Аз 22 то 27 октябри соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуда, роҷеъ ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд. Дар ин вохӯрию мулоқотҳо дархосту хоҳишҳои интихобкунандагон аз ҷониби вакилони мардумӣ пазируфта шуда, минбаъд зимни таҳия ва қабули қонунҳо ба назар гирифта мешаванд.
Аз ҷумла, зимни мулоқоти Маҳмадалӣ Ватанзода, Ҳуснигул Одиназода ва Муҳаммад Шодиён бо сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҳмадалӣ Ватанзода саҳми Роҳбари давлатро дар қабули Конститутсия хеле бориз арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тавонист дар як муддати кӯтоҳ аз як давлати ноором ба як давлати мутараққӣ табдил ёбад. Маҳз қабули Конститутсияи нав барои ҷорӣ намудани тартибот ва ба низомдарории ҳокимияти қонунӣ нақши муассир гузошт.
Ӯ афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вижагиҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи манфиатҳои миллат мебошад, зеро дар он ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик инъикос ёфтааст.
Дар идомаи вохӯрӣ Ҳуснигул Одиназода Паёми Президенти мамлакатро шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муайян гардидаанд.
Муҳаммад Шодиён вобаста ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», моҳияти тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ намуд.
Ҳангоми мулоқот муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо сокинони шаҳри Хуҷанд Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал арзёбӣ карда, роҷеъ ба муҳтавои он фикру мулоҳизаҳояшро баён дошт.
Дар идомаи суханронӣ аз дигар дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар самти ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин, таъмини волоияти қонун, дастрасӣ ба адолати судӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо, таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ёдовар шуд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҷиҳати таҷлили сазовори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» тибқи дастури Пешвои миллат сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро барои иҷрои вазифаҳои хеш сафарбар намоянд. Конститутсияи Тоҷикистон, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини замони соҳибистиқлолист, таъкид шуд дар мулоқот.
Вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон ҳозиринро ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсия самимона шодбош гуфт.
Дар идомаи суханронӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон ва бедор сохтани ҳисси масъулиятшиносию хештаншиносӣ дар замири онҳо, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, риояи ҳатмии одоби шаҳрнишинӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар шуд.
Зимни вохӯрӣ ва мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва Сумангул Тағойзода бо интихобкунандагон — сокинони ноҳияи Рӯдакӣ оид ба иҷрои саривақтию босифати дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, вусъати созандагию бунёдкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқи онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳсозии шароити зисти аҳолӣ суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати Ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфтанд.
Дар вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода бо сокинони шаҳри Ҳисор ба мавзуъҳои ҳифзи меҳнат, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон, рушди инфрасохтори шаҳр, дастгирии оилаҳои камбизоат ва нафақахӯрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
С. Дӯстмуродзода зикр намуд, ки халқи мо дар ҳар давру замон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром гузошта, дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишмандтарин санади ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 30-солагии қабули онро ҷашн мегирем, аз ҷониби халқ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дошта, сарчашмаи асосии тамоми соҳаҳои қонунгузорӣ мебошад.
Номбурда, ҳамчунин, дар бораи вазъи сиёсии ҷаҳон, бештар шудани хатарҳои терроризму экстремизм, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани падидаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, эҳтироми он, баланд бардоштани мақоми қонун, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо суҳбат намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Масчоҳ роҷеъ ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Вакили мардумӣ, ҳамчунин, иброз намуд, ки дар ин раванд ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиду зарурӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад.
Зимни вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода, Файзулло Баротзода ва Файзалӣ Идизода бо сокинони шаҳри Турсунзода намояндагони мардумӣ оид ба имкониятҳои васеъ, ки Конститутсияи кишвар ба ҳар як шаҳрванд муҳайё менамояд, суҳбат намуданд.
Аз ҷумла, дар хусуси ҳуқуқу озодиҳои муқарраршуда, ки ба ҳар як инсон зиндагии шоиста, озодии сухан, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва дигар ҳуқуқҳои бунёдиро фароҳам меоварад, ибрози андеша гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода, Фазлиддин Икромӣ ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Мурғоб Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва қарору қонунҳои нав қабулнамудаи ин мақоми олии қонунбарорро шарҳу тавзеҳ доданд.
Зимни мулоқот бо интихобкунандагон таъкид гардид, ки баъди ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон ба ободию музаффарияти зиёд даст ёфт ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб боло рафт.
Фазлиддин Икромӣ дар робита ба таҷлили сазовори сиюмин солгарди бахтномаи миллат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки он яке аз дастоварди воқеии миллат ба ҳисоб рафта, пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаётиро фароҳам овардааст.
- «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем»,- омадааст дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди баору номуси кишварро лозим аст, то муҳимияти ҳар боб ва моддаҳои Конститутсияро дарк карда, пайваста маърифати ҳуқуқии хешро тақвият диҳад, — иброз намуд Даринг Раҳмон.
Дар рафти мулоқот, инчунин, оид ба захираи дусолаи маводи ғизоӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, ташкили фермаҳои чорводорӣ, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва дигар масоили мубрам маслиҳату пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Мавриди зикр аст, ки чунин суҳбату мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон — сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ доир гардида, сокинон ба Пешвои миллат барои дастгириҳои пайваста миннатдорӣ карданд ва дархостҳои судманди хешро дар ҳузури вакилон баён намуданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ,
Сулаймон СУЛТОНОВ,
Сайидо НАЗАРОВ,
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»