Аз ҷониби мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 30 сол қабл Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки аз конститутсияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 куллан фарқ дошта, ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида меъёрҳои ин санади ҳуқуқиро такмил дода, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, таъмини амнияти давлат, тақвияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва амалишавии дигар тадбирҳои созанда барои таҳкими ҷомеаи навини мамлакат имконияти мусоид фароҳам оварданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ҳамчун роҳнамо ба сӯи зиндагии шоиста нақши бузург дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма мегирад ва тибқи моддаи 1 Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Давлат тамоми гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон, ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат, пирону барҷомондагон, беморону маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки дар асоси ин санади тақдирсоз сатҳу сифати зиндагии халқ боз ҳам беҳтар ва Тоҷикистони азиз ободтару зеботар гардад. Бо ин мазмун Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд: «Конститутсия ба сифати Қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Ба ин тартиб, дар 30 соли амали Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат рушд карданд, ки ин, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ба шарофати Конститутсия, дар маҷмӯъ, рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, имрӯз татбиқи амалии чор ҳадафи стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар вусъату суръати тоза касб кардааст.
Ф. САФАРЗОДА,
мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсуси Дастгоҳи МНМО ҶТ