18-уми октябри соли 2024 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳайати Ҷумҳурии Гана таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Ион Кваку Амиратвум Сарпонг мулоқот намуд.
Зимни мулоқот раванди таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Гана ва масъалаҳои муҳими қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.