Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Португалия

№137 (3283) 20.11.2014

DSC_15741

18 ноябри соли 2014  Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Португалия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Марио Годино де-Матуш мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Португалия  баррасӣ гардид.

Шукурҷон Зуҳуров нахуст ба дипломати португалӣ дар бораи фаъолият ва таърихи таъсиси парлумони касбии мамлакат маълумот дода, ташкили парлумони дупалатагиро аз дастовардҳои муҳими сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ кард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчунин изҳор дошт, ки парлумони касбии мамлакати мо тайи солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст.

- Мо, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — омодаем бо парлумони Португалия гурӯҳҳои дӯстиро таъсис диҳем. Дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ байни Тоҷикистону Португалия  низ барои истифода аз таҷрибаи касбкардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд.

Шукурҷон Зуҳуров  ҳамчунин афзуд, ки барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда на танҳо аз мақомоти давлатӣ, балки аз интихобкунандагон низ дархосту пешниҳодҳо ирсол мегарданд, ки бештари онҳо бо мақсади таҳриру такмили қонунҳо қабул карда мешаванд. Дар панҷ соли фаъолият савияву малакаи қонунофарии вакилон бештар сайқал ёфта, таҷрибаи намояндагии онҳо боз ҳам афзун гардид.

Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суҳбат таъкид кард, ки сафарҳои ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии ЕврОсиё, Парлумони Аврупо  ва дигар кишвару созмонҳои байналмилалӣ барои ғанӣ гардидани таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои гуногуни ин кишвару созмонҳо мусоидат намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаноби Марио Годино де-Матуш низ тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро омили асосии фароҳам омадани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими равобити байниҳамдигарӣ дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ кард.

Дар мулоқот роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар карда шуд.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ