Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаб дар ноҳияи Кӯшониён

№134-135 (4874-4875) 08.11.2024

54123023514_54bb52f902_b7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази ташхисию табобатии “Авитсена” дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расулҷон Ашуров  бунёд шуда, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам оварда шудааст.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корҳои  сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ, ки аз  се ошёна ва таҳхона иборат мебошад, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд шудааст.

Дар Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаб 30 нафар, аз ҷумла 10 табиб, 12 корманди миёнаи тиббӣ ва 8 корманди ёрирасон ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои фаъолияти пурсамари марказ бо маблағи 3 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ ва насб карда шудааст.

Дар таҳхонаи иншоот дорухона, ҳуҷраи ташхиси рентгени рақамӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ ба ниёзмандон ҳуҷраҳои қабули беморон, муоина ва сабти барқии дил, ташхиси ултрасадоӣ, муоинаи сабти мағзи сар ва ҳуҷраи рухсати беморон ҷойгир мебошанд.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюм ҳуҷраҳои табобатӣ ҷойгир гардида, дар онҳо барои беморон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Марказ ҳамчунин дорои 30 кати хоб аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи тиббӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд доданд.

Дар оянда бо истифода аз имконияти ин марказ бо ҷалби мутахассисони сатҳи минтақа ва ҷумҳуриявӣ муоина ва табобати мураккаби сактаи майнаи сар  ва дигар усулҳои муоина, ташхис ва табобати бемориҳои гуногуни асаб ба роҳ монда мешавад.

Бо оғоз гардидани фаъолияти Маркази ташхисию табобатӣ ва  барқарорсозии бемориҳои асаб аҳолӣ имкон доранд, ки барои ташхису табобат бе харҷи маблағи зиёд ва сарфаи вақт дар назди хонаҳои худ аз хизматрасонии он истифода баранд.