Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Файзуллозода дар ҳайати гурӯҳи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 27 октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
- Ба хулосае омадем, ки интихоботи вакилони палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ӯзбекистон комилан мутобиқ ба талаботи Конститутсия ва Кодекси интихоботи Ӯзбекистон баргузор шуда, ошкоро, рақобатпазир, одилона ва ба принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи интихоботи демократӣ мувофиқ аст. Ба гурӯҳи ассамблея вакилон ва сенаторҳои кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон, инчунин, коршиносони Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мониторинги рушди демократияи АБ ИДМ шомил буданд, — гуфт Зафар Файзуллозода.