На ба миқдор, балки ба сифати рисолаҳои илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад

№126 (4866) 23.10.2024

IMGL658700 (1)Мусоҳиба бо раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода

- Соли равон аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 сол сипарӣ гашт. Аз шиносоӣ бо фаъолияти он ба хулоса омадан мумкин аст, ки чун иқдомҳои дигар таъсиси ин ниҳод низ натиҷаи таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст…

- Комилан дуруст аст. Ин омил агар аз як ҷониб, барои мо ифтихор бошад, аз тарафи дигар, масъулияти азим маҳсуб шуда, вазифадорем, ки минбаъд низ барои иҷрои рисолат ва салоҳияти хеш аз тамоми имконият самаранок истифода барем. Лозим ба ёдоварист, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 августи соли 2014, №255 ба имзо расида буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми феврали соли 2015 таъин шудани роҳбари муассиса, тасдиқи Низомнома ва сохтори Комиссия идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад..

Мавриди зикр аст, ки дар шаклгири фаъолияти муассисаи мазкур саҳми олимони маъруф А.А.Раҳмонзода, А.Ахмедов, Н.С Саид, М. С. Имомзода, Ф.Раҳимӣ, К.Олимов, Ҳ.Ибодов, М.Якубова, Н. Ҳотамов,  Л. Саид­муродов, З. Кобулиев, Х. Зиёӣ, У. Маҳмадёрзода, Н. Юнусова, Б. Маҷидова, С. Алиев, А. Розиқзода, Ф. Комилиён ва дигарон арзанда аст.

Бамаврид медонам аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос орам, ки гуфта буданд: «Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи илмии кишвар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани таълифи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм иқдоми саривақтӣ мебошад. Вале таъкид менамоям, ки дар ин раванд на ба миқдор, балки бештар ба сифати рисолаҳои илмии анҷомёфта таваҷҷуҳ зоҳир гардад».

Бо дарки масъулият иброз менамоям, ки ин таъкиди Пешвои миллат сармашқи кори мо буда, кулли дастовардҳо аз он маншаъ гирифтаанд.

- То ҷое иттилоъ дорем, чанде пеш ҳайати нави раёсати Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) тасдиқ гардид. Мехостем донем, ки аз ҷониби раёсати зикршуда чӣ корҳо ба сомон расидаанд?

- Лозим ба ёдоварист, ки ҳайати нахустини раёсати КОА, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017, №АП-846 тасдиқ гардида буд, се сол фаъолият карда, дар самти тасдиқи қарорҳои шуроҳои диссертатсионӣ ва олимон оид ба додани дараҷаву унвонҳои илмӣ, таъсис, таҷдид ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати шуроҳои экспертиву диссертатсионӣ, ташкили ҳимояҳои якдафъаина, эътироф ва баробар­арзишии дипломҳои дараҷаи илмии дар давлатҳои хориҷӣ соҳибгардида, воридсозии маҷаллаҳои илмӣ ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар масъалаҳои марбут ба низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Ба ин минвол ҳайати дигари раёсати КОА 20 июни соли 2020, №АП-188 тасдиқ гардида, баҳри такомули сохтор ва тавсеаи фаъолият саҳми бориз гузоштанд.

Раёсати нав бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2024,№АП-526 тасдиқ шуд. Қобили зикр аст, ки ҳайати нави раёсати КОА дар ҷаласаи аввал, ки 29 феврали соли 2024 баргузор гардид, 102 парвандаи аттестатсионӣ оид ба дарёфти унвони илмӣ, 23 дархост оид ба ташкили ҳимояи якдафъаина ва 6 дархости дигар оид ба эътирофу баробар­арзиширо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул намуд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи ғайринавбатии раёсати КОА, ки 4 марти соли 2024 баргузор гардид, дар робита ба 106 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар маҷмӯъ, то имрӯз аз ҷониби ҳайати нави раёсати КОА корҳои зиёд ба анҷом расидааст.

- Нақши шуроҳои экспертӣ ҳамчун мақоми илмӣ-ҷамъиятӣ барои баррасии воқеъбинонаи масъалаҳои вобаста ба аттес­татсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ муҳим аст…

- Бо шумо ҳамфикрам. Дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа мо доим кӯшиш менамоем, ки парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда ҳаматарафа ва воқеъбинона баррасӣ ва баҳогузорӣ карда шаванд.

Бо ин мақсад пас аз анҷоми муҳлати муқарраргардида ҳайати шуроҳои зикршуда бозбинӣ гардид. Дар ин зимн, бо мақсади ислоҳи камбудию беҳсозии сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таъмини шаффофият ва баҳогузории воқеъбинонаи таҳқиқоти диссертатсионӣ ҳайати шурои экспертии самти илмҳои математика, механика, информатика, химия, заминшиносӣ, техника ва технология, физика ва астрономия, биология ва экология, кишоварзӣ ва ветеринарӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ, таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ, фалсафа, сотсиология ва сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодиёту соҳибкорӣ бознигарӣ гардида, ба ҳайати онҳо олимону коршиносони варзида ва шинохтаи кишвар шомил шуданд.

- Мушоҳида мешавад, ки аксар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ барои таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ ҳавас­манданд. Оё дархостҳои ба ин масъала рабтдошта қонеъ карда мешаванд?

- Шумо ба яке аз масъалаҳои муҳим дахл намудед. Аз ибтидои фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба КОА 262 дархост ворид гардидааст, ки аз онҳо 142 дархост қонеъ, 119 дархост бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда рад шудаанд. Айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 79 шурои диссертатсионӣ фаъо­лият дошта, метавон гуфт, ки муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар дар самти таъсиси шуроҳои диссертатсионӣ иқтидору имконоти мавҷудаи илмии худро тақрибан пурра истифода намудаанд.

- Ташкили ҳимояи якдафъаи­наи диссертатсияҳое, ки аз рӯи ихтисосҳои онҳо дар ҷумҳурӣ шурои диссертатсионӣ вуҷуд надорад, самти дигари фаъолияти комиссия мебошад…

- Дар ин давра бо қарорҳои раёсати КОА 24 дархост оид ба ташкили ҳимояи якдафъаина тасдиқ гардида, аз ин шумора 5 дархост ба самти илмҳои ­ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 12 дархост ба самти илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ ва 7 дархости дигар ба самти илм­ҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ рост омадааст. Ҳимояҳои якдафъаина дар ихтисосҳои нодир, аз ҷумла 25.00.11 – Геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданоки сахт, минерагения, 6D091100 – Геология ва идоракунии истифодабарии табиат (илмҳои географӣ), 05.19.02 – Технология ва коркарди аввалияи мавод ва ашёи хоми нассоҷӣ ва 05.23.20 – Назария ва таърихи меъморӣ, тармим ва боз­созии мероси таърихию меъморӣ, баргузор гардиданд.

- Барои хонандагон ҷолиб аст, ки аз оғози фаъолият барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ чанд диссертатсия ворид гаштааст?

 - Теъдоди диссертатсияҳои бо ин мақсад воридгардида 2735 адад буда, аз ин шумора 228-то барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 2270 — барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 237 диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос мебошад. Аз шумораи умумии парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда 2223 диссертатсия тасдиқ шудааст, ки аз он 189 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1856 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 188 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) мебошад.

- Дар давраи мавриди назар аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанд шаҳрванди хориҷӣ дараҷаи илмӣ дода шуд?

- Аз оғози фаъолият ба 67 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқис­тон, Россия, Афғонистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Чин, ки дар самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ, табиӣ-математикӣ ва техникӣ рисолаҳои илмӣ ҳимоя карданд, дараҷаи илмӣ дода шуд.

- Агар онҳоеро, ки соҳиби дараҷаи илмӣ шудаанд, раддабандӣ намоем, намояндагони кадом бахш пешсафанд?

- Аз замони шурӯъ гардидани фаъолият ба 437 корманди муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, 1796 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 65 шахси мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ дараҷаи илмӣ дода шуд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 6046 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, аз ин теъдод 917 доктори илм, 4939 номзади илм ва 190 доктори фалсафа (PhD) мебошанд.

- Зимни посух ба суоли қаблӣ теъдоди олимонро аз шумори шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ зикр кардед. Вобаста ба ин мехоҳам ёдовар шавам, ки солҳои пеш ба илм рӯ овардани мансабдорон тамоюли афзоиш касб карда, чор сол қабл, зимни мулоқот бо аҳли зиё мавриди интиқоди Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд…

- Воқеан, то интиқоди Сарвари давлат ба диссертатсиянависӣ майл намудани шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатии сатҳҳои гуногун зиёд буд. Баъд аз ин, ба шарофати Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021 «Дар бораи тартиби додани розигӣ ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои таълиф ва ҳимояи диссертатсия» ин раванд пурра танзим гардид.

 - Камбудиҳои асосии соҳа кадомҳоанд ва аз замони таъин шудан ба ин вазифа барои рафъи онҳо чӣ тадбир андешидед?

- Камбудиҳои соҳа зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 майи соли 2024 баён гардиданд. Паст будани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, норасоии кадрҳои илмӣ дар самти илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, баҳогузории нокифояи муқарризони расмӣ, муассисаҳои пешбар, мувофиқ набудани мавзуъҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ ба талаботи замон ва арзишҳои милливу давлатӣ аз ҳамон ҷумлаанд. Дар ин робита корҳои зиёд амалӣ гардида, ин раванд минбаъд низ тавсеа хоҳад ёфт. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти шуроҳои диссертат­сионӣ ҳимояи диссертатсияҳо тариқи ошкоро, бо мубоҳисаи илмӣ, серталабӣ, воқеъбинӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳимояи диссертатсияҳо тариқи маҷозӣ ба роҳ монда шуд.

Илова бар ин, низоми санҷиши асолати матни диссертатсияҳои бо забони тоҷикӣ таълифшуда фаъол гардид. Ҳамчунин, модули «Тарҷумон» барои тарҷумаи мавод бо забони тоҷикӣ ва муқоисаи он бо диссертатсияҳо фаъол буда, диссертатсияҳои бо забони тоҷикӣ таълифшуда тавассути он санҷида мешаванд.

Камбудии дигар он буд, ки дар аксар маврид талаботи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар гардида, имтиҳонҳои минимуми номзадӣ бе иштироки шумораи зарурии мутахассисон — доктор баргузор мешуд. Табиист, ки ҳолати мазкур низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олиро халалдор намуда, боиси қабул гардидани қарори манфӣ дар фаъо­лияти шуроҳои диссертатсионӣ мегардад. Аз ин рӯ, ба роҳбарони муассисаҳо ва масъулини шуроҳои диссертатсионӣ дастури қатъӣ дода шуд, ки риояи талаботи ин самт зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

Ҳамзамон, тасмим гирифтем, ки ҷиҳати пешгирии такроршавӣ ва монандиҳои мавзуъҳо пеш аз тасдиқ шудан дар кафедра ва шуъбаҳои марбута аз махзани ягонаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.

 Тақвият бахшидани масъулияти роҳбарон (мушовирон)-и илмӣ оид ба сифати таҳқиқот ва таҳияи диссертатсияҳо омили муҳимтарини ин раванд маҳсуб шуда, саъй карда истодаем, то баҳогузории муқарризони расмӣ ва муассисаҳои пешбар ба сатҳу сифати диссертатсияҳо воқеъбинона ва бо тавсияҳои судманд тавъам бошад.

Корро тарзе ба роҳ мондем, ки роҳбарони муассисаҳое, ки дар наз­ди онҳо шуроҳои диссертат­сионӣ фаъолият мекунанд, назоратро аз болои фаъолияти шуроҳо пурзӯр намуда, ба таври мунтазам ҳисоботи раисони ин шуроҳоро дар маҷлиси шурои олимон мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор диҳанд.

Муҳим он аст, ки тӯли 10 соли фаъолияти КОА истиқлоли комили низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ таъмин шуд.

- Дар фарҷоми суҳбат Шумо ва аҳли илми мамлакатро бо 10-солагии таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон табрик гуфта, барору комёбӣ таманно дорем.

- Саломат бошед!

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»