Дарвоз ободу зеботар мегардад

№130 (4870) 01.11.2024

defaultДар ноҳияи Дарвоз созандагию бунёдкорӣ бомаром идома ёфта, бунёди меҳмонхонаи чор­ошёнаи «Дарвоз-Континентал», майдони «Ромишгарон», гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат, бинои комиҷроияи Ҳизби халқии демок­ратии Тоҷикистон, ҶДММ «Рател-Паста» ва сохтмони даҳҳо муассисаи таълимию тиббӣ ва фарҳангию маишӣ далели гуфтаҳои болоанд.

Феълан дар деҳаи Зеви деҳоти Қалъаихумб дар масоҳати 2,16 га барои сохтмони ҳавзи парвариши моҳӣ замин ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бомаром идома дорад.

Дар деҳоти Сағирдашт бинои дуошёнаи таваллудхона бо харҷи 1,3 миллион сомонӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо сарфи 2,6 млн. сомонӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии деҳаҳои Сафедорон ва Лангар ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ, мағозаи тиҷоратӣ дар маркази деҳот ба маб­лағи 80 ҳазор сомонӣ бо саҳми шарикони рушд, соҳибкорон ва буҷети давлатӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Умуман, дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи соҳиб­истиқлолии мамлакат вусъат ёфта, роҳбарият ва сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз ин неъмати ноёб баҳри ободии ин минтақаи дурдасти кишвар ҳамарӯза заҳмат мекашанд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»