Ҳар инсон бо андешаву гуфтор ва кирдори хоси худ як олами беҳудуду нотакрорест. Дар маънавиёт ва фарҳанги миллии мо аз қадимулайём эътироф шуда, ки бунёди инсонҳои фозилу соҳибхирад пиндору гуфтор ва кирдори нек аст. Аз рӯи ҳамин меъёрҳои шинохти инсон донишманд, яке аз ҳуқуқшиносони машҳури тоҷик, узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон, ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ профессор Очилбой Усмонович Усмоновро, бегумон, ба зумраи шахсиятҳое метавон дохил кард, ки ба қуллаи камолот расидаанд, сазовори бахти баланди олимиву инсонӣ гардида, муҳимтар аз ҳама, қарзи шаҳрвандии хешро дар ҷомеа адо кардаанд.
Аз 76 соли умри пурбаракати Очилбой Усмонов 56 солаш сарфи омӯзишу таҳқиқ ва тарбияи шогирдон шудааст. Натиҷааш ин аст, ки ҳоло ҳазорҳо нафар хатмкардагони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо меҳру ифтихор аз устод ном мебаранд.
Дар соҳаи тадқиқоти илмӣ Очилбой Усмонов он қадар заҳматҳое кашидааст, ки имрӯз ӯро яке аз поягузорони илми ҳуқуқи мадании Тоҷикистон эътироф мекунанд. Паҳлӯи дигари фаъолияти устод эҷоди қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ, таҳлилу муоинаи онҳо, ҳамкорӣ бо муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ, тарғибу ташвиқи қонун буд. Китоби зиндагии устоди арҷманд Очилбой Усмонов саршор аз саҳифаҳои ибратбахшу рангин аст.
Очилбой Усмонов 31 августи соли 1930 дар деҳаи Қистақӯзи собиқ ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд чашм ба олам кушодааст. Волидонаш аз мардуми деҳқон буда, орзу доштанд, ки фарзандашон соҳиби хату саводи хуб шавад. Очилбойи наврас ҳам аз хурдсолӣ ба донишомӯзиву мутолиа ва афкору таҳлили мустақилона рағбату шавқ дошт. Ба омӯзиши улуми иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зиёдтар мекард ва ҳамин гуна соли 1950 ба остонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ба шаҳри Душанбе омад. Аз соли 1950 то соли 1955 Очилбой Усмонов машғули дарс ва ҳамзамон, омӯзишу таҳқиқ шуд. Натиҷаи ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшишҳояш буд, ки ба ӯ дипломи аълоро сазовор дониста, барои минбаъд дар факултет ҳамчун муаллим монданаш таклиф намуданд.
Дар ибтидо ӯро ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва протсес пазируфтанд, ки он айём кафедраи мазкур баъд аз кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ (нахустин сарвараш В. Г. Гранберг) дувумин кафедра ба ҳисоб мерафт. Аз ин ҷиҳат, агар устод Усмоновро яке аз поягузорони кафедра ва бунёдгузорони илми ҳуқуқи граждании ватанӣ эътироф намоем, саҳв нахоҳад шуд. Устод фаъолияти илмии хешро бо роҳбарии мудири ҳамонвақтаи кафедра, Ходими шоистаи илии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, профессор Виталий Илич Коретский оғоз карда, дар мавзуи «Шартномаи хариду фурӯши чакана дар системаи савдои давлатӣ (аз рӯи маводи ҶШС Тоҷикистон)» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
Заҳмати пайваста, кӯшишҳои мунтазам ва ҷаҳду талошҳои самимонааш буд, ки соли 1972 (баъд аз В. И. Коретский ва Е. М. Яковлева) роҳбарии кафедраи ҳуқуқи гражданиро ба уҳдаи ӯ гузоштанд.
Аз моҳи сентябри соли 1975 то сентябри соли 1981 Очилбой Усмонович факултети ҳуқуқро сарварӣ мекарданд. Давраи роҳбарии ин марди пуркор ба давраи эҳёи илмии факултет ва оғози дигаргуниҳои сохторӣ ва сифатӣ рост омад. Дар ин марҳила таваҷҷуҳи роҳбари факултет ба густариши робитаҳои илмӣ бо марказҳои бонуфузи илмии Москваю Ленинград, Тошканду Алма-Ато, Томск, яъне хориҷ аз марзи кишвар, равона буд.
Устод бо олимони машҳури Россия, Қазоқистон, ИМА, Ӯзбекистон, Украина, Беларус ва Англия робитаҳои илмӣ доштанд. Олимони намоёни ҳуқуқи гражданӣ — профессорон Халфина Р. О., Рясентсев В. А., Мозолин В. П., Суханов Е. М., Кабалкин Г., Масевич М. Г., Толстой Ю., Калмыков С.Х., Басин Г., Раҳмонқулов Х. Р., Зокиров И. Б., Ойгензихт В. А. ва дигарон бо устод Усмонов ҳамкориҳои доимии илмӣ доштанд ва ӯро ҳамчун муҳаққиқи намоёни илми ҳуқуқи гражданӣ этироф мекарданд.
Бо вуҷуди пуркорӣ дар соҳаи идоракунии факултет, ҳаллу фасли масъалаҳои ташкиливу идоравӣ ва муносибат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Очилбой Усмонов мунтазам асарҳои илмию тадқиқотӣ, мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публитсистӣ менавиштанд, ки миёни онҳо рисолаҳои пурмуҳтавои «Таърихи пайдоиш ва инкишофи қонунгузории гражданӣ дар Тоҷикистон дар давраи сохтмони сотсиализм», «Конститутсияи СССР оид ба ҳуқуқи конститутсионии гражданинҳо ба манзил», «Роли ҳуқуқи оилавии советӣ дар мустаҳкам гардонидани муносибатҳои оилавӣ» мавқеи муҳим доранд.
Диссертатсияи доктории устод бо номи «Таърихи пайдоиш ва инкишофи қонунгузории гражданӣ дар ҶШС Тоҷикистон» соли 1975 таълиф гардида, соли 1979 дотсент Очилбой Усмонов ба гирифтани унвони профессори кафедраи ҳуқуқи гражданӣ мушарраф гардид.
Воқеан, аз миёни профессорони ҳуқуқи ҷумҳурӣ ӯ пуртаҷрибатарин шахсиятест, ки 24 сол дар вазифаи пурмасъул — мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ адои вазифа кардааст. Таҳти роҳбарии устод Усмонов фаъолияти кафедраи мазкур хеле рушд карда, пояи илмиву таълимии он устувор шуд. Очилбой Усмонович ба аҳли кафедра ҳаққи устодии бевосита дошта, муҳити озоду пурмасъулияти кору эҷодро фароҳам оварда, барои ҷалб кардани қувваҳои тозаи илмӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамуд. Доктори илми ҳуқуқ профессор М. Менглиев, доктори илми ҳуқуқ профессор Тағойназаров Ш. Т., дотсент Ҷабборов Р. Ч. аз машварату маслиҳатҳои устод О. У. Усмонов баҳраманд шуда, ба унвонҳои баланди илмӣ мушарраф гардидаанд. Дар радифи шогирдон Л. Ш. Маҳмудова, С. Р. Раҳмонов, Ҷ.С.Муртазоқулов низ бо роҳбарии устод ба дифои рисолаҳои номзадӣ ноил шуданд.
Банда ҳам бо роҳбарии ин олими маъруф рисолаи номзадии худро ҳимоя намудам ва бо машварату маслиҳати устод соли 1998 ба дифои рисолаи докторӣ ноил шудам, ки аз ин шахсияти бузург ва олими нотакрор ҳамеша ифтихорманду сипосгузорам.
Эҷодиёти илмии солҳои 80-90-уми асри XX Очилбой Усмоновро давраи камолоти илмии ӯ номем, хатое нахоҳад шуд. Дар ин ду даҳсола қудрати олимии устод дубора таҷдид ёфта, баракати тадқиқоташ ду баробар бештар шуд. Зиёда аз ин, ӯ дар ин марҳила ба воситаи масъалагузориҳо самтҳои нави ҷустуҷӯҳои илмиро ба муҳаққиқон пешниҳод мекарду паи ҳам ба навиштани мақолаҳои илмӣ ва рисолаҳо пардохт. Тӯли ду даҳсола маҳсули қалами Очилбой Усмоновро 87 номгӯйи асарҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва мақолаҳои публитсистӣ ташкил додаанд.
Самти дигари таълифоти илмии Очилбой Усмоновро дар ин марҳила масъалаҳои ҳуқуқии оилаву никоҳ, баррасии амиқи қонунгузорӣ оид ба оилаву никоҳ ташкил медиҳад. Дар ии ҷода рисолаҳои ӯ «Роли ҳуқуқи оила дар мустаҳкам гардонидани муносибатҳои оилавӣ», «Ба ҷавонон дар бораи ҳуқуқи оилавии советӣ» (бо ҳаммуаллифии Т. Азизова), «Оила дар паноҳи давлат», «Никоҳ, оила, ахлоқ ва қонун» дар рушду такомули ҳуқуқи оилавӣ ва масоили ҳуқуқии оилаву никоҳ аҳамияти ҷиддӣ доранд. Самараи ҷустуҷӯҳои устод дар бобати ҳуқуқи оилавӣ таълифи китоби дарсии «Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1994) аст, ки дар эҷоди он бо ифтихор ҳаммуаллифи ин китобро доштам. Китоби мазкур аз нахустин воситаҳои таълим барои донишҷӯёни бахши ҳуқуқ бо забони давлатӣ ба шумор меравад. Як бахши навиштаҳои илмии О. У. Усмонов ба масъалаҳои умумии назарияи ҳуқуқ тааллуқ дошта, бештари онҳо дар маҷаллаҳои марказии Москваю Ленинград, Таллину Свердловск ва Тошканд ба табъ расидаанд.
Бо мақсади таблиғи донишҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба донишҷӯён, пешниҳод кардани маводи дарсӣ роҳбарияти факултети ҳуқуқ тасмим гирифт, ки китоби алоҳидае ба нашр расонад. Соли 1999 ин китоб бо номи «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон» ба чоп расид, ки сармуҳарририи онро Очилбой Усмонов ба уҳда дошт.
Ҳамин тариқ, осори илмӣ, таълимӣ, методиву тадқиқотии профессор Очилбой Усмонович ба 200 номгӯй мерасад. Устод шахси тавоно дар соҳаи илму таҳқиқ, омӯзгори пуртаҷрибаву ҳунарманд дар соҳаи тадриси илмҳои ҳуқуқӣ ва як шахсияти фаъоли иҷтимоӣ дар соҳаи тарғибу ташвиқи қонун буд. Заҳматҳои илмии устод 8 июни соли 1997 қадршиносӣ гардид ва Очилбой Усмонов узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси ҳуқуқи гражданӣ интихоб шуд.
Фаъолияти иҷтимоии Очилбой Усмонов хеле серсоҳа буда, тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҳуқуқии кишварро фаро мегирад. Ҳамчун назариётчии тавонои ҳуқуқи гражданӣ ӯро соли 1990 ба ҳайати Кумитаи назорати конститутсионии собиқ ИҶШС пазируфтанд. Устод узви гурӯҳи корӣ оид ба коркарди Кодекси граждании моделӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ интихоб шуда буданд. Ҳамчунин, профессор О. У. Усмонов роҳбари гурӯҳи кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коркарди лоиҳаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви комиссияи экспертии Маҷлиси Олӣ аз рӯи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ, узви шурои илмии ДДМТ, ҷонишини раиси шурои махсуси ҳимояи рисолаҳои номзадии назди ДДМТ, узви шурои илмию машваратии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Давлат ва ҳуқуқ», ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Ахбори АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Албатта, ин вазифаҳои ҷамъиятӣ ба уҳдаи як нафар баробари қудрати баланди илмӣ донишу маърифат, инчунин, эҳсоси масъулият назди миллат, халқу Ватан ва муҳаббати беандоза ба касбу ихтисосро тақозо мекунад, ки вуҷуди Очилбой Усмонович аз ин гуна хислатҳои волои маънавӣ саршор буд.
Хоксорӣ, дили софу бекина, ошкорбаёнӣ, сахтгирӣ дар ҷодаи илм, ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамкорону шогирдон аз фазилатҳои хоси шахсияти устод ба ҳисоб мерафт. Устод Очилбой Усмонов кӯшиш мекард, ки пеши амалҳои зиштро бигирад, некиро ривоҷ бахшад. Дар симои инсон аз ҳама пеш одамият, донишу маърифат ва ахлоқро медиду баҳо медод. Маҳз, ҳамин гуна покизагии хулқу атвор буд, ки зиндагии хонаводагияш низ барои дигарон намуна гашт.
Фаъолияти нимасраи илмиву омӯзгорӣ ва иҷтимоии Очилбой Усмонов бо 21 номгӯй мукофоти давлатӣ, ифтихорномаҳо, нишону медалҳо ва унвонҳои фахрӣ қадршиносӣ шудааст. Аз ҷумла, барои хизматҳои шоён дар инкишофи илми ҳуқуқ ва тайёр кардани мутахассисон О. У. Усмонов тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвонҳои ифтихории «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Меҳру номи устод дар ёду қалбҳои мо ҳамеша боқист.
Маҳкам МАҲМУДЗОДА,
академики АМИТ,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон