19-уми октябри соли равон дар мактаби президентии шаҳри Бӯстон маросими қадршиносии ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар даври вилоятии озмун аз рӯи 7 номинатсия 126 нафар хонанда ва омӯзгору намояндагони касбу кори гуногун ғолиб омаданд.
Мукофотро ба ғолибон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода супурда, зимни суханронӣ иброз дошт, ки озмун ҳар сол бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ ба техникаву технология, тавсеаи навоварӣ ва ихтироъкорӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт баргузор карда мешавад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки озмун шавқу завқи муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгарон, муҳаққиқону ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор сохта, барои ихтироъкорию навоварӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва қадршиносии ғолибон аз буҷети маҳаллӣ 708 250 сомонӣ ҷудо гардидааст.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»