Муҳтарам Маулен Сагатханулӣ,
Шумо ва ҳамаи вакилони Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо Рӯзи Ҷумҳурӣ табрик мегӯям!
Қазоқистони муосир дар масири рушди муназзами худ устуворона қадам зада, дорои мақоми шоиста дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши бориз дорад.
Мо аз сатҳи баланди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла дар самти байнипарламентӣ, ки пайваста инкишоф меёбанд, қаноатмандем.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо барои иштироки фаъолонаатон дар Конференсияи байналмилалии байнипарламнетии «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мундариҷаи ин чорабинии арзишмандро боз ҳам ғанӣ гардонид, изҳори сипоси самимӣ менамоям.
Ба Шумо, муҳтарам Маулен Сагатханулӣ, саломатии қавӣ, хушбахтӣ, дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари Қазоқистон некуаҳволӣ ва рушди минбаъдаро таманно дорам.
Бо эҳтиром, Рустами Эмомалӣ