Маросими ифтитоҳи он 22 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» доир гашт. Дар намоиш ноширону адибон аз Россия, Чин, Эрон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон бо беҳтарин китобҳои интишорнамудаи хеш ширкат доштанд.
Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, дар ифтитоҳи чорабинӣ гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бо назардошти муҳимияти бузурги китоб дар рушди фарҳанг ва тафаккури ҷомеа бо ташаббус ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ шудааст, ки он дар раванди китобхонии насли наврас, таъмини китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо бо адабиёти тозанашр такони ҷиддӣ бахшид. Намоиши байналмилалии «Китоби Душанбе» низ аз чорабиниҳои судманд дар ин самт мебошад.
Номбурда аз иқдоми дигари созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нашр ва ба ҳар оилаи мамлакат ройгон дастрас кардани «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ёдовар шуд.
Иттилоъ доданд, ки дар намоиш 40 ношир беш аз 5000 китоби тозанашрро дар риштаҳои адабиёти бадеӣ, кӯдакон, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоиёт ба алоқамандони китоб пешниҳод намудаанд.
Намоиши байналмилалии «Китоби Душанбе» то 24-уми октябр идома ёфт.
Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»