Ванҷ. Ифтитоҳи иншооти нави бахши молия ва маорифу тандурустӣ

№ 01.11.2024

463036311_538369Дар ноҳияи Ванҷ бинои боҳашамати раёсати молия ва ҳафт иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бинои раёсати молияи ноҳия сеошёна буда, бунёди он соли 2022 бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар он тамоми шароити корӣ барои фаъолияти пурсамари кормандони соҳа фароҳам оварда шудааст.

462804321_538369Иншоот дар масоҳати 900 метри мураббаъ бунёд шуда, масоҳати зери сохтмони он 216 метрро дар бар мегирад. Атрофи бино бо гулу буттаҳои гуногун оро дода шуда, иншоот бо системаи махсуси гармидиҳӣ таъмин аст.

Инчунин, дар деҳаи Дуршеди деҳоти Рованди ноҳия бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати насли ояндасози Ватан аст.

463125260_Ҳамчунин, дар ин рӯз дар деҳаи Ширговади деҳоти «Рованд» бунгоҳи муосири тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дорои шароити мусоид буда, дастрасии сокинони деҳаро  ба кӯмаки аввалияи тиббӣ ва ташхис  осон мегардонад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»