Бунёди давлати навин, дарвоқеъ, талошу заҳмати зиёд тақозо мекунад ва барои амалӣ сохтани раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ зарур аст. Бо назардошти ин, ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини фаъолияти муътадили ҳокимияти қонунгузор тамоми шароити мусоид фароҳам шуд.
Зеро танҳо бо роҳи танзими қонунии равандҳои мухталифи ҳаёт ва муносибатҳои ташаккулёбандаи ҷомеа, ки дар давраи гузариш қарор дошт ва мардуми кишвар ба марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои нахустин мегузоштанд, ноил шудан ба пешравиҳо, амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконпазир буд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Рӯзи Истиқлолият на танҳо ҷашни бузурги сиёсии давлати тоҷикон, балки нишонаи барҷастаи садоқату шукрона ба ватани аҷдодӣ ва ҷашни заҳмати созанда ба хотири рушди кишвари азизамон ба шумор меравад».
Калимаи «истиқлолият» бо маҳфуми «соҳибихтиёрӣ» низ ифода мешавад. Соҳибихтиёрӣ ин истиқлолияти давлат дар корҳои беруна ва ҳокимият дар корҳои дохилӣ аст. Маҳфуми соҳибихтиёрӣ ифодакунандаи хусусияти умумии ҳар як давлат ва сифати ҳуқуқии ҷудонашавандаи давлати мустақил мебошад, ки ифодакунандаи нишонаи мустақилияти сиёсиву ҳуқуқӣ, масъулияти олӣ ва арзиши он ҳамчун субъекти алоҳидаи ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Эҳтироми соҳибихтиёрии давлат принсипи асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносибати байналмилалии муосир буда, дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дар дигар санадҳои байналмилалӣ дарҷ гардидааст.
Дар баробари соҳибихтиёрии давлат мафҳуми соҳибихтиёрии миллӣ ташаккул ёфтааст, ки ҳамчун ҳуқуқи ҳар як миллат ба худмуайянкунӣ маънидод мегардад. Мазмуни соҳибихтиёрии миллиро ҳокимияти пурраи миллат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони он дар яке шаклҳои идоракунии давлат ташкил медиҳад. Соҳибихтиёрии миллӣ ба воситаи иқтисодиёти сиёсии ҷомеа таъмин мегардад. Аз рӯи моҳият соҳибихтиёрии миллӣ принсипи демократӣ аст, ки амалинамоии он ба дарки манфиатҳои худи миллат ҷиҳати вуҷуд доштан ва инкишоф ёфтан вобаста аст. Принсипи соҳибихтиёрии миллӣ мутлақияти миллатро ифода намуда, ба соҳибихтиёрии давлат сифати нав мебахшад. Ҳуқуқ ба соҳибихтиёрии давлат дар марҳилаи муайяни таърихӣ ҳуқуқи миллат мегардад, ки аз ҷониби миллат дар шакли ташкили давлати нав ва ё ворид гардидан ба ҳайати иттиҳоди давлатҳои бузург амалӣ мешавад.
Мафҳуми истиқлолият нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз садсолаҳо, дар солҳои 90-уми асри гузашта, ба миллати тоҷик дубора насиб гардид. Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ қабул шудани санадҳо «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳодати он буд, ки ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баъд аз Эъломияи соҳибистиқлолӣ аз 24-уми августи соли 1990 ва Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991 ба марҳилаи нав ворид гардид.
Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ 12-уми декабри соли 1992 дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷа ҳаллу фасли масъалаҳои зеринро ба миён гузошта буданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав, давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст».
Истиқлолият ба ҷумҳурии азизамон осон ба даст наомадааст. Махсусан, дар роҳи қонуният ва барқарор кардани шохаҳои ҳокимият, аз ҷумла ҳокимияти қонунгузор. Дар даврони соҳибистиқлолӣ қонунгузории мамлакат се давраи асосиро тай намудааст:
1. Давраи аввали ташаккул ва рушди қонунгузории давлати соҳибистиқлол — аз соли 1991 то соли 1994. Хусусияти тараққиёти қонунгузории кишвар дар ин марҳила аз он иборат буд, ки асосҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои навини иқтисодию сиёсии бамиёномада ба танзим дароварда мешуд, ҳамон Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистони соли 1978 бо тағйиру иловаҳои минбаъда ва қонунҳои амалкунандаи замони шуравӣ буд, ки наметавонист ба таври бояду шояд барои рушди муносибатҳои бавуҷудомада мусоидат намояд. Ҳамзамон, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 1991 Созишномаи ташкил намудани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ)-ро, ки 8 декабри соли 1991 дар шаҳри Минск ба имзо расида буд, тасдиқ намуд ва дар қисми 2 ҳамин қарор қайд гардид, ки «минбаъд то қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ қонунҳои марбутаи собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ татбиқ мешавад, агар онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари ҷумҳурӣ мухолифат надошта бошанд».
2. Давраи дуюм — давраи гузоштани заминаи нави қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 то гузаронидани интихобот ва ба кор оғоз кардани парламенти касбии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Давраи мазкурро марҳилаи гузоштани заминаи нави қонунгузории кишвар гуфтан ҷоиз мебошад. Конститутсия заминаи иқтисоди бозорӣ, аз ҷумла шаклҳои гуногуни моликиятро ба сифати асоси иқтисодиёти кишвар эътироф кард. Фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, бахусус моликияти хусусиро кафолат дод. Қобили зикр аст, ки солҳои 1995-2000-ум дар заминаи Конститутсияи нав даъвати якуми парламенти Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият дошт, ки бо қабули 79 қонуни мукаммал, 5 қонуни конститутсионӣ ва 9 кодекс таҳкурсии меъёрии низоми ҳуқуқии кишварро ба вуҷуд овард.
3. Давраи сеюм — давраи такмили минбаъдаи қонунгузории кишвар аз соли 2000 то ба имрӯз аст. Дар ин давра қабули қонунҳои зиёди моддию мурофиавии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ босуръат идома ёфта, ҳамзамон, тағйиру иловаҳои зиёд ба қонунгузории амалкунанда ворид шуд, кодексҳои андоз, меҳнат, замин ва дигар қонунҳои соҳавӣ бомаром таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Дар ин давра, инчунин, ҷараёни аз эътибор соқит донистан ва аз нав дида баромадани қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар давраҳои якуму дуюм қабулшуда босуръат идома ёфт.
Аз соли 2000-ум парламентаризми Тоҷикистон ба зинаи нав – ба давраи парлумони касбӣ гузашта, дар баробари намояндагӣ аз халқ, ифодаи иродаи мардум ва дифоъ аз манфиатҳои имрӯзу фардои шаҳрвандон бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар роҳи ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, тарғиби демократия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаклгирии давлати демократию дунявии тоҷик нақши бузургу тақдирсоз дорад. Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки мақоми олии қонунгузори кишвар тӯли беш аз сию се соли Истиқлоли давлатӣ дар баробари иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист маҷмӯи асосҳои ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад. Қобили зикр аст, ки дар сию се соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи амалишавии мақсаду мароми ҷомеаи навин, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона вакилони даъватҳои якум то шашум тавонистанд қадамҳои устувор гузошта, сиёсати давлатро барои боз ҳам васеътар ворид намудани меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда ба низоми қонунгузории миллӣ равона намуда, зиёда аз 700 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул намоянд.
Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофу пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст. Муайян намудани зарурати таҳияи лоиҳаи қонунҳо, муқоисаи онҳо бо қонунҳои амалкунанда, омӯзиш ва муайян намудани мувофиқати қонунҳои қабулшаванда ба талаботи замон ва ҷомеа, инчунин, аз нигоҳи илмӣ асоснок намудани онҳо имконияти зиёд доранд ва бояд аз он ҳар чӣ бештар ва самаранок истифода шавад. Дар заминаи ин омилҳо ва бо мақсади рушду такомули санадҳои қонунгузорӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро танзим менамоянд, қабули «Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, №1021, тасдиқ шудааст, дар рушди қонунгузории мамлакат нақши хоса дорад. Барои амалӣ намудан ва танзими муносибатҳои ҷамъиятии мухталиф барномаҳои давлатии татбиқи консепсияи мазкур дар соҳаҳои гуногун қабул ва амалӣ шуд.
Вобаста ба рушди қонунгузории мамлакат қабули «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005, тасдиқ шуд, хеле саривақтӣ мебошад ва минбаъд инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.
Вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити муосири ҷаҳон ҳифзи Истиқлоли давлатӣ мебошад. Чуноне ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ дар меҳвари фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ ва давлатдории навини тоҷикон қарор дорад.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамқадами замонанд. Бинобар ин, дар оянда ба парламенти кишвар зарур аст, ки дар асоси «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ба панҷ самти зерин таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд:
1. Таҳияи заминаҳои ҳуқуқии рушди устувори иқтисодӣ ҳамчун афзалияти раванди қонунэҷодкунӣ;
2. Қабули меъёрҳои нави қонунгузорӣ, ки ба табдилсозии Тоҷикистон аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ мусоидати бештар намоянд;
3. Мукаммал намудани қонунҳои вобаста ба низоми иҷозатдиҳӣ, коҳиш додани сарбории маъмурии соҳибкорон, сода намудани тартиби иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла додани литсензия, сертификат ва аккредитатсия;
4. Таҳким бахшидани манбаи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ);
5. Истифода намудани тамоми имконияти қонунгузорӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муборизаи беамон ба муқобили коррупсия.
Имрӯзҳо, ки мо 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолу маҳбубамонро ҷашн мегирем, бо тамоми масъулият гуфта метавонем, ки бинои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст ва дар саргаҳи он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Дар ин давра дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр аз ҷониби кулли давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф шуд. Имрӯз Тоҷикистон бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад, 192 давлат истиқлоли давлатии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба беш аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ, имзо гузошта, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли инҳо иҷро менамояд.
Баъд аз гузашти 33 сол аз Истиқлоли давлатӣ ва 30 сол аз қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо мудирияти мукаммали сиёсӣ инфрасохтори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тибқи муқаррарот бунёд шудааст. Вале, ҳамчунин, бояд дониста бошем, ки дар ҳар гуна ҷомеаи шаҳрвандӣ, новобаста ба низоми сиёсӣ, се гурӯҳи калидӣ — ақаллияти созанда, аксарият ё оммаи мардум ва ақаллияти харобкор пайдо мешаванд. Буҳроне, ки ба амал омаду доғи сиёҳе дар пардаи сафеди истиқлоли мо боқӣ гузошт ва рӯйдодҳои солҳои охир аз он дарак медиҳанд, ки гурӯҳҳои харобкор ҳанӯз дар ҳолати «санг дар бағал» қарор доранд. Пайравони онҳо, ки дар қолаби ҳизби сиёсии динӣ ва иттиҳоди неруҳои мухолифин зуҳур карда буданд, тӯли солҳои гуногуни истиқлолият чандин бор чеҳраи воқеии худро нишон доданд. Ҳолати ногувор ва номуайянӣ дар кишвари ҳамсоя, вазъи хатарбори сиёсию низомӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷаҳон метавонад ин қабил неруҳоро ба таҳрик оварад ва ниятҳои зишту нопокашонро озмоиш кунанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон имрӯз қудрати комилан бартараф кардани чунин зуҳуроти номатлубро дорад, раванди сулҳу ваҳдати миллӣ ва созандагию ободониро дар ҷумҳурӣ ҳимоя карда метавонад. Дар баробари ин, моро зарур аст, ки дар муқобили нотавонбинии чунин неруҳои носолим зиракии сиёсӣ ва ҳушёрию ҳушмандии миллиро як лаҳза ҳам заиф нагардонем. Тавре Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд: «Ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст».
Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА,
раиси Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори МНМО ҶТ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор