Ҳамоиши бошукӯҳ ва шуҳратафзо

№126 (4866) 23.10.2024

398356876_739003014910008_1809791882002877593_nБо ибрози хушнудиву нишот аз фазои сулҳу субот, неъмати волои истиқлолу шарафи бемисли ватандорӣ, ваҳдату ҳамдилии халқи мамлакат, аркони устувору равнақбахши давлатдории миллӣ шарти шукргузории мудом аст, ки Тоҷикис­тони азизу маҳбуб аз файзи оини хирадбунёду сулҳпарварӣ, сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо татбиқи тадриҷии меъёрҳои қонуни асосии давлат ва бахтномаи ормонии миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамакнун, аз қабули якдилонаву умумихалқии он 30 соли пуршарафу армуғонҳои соҳибдавлатӣ рақам мехӯрад, ба кишвари ободу зебо ва мизбони ҳамоишҳои бошукӯҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфта, ҳамчун пешбарандаи ташаббусҳои байналмилалӣ ва саҳмгузор дар ҳалли масоили глобалӣ мавриди таваҷҷуҳу эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Конфронси байналмилалии парламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси мақоми олии қонунбарори кишвар – Маҷлиси Олӣ 10-11 октябри соли ҷорӣ бо иштироки ҳайатҳои парлумонӣ аз 11 давлати дӯсту шарики Ватани азизу маҳбуби мо баргузор гардид, воқеан, ҳамоиши бошукӯҳ ва шуҳратафзои фаъолияти парлумони Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ҳамчун минбари муколамаи ҳуқуқӣ баҳри тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ, муаррифии дастовардҳои конс­титутсионӣ, рушди қонунгузории миллӣ хидмати басо муассир намуд.

Конфронс аз қисмати ифтитоҳӣ ва 4 бахш иборат буда, зимни суханрониҳо ва маърӯзаҳои иштирокдорон масоили мубраму ҳалталаби ҳуқуқӣ ва раванди қонунэҷодкунӣ, бо назардошти шароити кунунии бисёр мураккаб ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ниҳоят печидаи ҷаҳони муосир бар асари чолишҳои раванди ҷаҳонишавӣ, омилҳои иқлимию техногенӣ, зуҳуроти нохуши ифротгароӣ, афзоиши хатарҳои таҳдидкунанда ба сохтори конститутсионии кишварҳои мустақил баррасӣ ва дар натиҷа ғояҳову лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ ба бор омаданд.

Имрӯзҳо барои ҳар як фарди ­худогоҳу ватандӯсти ин диёри фарзонахез ва бархӯрдор аз маърифати ҳуқуқӣ боиси шарафи бузург ва ифтихори фаровон аст, ки миллати фарҳангиву соҳибтамаддуни мо 9 сентябри соли 1991 ба наҷибтарин дастоварди таърих, неъмати бебаҳову волои ҳаёт, рамзи асолату ҳувият, шарти бақои миллату пойдории давлат, заминаи устувору зарфияти томи татбиқи ормонҳои миллӣ – истиқлоли давлатӣ мушарраф гардид.

Аз арзёбии ҷараёни ташаккули давлатдории навини халқи тоҷик баръало собит аст, ки поярезии аркони ҳокимияти давлатӣ дар шароити ноороми ҷангӣ, шарафёбӣ ба оташбаси ҷанги шаҳрвандӣ ва ваҳдати комили миллӣ, амонбахшии истиқлоли давлатӣ аз таҳдидҳои дохиливу таъсироти хориҷӣ, эъмори дурбинонаи низоми ҳуқуқии ҷавобгӯ ба тақозову арзишҳои миллати озодаву фарҳангӣ, барқарорсозӣ ва тақвияти муназзами иқтисоди миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддуни меросӣ ва дигар унсурҳои муҳими давлатдории навину мустақили миллии мо ба иқдомҳои ҷасуронаву қотеъонаи фарзанди фарзонаву ҷонфидои миллат, баҳраманди домони пурмеҳру тақдирбахши Модари фозилаву қаҳрамон, меросбари фарҳанги дерин­бунёди давлатдории мутамаддин, Пешвои дардошнову маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқу ногусас­танӣ дорад.

Дар он шароити бисёр ҳассос ва нобоварии аксари давлатмардон ва нухбагони ҷомеа ба ояндаи дурахшони давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо хиради азалӣ ва фаросати бемисли сарварии хеш роҳи наҷотро дар сулҳу оштӣ ва ваҳдату ҳамдилии халқи кишвар, ташкили низоми дурусти идораи давлатӣ, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идоракунӣ, мақомоти босалоҳияти ҳифзи ҳуқуқ, таҳияи низоми судӣ, яъне бунёди як механизми мукаммали низоми идоракунии давлатӣ дарёфтанд, ки қодир бошад халқро аз парокандашавӣ ва ниҳоли навбари давлати тоза ба истиқлол расидаро аз боди хазон, аз хавфи нестшавӣ эмин нигаҳ дорад. Дар зимн, бо азме росиху мушкилнописанд, руҳияи умедворонаву масоилзудо, рисолате таърихиву қаҳрамоние бемисл даст ба кору эъмори аркони муназзаму устувор ва равнақбахши тадриҷии соҳаҳои давлатдории миллии мустақил шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ливои сулҳу осоиш ва роҳбарии Сарвари умедбахшу Пешвои наҷотбахши миллат роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро бо низоми идории президентӣ баргузида, дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишону Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ, пули миллӣ ва дигар рукнҳои давлатдории миллӣ гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки дар таҷрибаи конститутсионализми Тоҷикистон маротибаи нахуст тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ифодаи азму иродаи халқи тоҷик, ормонҳои таърихиву тақозои табиати озодманишии миллат буда, вижагии махсуси он дар санади миллӣ буданаш мунъакис аст.

Нақши боризу мондагори Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва қабули Конс­титутсия қобили зикри хос аст, зеро маҳз пас аз иҷлосияи таърихӣ масъалаи таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсия аз нав ба миён гузошта шуда, марбут ба ин муқаддасоти давлатӣ қарорҳои зарурӣ қабул карда шуданд.

Метавон гуфт, ки Конститутсияи амалкунанда натиҷаи татбиқи қарорҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олист, ки бо қабули он заминаи устувори ташаккули низоми қонунгузории миллӣ ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти шохаҳои ҳокимият фароҳам оварда шуд.

Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, тағйиру иловаҳои воридшуда мазмуну муҳтавои он, низоми қонунгузории кишварро такмил ва роҳи минбаъдаи давлатдории миллиро муқаррар сохтанд.

Дар натиҷаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз дар Иҷлосияи таърихӣ, роҳандозии ташаббусҳои созандаву сулҳҷӯёна бо сарварии Раиси ҷавону пурғайрати Шурои Олӣ ва баъдан (соли 1994) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Бо вусъати якдилонаву дастҷамъонаи корҳои ободониву созандагӣ симои шаҳру навоҳии кишвар ба таври ҳаяҷонбарангезу шинохтанашаванда дигар шуда, Душанбеи гулпераҳану нозанин чун ахтари пурҷилову чашмрабои осмони бекарон бисёр дилфиребу фараҳафзо гардидааст. Хоса, бо ифтитоҳи биноҳои наву хуштарҳу муосири Ҳукумати мамлакат ва парлумони кишвар ба ҳусни пойтахти кишвар шукӯҳу ҷалоли хоса зам гардида, дар замири ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти кишвар меҳру садоқат ба ин сарзамини биҳиштмаъво ва сиёсати хирадбунёду ояндасози Пешвои миллат рӯзафзун аст.

Баҳои баланд ва аҳсанхониҳои ҳайатҳои парлумонӣ, меҳмонони воломақоми кишварҳо зимни боздид аз толорҳои барҳавову бошукӯҳ, илҳомбахшу пурҷилои бинои нави парлумон, ки бо тарҳи муосир ва ҳамзамон, инъикоси унсурҳои санъати меъмории миллӣ бунёд ёфтааст, дар ҳошияи кори конфронс, фикр мекунем, барои ҳар як мақомдори тоҷик, ватандори худогоҳ боиси ифтихору виқор ва шукргузории амиқ аз давлати соҳиб­истиқлолу имконоти татбиқи маромҳои миллӣ буд.

Ҳамин тавр, аз баракати ҳамдиливу сулҳу субот ва татбиқи бомароми сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати мамлакат аксари аҳдофу вазифаҳои ҳуқуқии аз ибтидо таъиншуда, монанди таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳаёти осудаҳолонаву шароити зиндагии арзандаи халқ ва ташкили фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар фарози диёри хушманзару сарзамини таърихии мо ҷомаи амал пӯшиданд. Чунончи, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Мусаллам аст, ки интихоботи озод, волоияти қонун ва парлумони касбӣ аз муҳимтарин рукнҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, рушду нумӯи ҳар кишвари соҳибистиқол маҳз бо мусоидати мақоми намояндагӣ ва қонунбарор, яъне парламент таъмин мегардад. Ин рукни давлатдории мо аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тайи шаш даъвати худ бо ифодаи дурусти иродаи халқ дар идоракунии давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, эъмор ва тавсеаи тадриҷии шоҳроҳи ҳуқуқии давлати демократӣ нақши меҳварии худро масъулиятшиносона  иҷро карда истодааст.

Мутобиқи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замони муосир ҳамкории байнипарламентӣ чун самти муҳими ҳамкориҳои байнидавлативу байналмилалӣ, институти муассири намояндагии демократӣ ва амалисозии дипломатияи парламентӣ дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонию минтақавӣ нақши муҳим дорад.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ ­миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва парламентҳои кишварҳои дуру наздик, дар доираи фаъолият дар ассамблеяҳо ва иттиҳодҳои байнипарламентӣ, равобити неку пурсамар ташаккул ёфта, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бобати баҳрамандӣ аз таҷрибаи қонунэҷодкунии ҳамдигар, таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ, кӯшишҳо ҷиҳати танзими муносибатҳои нави ҳуқуқию ҷамъиятӣ, таъмини муқаррароти конс­титутсионӣ манфиатдоранд. Чунончи, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар қисмати ифтитоҳии конфронси пуршукӯҳи парламентӣ зикр намуданд, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ­субъекти қонунбарор ва дорои рисолати пур­масъули такмили қонунгузории миллӣ, таъмини идоракунии давлатӣ, намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттиҳодҳои ҳуқуқии ҷаҳон ба таҳкими пайвастаи равобити байнипарламентӣ бо кишварҳои дуру наздик таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Воқеан, нақши муносибатҳои байнипарламентӣ бо кишварҳои дуру наздик, дӯсту шарик дар роҳандозии фаъолияти муназзаму фарогири парлумони Тоҷикистон ва тақвияти пайвастаи низоми қонунгузории миллии мо боризу муассир буда, тавассути масъалагузориҳо дар конфронсу ҳамоишҳо, ҷаласаҳои кории гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ, созишномаҳои тасвибшудаву нақшаҳои муштарак ба амал бароварда мешаванд.

Қобили қайд медонем, ки парламентаризми Тоҷикистон дар партави сиёсати ҳуқуқии давлат таҳти раёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум, инҷониб ба зинаи нави ташаккул – давраи парлумони касбӣ ворид гашта, дар доираи 5 даъват ва фаъолияти густардаи қонунэҷодкунӣ, ҳамкориҳои борвари байнипарламентӣ баҳри таҳким ва рушди Тоҷикистони демок­ратӣ ва иҷтимоӣ мусоидати комил намуда истодааст.

Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки парлумони кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, дар баробари иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад, зеро яке аз омилҳои муҳими ҳимояи истиқлолияти кишвари тоза­истиқлол ташаккули ғояи давлати миллӣ ва ҳуқуқи миллист. Таҳияи ҳуқуқи миллӣ бо қабули қонунҳои миллӣ яке аз дастовардҳои нодири Сарвари давлати тоҷикон ва парлумони касбии кишвар аст, ки ба низоми ҳуқуқии мо руҳи тоза бахшидаст.

Таҳия, баррасии умумихалқӣ, қабулу ислоҳоти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» марҳилаи тозаву шуҳратбахше дар фаъолияти қонунэҷодкунии парлумони касбии кишвар маҳсуб меёбад.

Тавассути қонунҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии кишвар ислоҳоти бузурги таърихӣ амалӣ карда шуд, ки дар пасманзари он афзунсозии сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини шароити зиндагии арзанда, солимии ҷисму афкори наслҳои миллат, парвариши фарзандони донишвару ихтироъкор, меросбарони шоистаи фарҳангу тамаддуни оламгир ва таҳкими пояҳои давлатдории мустақили миллӣ мадди назар аст.

Лозим ба тазаккур аст, ки лоиҳаи қонуни миллии мо «Дар бораи ­масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ба баррасии васеи аҳолӣ гузошта шуд ва ҳанӯз соли 2011 дар кишвари мо қабул ва мавриди амал қарор гирифта, бо такмили тадриҷӣ самараи бисёр неку мавриди интизор ба бор овард, дар доираи фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои ИДМ ҳамчун лоиҳаи қонуни намунавӣ ба «Нақшаи дурнамои қонунгузории намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025» ворид карда шуда, қарор аст дар кишварҳои узви ин ассамблея қонунҳои ҳамсон қабул ва мавриди амал қарор дода шаванд.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ истиқлоли давлатӣ ва дигар дастовардҳои миллиро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровард ва дар самти сохтани як давлати амну босубот, демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ташкили мақомоти олӣ ва маҳаллии давлатӣ, пеш гирифтани роҳи эъмори ҷомеаи адолатпарвар, равобити хуби байналмилалӣ ва муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаҳои мухталиф хидмат намуд.

Бо баҳрамандӣ аз таъсири руҳафзову илҳомбахш, фазои идонаву мутантани Конфронси байналмилалии парлумонӣ ва муколамаву гуфтушунидҳои судманду равнақбахши равобити байнипарламентӣ кулли мардуми шарафманди диёри озодапарвар, хушманзару маъвои биҳиштиро ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули санади олии ҳуқуқии Ватани азизу маҳбуб – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯем.

Аминем, меъёрҳои конститутсионӣ ҷиҳати амалисозии ҳадафи асосиву меҳварии он – таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди мамлакат бомаром татбиқ гардида, ин муқаддасоти сарнавиштсози давлатӣ чун бахтномаи ормонӣ ва ояндаафрӯзи миллат барои садсолаҳо равшангари масири рушди давлатдории мустақили миллӣ ва мардуми сарафрози мо боқӣ хоҳад монд.

РАҲМОН Дилшод Сафарбек,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,

раиси Кумитаи ММ МО ҶТ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният,

ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ