Иқдоми наҷиби Ҳоҷӣ Насриддин
Марди саховатпеша, сокини деҳаи Чангоби деҳоти «Хонақоҳи Куҳӣ» Ҳоҷӣ Насриддин ҳамроҳи писаронаш Ҳамза ва Сиявуш ба иқдоми наҷибе даст заданд. Дар болои дарёи Хонақоҳ ба ҷойи кӯпруки вайронаю ларзонак пули мустаҳками одамгузар бунёд намуданд, ки дарозии он 40 метрро ташкил медиҳад. Аҳолии деҳаҳои он тарафи соҳили дарё ва аксарияти хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии № 49 маҳз тавассути ҳамин пул рафтуомад менамоянд.
Аз бунёди пули нави одамгузар волидайни хонандагон ва сокинони деҳаҳои ҳар ду соҳили дарё хурсанд гардида, ба марди саховатманд Ҳоҷӣ Насриддин, изҳори сипос менамоянд.
Ҳабибулло Муҳиддинов, сокини деҳаи Чангоби ноҳияи Ҳисор
Сипоси собиқадор
ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов
Ба Шумо бо камоли эҳтиром миннатдории худро изҳор менамоям.
Яке аз самтҳои сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирию расонидани кумакҳои моддӣ ба шахсони эҳтиёҷманду бепарастор мебошад.
Мутаассифона, то ҳол шахсоне ҳастанд, ки ободиву пешравиҳои мамлакатро нодида мегиранду бо сӯиистифода аз вазифаи хеш кӯшиш менамоянд ҳар чӣ бештар сарват ҷамъ намоянду баъди аз вазифа рафтан осудаҳолона зиндагӣ кунанд.
Ман пири рӯзгордидаи 80-сола ба шумо оид ба бетарафӣ, беаҳамиятӣ, бепарвоӣ нисбати муроҷиат ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намуда будам.
Бо дастгирии шумо баъди муроҷиати ман раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ба мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр Нуриддин Рустамов супориш дод, ки аз манзили зистам дидан намоянд. Онҳо баъди аз камбудиҳои ҷойдоштаи манзили зистам огоҳӣ ёфтан дар муддати як ҳафта хатти обтаъминкуниеро, ки бе огаҳӣ моҳи марти соли 2014 аз ҷониби шахсони ғаразнок бурида шуда буд, аз нав васл карданд. Илова бар ин, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳайати комиссия ба ман ваъда доданд, ки минбаъд дар рӯзҳои ҷашну идҳои миллӣ ба рӯйхати кумакгирандагон дохил хоҳанд кард.
Маҳз бо дастгирии шумо ва дахолати раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир буд, ки ин мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро ёфт. Арзи сипоси моро бипазиред.
Бо сипосу эҳтиром Олим Хоҷаеви 80-сола, собиқадори маориф, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд
Дастатон дардро набинад, табибони ҳозиқ!
Вақте ин сатрҳоро менавиштам, нахуст дар зеҳнам гуфтаҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меомад, ки зимни Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кумакҳои суроғавии иҷтимоӣ чораҳои муассир андешида мешаванд…
… Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат фаъолияти худро дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ ба роҳ монда, доир ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ба хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ мунтазам чораҷӯйӣ намояд».
Воқеан, ғамхориҳои Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳаққи табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мо баръало ҳис мекунем. Ман, ки собиқадори мақомоти корҳои дохилии кишвар ҳастам, барои барқарор кардани саломатиам чанд сол аст, ки аз ноҳияи Файзобод ба шаҳри бостонии Хуҷанд рафта, дар Муассисаи давлатии тандурустии «Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ» истироҳат мекунам. Шароити истироҳату табобат дар ин муассиса мувофиқи табъ аст. Тозагӣ, муомилаю муносибати ғамхоронаи кормандони он ба кас рӯҳу неруи тоза мебахшад. Сарварии ин муассисаи табобатию солимгардонӣ ба дӯши Исломов Соҳиб Насруллоевич вогузор шудааст. Вай 11 сол боз сардухтур аст. Таҳти роҳбарии ин шахси кордон сатҳи хизматрасонӣ дар муассиса рӯз то рӯз беҳтар гардида истодааст. Мусинҷон Ҷабборов низ ба ҳайси мудири шуъба ва духтури асабшинос дар пешбурди фаъолияти ин муассисаи табобатӣ саҳми арзанда дорад. Зимни суҳбат бо ӯ маълум гардид, ки танҳо давом шаш моҳи соли ҷорӣ ин муассиса 919 нафар мизоҷонро қабул кардааст. Баъди анҷоми фароғату табобати имсола ният кардам, ки тавассути рӯзномаи бонуфузи «Садои мардум» арзи сипоси худро ба кормандони муассисаи мазкур баён кунам. Чанд нафари дигар хоҳиш карданд, ки аз номи онҳо низ ин корро анҷом диҳам. Аз ҷумла собиқадорони меҳнат Раҷабалӣ Сафаров аз ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷумъабой Беков ва Маҳбуба Бекова аз шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки мо аз пазироӣ ва муносибату табобати роҳбарону кормандони Муассисаи давлатии тандурустии «Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-и шаҳри Хуҷанд розию қаноатмандем. Дастатон дардро набинад, табибони ҳозиқ!
Муҳаммадулло БЕКОВ, ноҳияи Файзобод
Фароҳамсози гӯша -Муҳаммад ЗОКИР