НАҚШАИ АНДОЗ ИҶРО ШУД

№ 23.10.2024

Дар нуҳ моҳи соли 2024 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 101,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 35 миллиону 756 ҳазор сомонӣ ворид шуд.

Тавре сардори нозироти андози ноҳия Рам Ҳукматов изҳор дошт, то якуми октябри соли 2024 бақияпулиҳои андоз дар ноҳия беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Яке аз сабабҳои зиёдшавии қарзи андоз нисбати аввали сол аз рӯйхати қарздорони мушкилситон баровардани 4 субъекти хоҷагидор арзёбӣ гардид, ки қарзи онҳо, дар маҷмӯъ, 1 миллиону 213 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

- Бо вуҷуди ин, аз тарафи кормандони нозироти андози ноҳия ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии зиёдшавии он чораҳо андешида шуда, дар нуҳ моҳ 301,1 ҳазор сомонӣ қарзи андоз нисбати аввали сол кам гардида, нисбати 236 андозсупорандаи қарздор қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи 3494,5 ҳазор сомонӣ қабул гардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷети давлат 1 миллиону 792 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, — гуфт Р. Ҳукматов.

Ҳамчунин, мавсуф афзуд, ки дарёфти манъбаҳои нави андозбандӣ яке аз вазифаҳои асосии кормандони нозироти андози ноҳия ба шумор рафта, дар нуҳ моҳи соли равон 279 субъекти хоҷагидор бо патент ҳамчун андозсупоранда дар нозироти андози ноҳия ба қайд гирифта шуданд.

 Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»