Шаҳринав. Корхонаи паррандапарварӣ бунёд мешавад

№ 30.10.2024

птф4Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Агрофирма» дар деҳоти ба номи Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав корхонаи хурди парандапарварӣ бунёд гардида истодааст.

Майдони умумии корхона аз 4 га замин иборат буда, барои парвариши 200 ҳазор сар мурғи гӯштдеҳ пешбинӣ гардидааст. Бунёди корхонаи мазкур охири соли 2022 оғоз гардида,  марҳилаи якуми он барои парвариши 50 ҳазор сар мурғ амалӣ гардида буд.

Корхона аз 3 сех иборат буда, дар он техникаю технологияи замонавӣ барои парвариши мурғ насб гардидааст, ки дар ҳар як сехи он 50 ҳазор  сар мурғ парвариш карда мешавад.

Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи мазкур ба соҳибкори ватанӣ Абдуқаҳҳор Шодиев барои иқдоми созандааш дар партави дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди коргоҳи парандапарварӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»