Дар шаҳри Ашхободи Туркманистон ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноату сохтмон, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, саноати тиббӣ, авиатсияи гражданӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҷавонон ва варзиш, инчунин, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои тарафайнро баррасӣ намуданд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»