшҳои энергетика, обтаъминкунию хоҷагии манзилӣ, низоми бонкдорӣ ва бахши хусусӣ амалӣ мешаванд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд ҳамзамон изҳори бовар карда шуд, ки дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо, бахусус ба хотири коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, минбаъд низ босамар идома меёбад.

Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро ба таҳким ва густариши ҳамкории оянда таъкид доштанд.

www.president.tj