Ҳайати ҳакамони Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» филми коргардон Муҳиддин Музаффар «Моҳӣ дар шаст»-ро, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои «Ifilm» ва «30CUP»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва «Амкарт»-и Федератсияи Россия рӯи навор омадааст, ба Шоҳҷоиза сазовор донистанд. Аҳли толор ин муждаро, ки далели рушди синамои миллии мо мебошад, бо кафкӯбии бардавом истиқбол намуданд.
Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахти кишвар бо ҳузури намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳунармандону коршиносони варзидаи дохилу хориҷи кишвар ва ҳаводорони олами синамо баргузор шуд.
Чорабинӣ, ки соли дуюм аст дар кишвар доир мешавад, ба хотири тарғиби беҳтарин дастовардҳои синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарон, дастгирии ҷавонони боистеъдод, тарғиби мавзеъҳои ҷолиби кишвар ва ҷалби сайёҳон, дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои нав дар соҳаи синамо роҳандозӣ шудааст.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»-ро ташаббуси навбатии филмофарони тоҷик арзёбӣ намуд, ки он зери роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Синамоҷоиза коршиносон, ҳунармандони асил, ҷавон ва ихлосмандони хушзавқи синаморо аз давлатҳои гуногун ба ҳам овард, ки ин барои мубодилаи афкор ва баррасии масоили синамои муосир ва рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.
Зикр шуд, ки барои иштирок ва рақобат дар озмуни синамоҷоиза беш аз 50 филми пурра, кӯтоҳ, бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ пешниҳод гардид. Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамони озмун ҷоизаи «Беҳтарин филми мустанад»-ро ба филми «Пайравони ҳақиқат»-и коргардон Рустам Шоҳазимов сазовор донистанд. Ҷоизаҳои «Беҳтарин филми тасвирӣ» ба филми «Зани порсо»-и Фирдавс Насруллозода, «Беҳтарин филми ҳунарӣ» ба филми «Дар талоши ҳақиқат»-и Манзаралӣ Шералӣ, «Беҳтарин филми дебют» ба филми «Фурӯғ»-и Одина Маҳмад, «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» ба филми «Модар»-и Нигина Раҷабова супорида шуд.
Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон»-ро Рустам Отахонов барои филми «Танҳо ту» ба даст овард. Ҷоизаҳои «Беҳтарин дизайн» ба Восеъ Набиев барои филми «Танҳо ту», «Таваҷҷуҳи тамошобин» ба филми «Ғам»-и Музаффар Шодиев, «Беҳтарин нақши кӯдакона» ба Зулайхои Абдуҳаким барои филми «Се хоҳарон», «Беҳтарин нақши занона» ба Таҳмина Раҷабова барои филми «Зиндагӣ зебост», «Беҳтарин нақши мардона» ба Насриддин Нуриддинов барои филми «Зиндагӣ зебост», «Беҳтарин коргардон» барои филми «Зиндагӣ зебост» ба Далер Раҳматов, «Беҳтарин танзим» барои филми «Мактаби мардонагӣ» ба Дилшод Раҳмонов тақдим гардид.
Ҳамчунин, барои иштирок дар синамоҷоиза филмҳои «Ҳафт марвориди Шинг» (Аслам Садриддин), «Ҳоло ки ман ҷавонам» (Ғолибшо Мӯсоев), «Садои тамаддун» (Тоҳир Асрориён), «Фарзанди фарзонаи миллат» (Иззат Самадӣ), «Мавлоно» (Далер Ҳасанзода) ва филми «Ҳафткӯл» (Шавкат Муҳаммадиев) бо дипломи Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» қадрдонӣ шуданд.
Ба филмноманависи номвари тоҷик Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) ҷоизаи «Килки заррин» супорида шуд.
Зимнан, дар доираи синамоҷоизаи мазкур давоми ҳафта дар пойтахти мамлакат чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла Рӯзҳои кинои Россия, Рӯзҳои кинои Эрон ва Рӯзҳои кинои Беларус, баргузор шуд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 95-солагии Тоҳир Собиров Форуми байналмилалии «Осори ниёгон: таърих ва фарҳанги бузурги миллат дар синамо» доир гардид.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»