Вохӯрии вакилони Тоҷикистону Дания

№129 (4869) 30.10.2024

128-уми октябри соли 2024 ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати вакилони даниягии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқот намуданд.

Тарафҳо роҷеъ ба таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти қонунгузори ҳар ду кишвар табодули афкор намуда, зарурати фаъол намудани робитаи гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъкид карданд.

Дар мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА бо таваҷҷуҳ ба се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳити зист ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо дар мулоқот, ҳамзамон, масъалаҳои муҳими қонунгузориро, ки ба амнияти обу энергетика ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, баррасӣ намуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ