Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ва сокини шаҳри Душанбе Меҳрафзун Меҳрафзунов дар муддати се моҳи соли равон барои бошандагони деҳаи Нурвуми деҳоти ба номи Назаршо Додхудоеви ноҳия бунгоҳи замонавии тиббӣ бунёд намуд.
Қаблан кормандони бунгоҳ дар як хонаи вайронаи хусусии деҳа ба бошандагон хизмат мерасониданд. Баъди бунёди иншоот мушкили сокинон паси сар шуда, онҳо имкон пайдо намуданд, то дар деҳаи хеш аз хизматрасонии аввалияи тиббӣ бархӯрдор шаванд.
Тавре аз деҳоти ноҳия иттилоъ доданд, ҷавонмарди саховатманд М. Меҳрафзунов чанд сол пеш дар таъмири канали деҳоташ низ ҳиссаи арзанда гузошта, барои обёрии заминҳои хоҷагии деҳқонии Баррӯшон дастгоҳи махсуси обкашӣ харидорӣ намудааст.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»