Сафари ҳайати Парламентии Тоҷикистон ба Чин

№127 (4867) 25.10.2024

parlament24-уми октябри соли 2024 ҷиҳати иштирок дар Анҷумани парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуд.

Ба ҳайат узви Маҷлиси миллӣ Дилшод Раҳмон, вакилони Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода, Саодатшо Матробиён, Ғиёсиддин Шарифзода ва корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Каримҷон Содиқов шомиланд.

Мувофиқи барнома иштирокдорони анҷуман муддати як ҳафта дар кори анҷуман иштирок намуда, ҳамчунин, аз намоишгоҳи таърихи Ҳизби коммунисти Чин, Девори бузурги Бадалинг, осорхонаи Деянг ва Гуанган Сансиндуин, бозори байналмилалии Шинҷон, Боғи қадима ва Парки саноатии электрикӣ, намоишгоҳи таҷҳизоти калони Шинҷон, шаҳрҳои Ченгду ва Урумчӣ дидан менамоянд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ