Ҳаҷми умумии он 15,3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 1,4 миллиард сомонӣ зиёд мебошад
Нуздаҳуми ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки бо дарназардошти муҳимияти масъалаҳои баррасишаванда ба ҷаласа роҳбарону масъулини вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт, фарҳанг, энергетика ва захираҳои об, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
2. Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2017
3. Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015.
РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов дода мешавад.
Абдусалом ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Буҷети давлатии миёнамуҳлат барои солҳои 2015 — 2017 дар асоси афзалиятҳои аз ҷониби Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайянгардида барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳо бо аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ бармеоянд, таҳия ва бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва дар ин асос ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ равона мегардад.
Дар он, пеш аз ҳама, самтҳои «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018», «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015» ва дигар барномаҳои афзалиятноки соҳавие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст, инчунин дархостҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои вазорату идораҳо ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудааст.
Бинобар ин, дар давраи миёнамуҳлат сиёсати буҷет, пеш аз ҳама, барои пешгирӣ намудани таъсири хавфи ноустувории бозори молиявии имрӯзаи ҷаҳонӣ ба иқтиcодиёти кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муътадилии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тавассути васеъ намудани базаи андозбандӣ, давом додани ислоҳот дар бахшҳои идоракунии молияи давлатӣ, нигоҳ доштани устувории бозори молиявӣ барои ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, дар дараҷаи муайян нигоҳ доштани хароҷоти хизматрасонии қарзҳои беруна ва таъмини амнияти миллӣ ва бехатарии кишвар равона мегардад.
Сарфи назар аз мушкилиҳои солҳои охир, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи муайян нигоҳ дошта, барои рушди минъбадаи иқтисодиёти мамлакат заминаи зарурӣ гузошта шудааст.
Дар робита ба ин, давоми солҳои 2015-2017 афзоиши реалии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бояд дар доираи на кам аз 7,0 фоиз, меъёри таваррум 7,5 фоиз ва қурби пули миллӣ нисбат ба 1 доллари ИМА 5 -5,10 сомонӣ дар назар дошта мешавад.
Лоиҳаи Буҷети давлатии миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 таҳти рақами 1-ф таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Буҷети давлатӣ барои соли 2015 дар шакли қонун пешниҳод шудааст. Нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2017 назоратӣ буда, вобаста ба тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, мутобиқи талаботи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» дар соли оянда аниқ карда шуда, ба он тағйироти зарурӣ ворид мешавад.
Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои cоли 2015 дар асоси гурӯҳбандиҳои нави иқтисодӣ таҳия гардида, даромад ва хароҷоти он аз рӯи соҳаҳо ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ ба танзим дароварда шудааст.
Ҳамчунин дар лоиҳа ба истиснои имтиёзҳои андозие, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пешбинӣ шуда буданд, инчунин воридоти як адад дастгоҳи бофандагӣ барои эҳтиёҷоти ҶДММ «Қолинҳои Суғд» ва воридоти чорвои хушзот аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Дар робита ба ин, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад 15,3 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 1,4 млрд.сомонӣ зиёд мебошад.
Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ҳамаи захираҳои молиявии давлатӣ, аз ҷумла маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 2,0 млрд. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 781,5 млн. сомонӣ бо афзоиши 7,6 фоиз ва даромади ҷории Буҷети давлатӣ 12,6 млрд. сомонӣ бо афзоиши 12,9 фоиз ба ҳисоб гирифта шудааст.
Ҳиссаи ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 28,9 фоиз ва даромади ҷории он бошад, ба 23,9 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 0,8 банди фоиз зиёд мебошад.
Бояд зикр кард, ки ҳангоми банақшагирии даромади буҷет ба мақсади пешгирӣ намудани хавфи фискалӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ба воридоти даромадҳои дохилӣ аҳамияти муҳим дода шуд. Аз ин лиҳоз, нишондиҳандаҳои даромади буҷет аз ҳисоби андозҳо ва даромадҳои дохилӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 0,6 банди фоиз ва аз ҳисоби андозҳои воридотӣ бошад, 0,3 банди фоиз зиёд карда шуд.
Вобаста ба ин, афзоиши даромади Буҷети давлатӣ нисбати соли ҷорӣ аз фаъолияти иқтисодии беруна, яъне андозҳои гумрукӣ 13,2 фоиз ё 500,6 млн.сомонӣ ва даромадҳои андозию пардохтҳои дохилӣ 13,5 фоиз ё 935,1 млн.сомонӣ ташкил додааст. Аз ҷумла даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаи 14,7 фоиз ё ба маблағи 580,5 млн.сомонӣ афзоиш ёфта, ба 4,5 млрд. сомонӣ баробар мегардад.
Вазни хоси субвенсия дар буҷетҳои маҳаллӣ нисбат ба соли 2014 ба маблағи 5,8 млн.сомонӣ зиёд гардида, 808,7 млн.сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ҳиссагузорӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ ба Буҷети ҷумҳуриявӣ 828,6 млн.сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли ҷорӣ 189,0 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши он аз ҳисоби вилояти Суғд 24,2 млн.сомонӣ, шаҳри Душанбе 178,6 млн.сомонӣ, шаҳри Ваҳдат 3,8 млн.сомонӣ, шаҳри Роғун 8,3 млн.сомонӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 518,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад .
Хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2015 дар доираи нишондиҳандаҳои даромад, бо дарназардошти касри буҷет, ба 0,5 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар гардида, нисбат ба соли ҷорӣ 1,4 млрд.сомонӣ афзоиш меёбад, ки ин ба 29,4 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад.
Дар доираи барномаи стратегии давлат дар лоиҳаи буҷет ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад 7,7 млрд.сомонӣ бо афзоиши 855,1 млн.сомонӣ равона мегардад.
Агар дар соли ҷорӣ хароҷоти ин соҳаҳо нисбати Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 14,2 фоизро ташкил карда бошад, дар соли оянда ин рақам ба 14,7 фоиз баробар мегардад, ки ин 0,5 банди фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла ба соҳаҳои маориф 2,9 млрд. сомонӣ бо афзоиши 401,8 млн.сомонӣ, тандурустӣ 1,2 млрд.сомонӣ бо афзоиши 105,3 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа 2,9 млрд. сомонӣ бо афзоиши 198,0 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 736,5 млн.сомонӣ ё бо афзоиши 150,2 млн. сомонӣ ва илм 82,6 млн.сомонӣ бо афзоиши 4,7 млн.сомонӣ равона мешавад.
Барои маблағгузории афзалиятҳои реалии иқтисодиёт, аз ҷумла сохтмон ва барқарорсозии иншооти энергетикӣ, роҳҳои автомобилгард, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ ва инфраструктураи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмони дигар иншооти муҳими давлатӣ дар лоиҳаи буҷет 4,3 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла барои комплекси сӯзишворӣ ва энергетикӣ 2,0 млрд. сомонӣ бо афзоиши 154,1 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, бо дарназардошти таъмир ва барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ 964,2 млн. сомонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ 325,7 млн. сомонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ 835,7 млн.сомонӣ бо афзоиши 62,0 млн.сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи маблағҳои пешбинишуда иваз намудани дастгоҳи тақсимотии ОРУ -500 кВт дар НБО-и «Норак» 52,7 млн. сомонӣ, азнавбарқароркунии зеристгоҳи «Регар» 500кВ 9,2 млн.сомонӣ, азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» 20,0 млн.сомонӣ, лоиҳаи алоқаҳои тиҷоратии минтақавии КАСА-1000 — 13,0 млн. сомонӣ, сохтмони Маркази барқи гармидиҳии «Душанбе-2» 25,0 млн.сомонӣ ва барқарорсозии НБО-и «Роғун» 1,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия барои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе –сарҳади Қирғизистон (марҳилаи 3) 8,5 млн.сомонӣ, Кӯлоб-Қалъаи Хумб 97,1 млн. сомонӣ, сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе -сарҳади Ӯзбекистон 199,6 млн. сомонӣ, беҳсозии роҳи мошингарди Айнӣ- Панҷакент- сарҳади Ӯзбекистон 194,5 млн.сомонӣ, беҳтар намудани роҳи Восеъ-Ховалинг, Сайрон – Карамик 133,0 млн.сомонӣ равона карда мешавад.
Дар баробари ин, танҳо барои сохтмон ва нигоҳдории дигар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби буҷет 161,3 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ дар лоиҳаи буҷет 325,7 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 10,3 млн.сомонӣ барои маблағгузории чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва хариди доруворӣ, мубориза бар зидди малах ва ҳашаротҳои зараррасон, рушди соҳаи чорводорӣ ва дигар барномаҳои соҳаи кишоварзӣ равона карда мешавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати иҷрои супориши Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар буҷет барои Фонди дастгирии соҳибкорӣ 70,0 млн.сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар соли оянда маблағи умумии гардишии он 133,0 млн.сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи сармоягузории «Маблағгузории сабз ва рушди деҳот» 12,6 млн.доллари ИМА равона мегардад.
Барои фаъолияти сиёсати берунии ҷумҳурӣ, нигоҳдории мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, таъмини бехатарӣ ва мудофиаи кишвар ва ҳиссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар буҷет 2,4 млрд.сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки афзоиши он 310,0 млн.сомонӣ ё 12,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи миёнамуҳлат барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзҳои берунию дохилӣ дар соли 2015 барои хизматрасонии онҳо 873,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти қарзҳои асосии берунӣ 521,4 млн. сомонӣ ва пардохти фоизҳо аз рӯи онҳо 174,7 млн. сомонӣ, инчунин хизматрасониҳои қарзи дохилӣ 177,0 млн. сомонӣ зарур мебошад.
Дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2015 барои хизматрасонии қарзи беруна 312,7 млн.сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 234,7 млн. сомонӣ ва қарзҳои дохилӣ 78,0 млн.сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ин, пардохти як қисми қарзи асосии берунӣ ба маблағи 286,7 млн.сомонӣ берун аз тавозуни буҷет пешниҳод гардидааст.
Умуман, ҷалби қарзҳои берунӣ бо кафолати давлатӣ, зери назорати қатъӣ қарор дошта, минбаъд қарзҳои берунӣ танҳо барои татбиқи барномаҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ҷалб мешаванд.
Ҳамзамон оид ба ҷалби сармоягузорӣ барои рушди иқтисодиёти реалӣ бе кафолати давлатӣ, ки дар оянда самаранок фаъолият менамоянд ва қудрати баргардонидани қарзро доранд, чораҳои мушаххас меандешем.
Бо мақсади таъмини устувории молияи давлатӣ дар соли оянда касри буҷетро нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба андозаи 0,5 фоиз пешниҳод намудем. Касри васеи Буҷети давлатӣ бошад, дар соли 2015 -609,8 млн.сомониро ташкил дода, ба 1,2 фоизи ММД баробар мегардад. Пӯшонидани онро бояд аз ҳисоби хусусигардонии моликияти давлатӣ 25,0 млн.сомонӣ, даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ 85,0 млн.сомонӣ, қарз ва грантҳои барномавӣ аз институтҳои байналмилалии молиявӣ ва аз рӯи созишномаи зерқарзӣ 154,1 млн.сомонӣ, депозити буҷети ҷумҳуриявӣ, иҷрои барзиёдии даромад ва дигар манбаъҳо 345,7 млн. сомонӣ таъмин намоем.
Омилҳои имрӯзаи ноустувории системаи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки оид ба пешгирӣ намудани таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишварамон чораҳои зарурӣ андешем. Бинобар ин, даромад ва хароҷоти лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2015 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2016-2017 аз рӯи фаъолияти имрӯзаи воқеии иқтисодиёт, таъмини рушди афзалиятҳои аввалиндараҷа ва имкониятҳои молиявӣ баҳогузорӣ ва таҳия гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо, гарчанде ки мураккаб бошад ҳам, иҷрошаванда мебошанд.
Умуман, аз рӯи дархостҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳаҷми хароҷоти Буҷети давлатӣ бояд ба 30,0 млрд. сомонӣ ё 56,0 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мегардид, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи воқеии буҷети пешниҳодшуда 2,0 баробар зиёд буда, қонеъ гардонидани он дар як сол мушкил мебошад.
Вале дар солҳои оянда онҳо марҳила ба марҳила вобаста аз афзалиятнокиашон амалӣ хоҳанд шуд.
Дар раванди баррасии лоиҳаи Қонуни «Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дархосту таклифҳо оид ба зиёд намудани даромади буҷет, зиёд намудани хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ ва кишоварзӣ, пешбинӣ намудани хароҷот барои таъмири мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва иншооти коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, мукаммал ва оммафаҳм намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» пешниҳод гардиданд.
Бояд зикр кард, ки ҳамаи таклифу дархостҳои ироагардида беғаразона буда, пеш аз ҳама, ба мақсади рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.
Қисми ин пешниҳодҳо аллакай дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ба инобат гирифта шудаанд.
Ба ғайр аз ин, оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаҳои алоҳидаи қонун таклифҳо пешниҳод гардиданд ва онҳо дар кумитаҳо ва ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд ва ворид кардан ё накардани ин тағйирот аз тарафи аъзои гурӯҳи корӣ ва аъзои Ҳукумат шарҳу эзоҳ дода шуд.
Қисми дигари пешниҳодоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳия ва қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ва дар рафти иҷрои буҷет ба инобат гирифта шуда, оид ба амалӣ намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Муҳтарам Раис, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!
Давоми панҷ соли фаъолиятатон кумаки доимии шуморо ҳамарӯза эҳсос менамудем. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба такмили сиёсати андозу буҷет ва ҷалби қарзу грантҳо қабул гардиданд, ки онҳо имрӯз амалӣ шуда, барои ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ нақши сазовор гузошта истодаанд.
Бори дигар миннатдории худро барои ҳамкории пурсамар ва муфид изҳор намуда, боварии комил дорам, ки дар оянда низ ин ҳамкориро давом медиҳем ва донишу таҷрибаи бойи шуморо дар таҳия ва омодасозии қонунгузорӣ истифода хоҳем бурд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи пешниҳодшуда овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов дода мешавад.
Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид. Шӯрои Маҷлиси намояндагон онро бо қарори худ аз 3 ноябри соли 2014 таҳти №2626 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Ҳамчунин ҷиҳати таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2017 гурӯҳи корӣ аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, лоиҳаро бо ҷалби васеи намояндагони вазорату идораҳои марбута таври алоҳида дар ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2015 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудааст.
Нишондиҳандаҳои он бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани базаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои кории нав асоснок карда шудааст.
Дар робита ба ин, дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ҳамаи захираҳои молиявии давлатӣ, аз ҷумла маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 1863,0 млн. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 738,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ бе дарназардошти грантҳо барои соли 2015 ба маблағи 12534,2 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати нақшаи соли 2014-ум 1468,7 млн. сомонӣ ё 13,3 фоиз зиёд мебошад ва он аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин пешбинӣ гардидааст:
- воридоти андозҳо ва пардохтҳои ғайриандозии дохилӣ 8233, 6 млн. сомонӣ бо афзоиши 968,1 млн. сомонӣ ё ин ки 65,7 фоизи ҳаҷми умумии даромади буҷетро ташкил медиҳад;
- аз ҷумла аз ҳисоби андозҳо ва даромадҳои дохилӣ – 7858,6 млн. сомонӣ нисбати соли 2014-ум 935,1 млн. сомонӣ зиёд ё ин ки 62,7 фоизи даромади буҷетро ташкил медиҳад;
- воридот аз фаъолияти иқтисоди берунӣ (пардохтҳои гумрукӣ) – 4300,6 млн. сомонӣ бо афзоиши 500,6 млн. сомонӣ ё ин ки 34,3 фоизи даромадро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ барои соли 2015 аз рӯи сарчашмаҳои воридотӣ ва манбаъҳои андозбандӣ бо тариқи зайл ташаккул ёфтааст:
- воридоти андоз аз даромади шахсони воқеӣ аз рӯи ҳисоботи оморӣ ба музди меҳнат ба ҳар як корманди соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз рӯи 926 сомонӣ дар як моҳ ва музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетиро ба ҳисоб гирифта, дурнамои он дар соли 2015 ба маблағи 1318,2 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст;
- андози иҷтимоӣ аз ҳисоби андозсупорандагони ғайрибуҷетӣ дар асоси ҳисобот ва маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи манбаи андозбандӣ ба маблағи 1575,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст;
-маблағи роялти барои об ба маблағи 43,5 млн. сомонӣ аз рӯи ҳаҷми қувваи барқи андозбандишавандаи ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Сангтӯда- 1 ва 2» муайян карда шудааст;
- воридоти пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2015 аз рӯи афзоиши гардиши савдои хориҷӣ ба андозаи 9 фоиз ба маблағи 4300,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст;
- аз ҷумла андоз аз арзиши иловашудаи берунӣ 3310,4 млн. сомонӣ, нисбат ба соли 2014 ба андозаи 14,2 фоиз ё ин ки ба маблағи 410,4 млн. сомонӣ зиёд, аксизҳо аз молҳои зераксизии аз берун ба ҷумҳурӣ воридшаванда ба маблағи 264,0 млн. сомонӣ ва боҷи гумрукӣ ба маблағи 655,3 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2014 –ум 55,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2015 воридоти андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ, бо дарназардошти афзоиши реалии ММД ба маблағи 1700,3 млн. сомонӣ муайян шудааст.
Андози аксизӣ ва молҳои дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар соли 2015 ба маблағи 92,9 млн. сомонӣ муайян шудааст, ки он асосан аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ, спирти этилӣ, арақ ва маҳсулоти тамоку мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо сабаби дар соли 2015 ва солҳои минбаъда ҳар сол ба андозаи як фоиз кам гардидани меъёри андоз аз фоида ва ба андозаи 50 фоиз кам гардидани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва дар соли 2017 пурра аз байн рафтани он афзоиши даромадҳои дохилӣ аз рӯи ин манбаъҳо, дурнамои андоз аз фоида дар ҳаҷми 953,1 млн. сомонӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бошад ба маблағи 313,5 млн.сомонӣ ё ин ки нисбати соли 2014-ум 182,7 млн. сомонӣ кам пешбинӣ шудааст
Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ дар соли 2015 барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт диққати махсус дода шудааст. Ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар Буҷети давлатии соли 2015 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 4285,9 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 8,1 фоизи ММД баробар мебошад.
Аз ҷумла барои рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 964,2 млн. сомонӣ, комплекси энергетикию сӯзишворӣ ва саноату сохтмон дар Буҷети давлатии соли 2015 ба ин мақсад аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 2122,8 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки фақат хароҷот барои комплекси сӯзишворию энергетикии мамлакат 1993, 1 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Барои ноил гардидан ба амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва иҷрои барномаҳои соҳа дар Буҷети давлатии соли 2015 дар ҳаҷми 325,7 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар соли 2015 ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба маблағи 4529,4 млн.сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2014-ум 14,7 фоиз ё ба маблағи 580,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 4517,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2014 ба андозаи 9,7 фоиз ё ба маблағи 398,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2015 аз Буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои маҳаллӣ 808,7 млн.сомонӣ субвенсия муайян шудааст, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба соли 2014 ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
Қобили зикр аст, ки сарчашмаҳои дохилии даромади буҷетҳои маҳаллӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ, зиёд гардида истодааст, ки ин талаботи онҳоро нисбат ба ҷудо намудани субвенсия аз Буҷети ҷумҳуриявӣ кам мегардонад ва он аз рушди иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ далолат медиҳад.
Бинобар ин, вазни хоси субвенсия дар ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ 17,9 фоизро ташкил дода, нисбати соли 2014 ба андозаи 1,6 банди фоиз кам гардидааст.
Дар соли 2015 касри буҷети ҷорӣ нисбати Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ – 0,5 фоиз ё 264,1 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Касри васеи Буҷети давлатӣ бошад, бо дарназардошти баргардонидани қарзи давлатӣ 609,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла қарзи берунӣ 286, 7 млн.сомонӣ, қарзи дохилӣ 59,0 млн.сомонӣ, ки нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 1,1 фоизро ташкил медиҳад. Касри буҷет аз ҳисоби хусусигардонии моликияти давлатӣ, даромад аз ҳисоби фурӯши векселҳои хазинадорӣ, аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзӣ, аз ҳисоби ҷалби маблағҳои қарзию грантии барномавӣ аз институтҳои байналмилалии молиявӣ пӯшонида мешавад.
Мувофиқи моддаи 16 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 аз рӯи даромад ба маблағи 12276621 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 11591551 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 685070 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда мешавад ва хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 барои пардохти уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии беруна ба маблағи 454613 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда мешавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» хулосаи таҳлилиро пешниҳод намудааст, ки он қобили таваҷҷуҳ буда, ҷиҳати боз ҳам мукаммал намудани механизмҳои банақшагирии Буҷети давлатӣ равона гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он 11 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 8-тоаш қабул ва 3-тоаш қабул нашуданд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»-ро, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Дар робита ба лоиҳаи қонуни мазкур Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз масъулин бобати дурнамои истифодаи захираҳои қарзӣ баҳри рушди соҳибкории хурду миёна, нақшаҳо дар самти коҳиш додани фоизи қарзҳои бонкӣ, зиёд намудани маошу нафақа, омилҳои зиёд гардидани сатҳи таваррум, иқдомоти банақшагирифтаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ пурсон гардид. Ба саволҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Талбаков ва Муҳиддин Кабирӣ низ доир ба паҳлуҳои алоҳидаи лоиҳаи қонун саволҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Саттор Холов сухан кардан мехоҳад.
Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҷонибдорӣ карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки таҷрибаи парлумонӣ дар самти баррасӣ ва муҳокимаи Буҷети давлатӣ зина ба зина такмил ёфта, дар самти таҳлил ва баррасии масъалаҳои гузошташуда малакаи корӣ густариш меёбад.
Ҳамаи ин баҳри иҷрои самараноки ваколатҳои ба уҳдаи парлумон вогузоргардида мусоидат намуда, ҳамзамон раванди назорати парлумониро дар иҷрои Буҷети давлатӣ тақвият мебахшад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор дорад, санади муҳими молиявии мамлакат буда, нишондиҳандаҳои он нишонаи пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа, тақвият ёфтани ҳифзи иҷтимоӣ, болоравии сатҳи зиндагии мардум, заминаи моддию техникӣ, иҷтимоиёт, илму маориф, фарҳангу сиҳатии омма, иқтидори мудофиаву амнияти кишвар ва дар маҷмӯъ барои ободонии мамлакат равона гардидааст.
Дар Буҷети давлатии имсола таклифу пешниҳодҳои вакилон, ки аз вохӯриҳои онҳо бо интихобкунандагон бармеоянд, ба инобат гирифта, оид ба масъалаҳои гузошташуда маблағгузориҳои зарурӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои сохторҳои мудофиавӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 дар соҳаи мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ нисбат ба буҷети соли ҷорӣ маблағи бештар пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, тавре дар суханрониашон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи милитсия зикр намуданд, кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда шуда, барои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иншооти нави корӣ бунёд гардиданд ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Танҳо соли гузашта аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе чор бинои бисёрошёна сохта, бо иштироки Сарвари давлат ба 356 оилаҳои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дода шуд. Имсол дар Рӯзи милитсия 50 оилаи кормандони ин мақомот соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд.
Ғайр аз ин, аз тарафи вазоратҳои дахлдори сохторҳои мудофиавӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи имкониятҳои молиявии худ низ хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба кормандонашон дода шуданд.
Музди меҳнати онҳо зиёд шуда, шароитҳо барои афсарону аскарон муҳайё шудааст.
Дар моддаи 21-уми лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти қудратӣ пешниҳод шудааст.
Ҳамаи ин нишони он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, зеро таъмини амният ва оромии мамлакат ба фаъолияти самарабахши сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагӣ дорад.
Ҳамзамон вазъияти имрӯза моро водор месозад, ки баҳри амният ва оромии кишвар маблағгузориро ба сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд намоем. Боварӣ дорем, ки дар оянда ин масъала зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мемонад.
Итминони комил дорем, ки сохторҳое, ки ба таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» масъул ҳастанд, тамоми чораҳоро барои иҷрои пурраю босифати қонуни мазкур меандешанд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС: — Доир ба масъалаи мавриди баррасӣ сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадшариф Нозимов дода мешавад.
Маҳмадшариф НОЗИМОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»-ро дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ҳаматарафа баррасӣ намуда, аъзои Кумита онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Бояд зикр намоем, ки сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани афзалиятҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ сол ба сол заминаи воқеӣ гузошта, рӯ ба афзоиш мебошад.
Аз ин ҷост, ки барои соли 2015 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ мутобиқ ба Дурнамо 52,8 миллиард сомонӣ, болоравии маҷмӯи истеҳсолот бо ифодаи воқеӣ баробар ба 7,2 фоиз, меъёри таваррум баробар ба 5,7 фоиз ва индекси дефлятор ба 6,3 фоиз муайян гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои марҳилаи мутобиқшавӣ қарор дорад ва марҳилаи ояндаи инкишофи кишвар аз он вобаста мебошад. Омили асосии мутобиқкунонӣ ин ҳуқуқ ба моликият ва ҳокимият буда, агар ин омилҳо ба манфиати гурӯҳҳои ҳамсуди ҷудогона ва алоҳида мутобиқ кунонда шаванд, он гоҳ ҷомеа тавсифи капиталистӣ ва агар ин омилҳо ба манфиати умумии ҷомеа мувофиқ кунонида шаванд, он гоҳ ҷомеа тавсифи сотсиалистӣ пайдо мекунад, агар ин омилҳо ба манфиати ҳар як фарди ҷомеа мувофиқ кунонида шаванд, он гоҳ ҷомеа тавсифи ҷомеаи имрӯзикунонидашуда (модеркунонидашуда), ҷомеаи воқеан шаҳрвандиро ба худ мегирад. Аз ин хотир, мо бояд марҳилаи мутобиқшавиро ба самти созмонёбии ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ равона намоем.
Ба мақсади то андозае кам кардани сатҳи вобастагии кишвар аз кишварҳои пешрафта бояд як қатор омилҳои суръатбахши рушди иқтисодиёти кишвар истифода карда шаванд. Аз ҷумла истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ ва моддии мавҷуда ва созмондиҳии муҳити инноватсионӣ, ниҳодҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани инноватсия ба низоми идораи давлатӣ.
Зикр кардан бамаврид аст, ки низоми бонкдорӣ ва тамоми сиёсати молиявии давлат, алҳол, на он қадар инноватсионӣ буда, бонкҳо дар баъзе мавридҳо ба гузаронидани тадбирҳои имрӯзикунонии кишвар монеа эҷод менамоянд. Масалан, дар ҳоле ки маҳсулоти умумии дохилии кишвар дар давраи солҳои 2005-2014-ум 2,5 баробар зиёд шуда бошад, суръати гардиши пул 21 фоиз коҳиш ёфтааст. Меъёри фоизи қарзҳои дарозмуддат алҳол ба 28-30 фоиз расидааст, ки он нисбат ба соли 2005 ба 12 ва 15 фоиз боло рафтааст. Дар баробари ин, бонкҳо бо фоизи паст маблағҳоро ба амонат (депозит) гирифта, бо фоизҳои баланд ба муштариён қарз медиҳанд. Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат бо арзи миллӣ солҳои охир ба 27,5 фоиз, бо арзи хориҷӣ 32,5 фоизро ташкил намуданд, ки барои пешбурди истеҳсолот нокифоя ва фоизҳои он ниҳоят баланд мебошанд.
Аз ин хотир, қадами аввали шаклгирии муҳити инноватсионӣ бояд таҳияи заминаи ҳуқуқии танзими низоми бонкӣ дар самти назорати қатъии аз ҷониби бонкҳо риоя шудани меъёрҳои қарздиҳии дарозмуддати корхонаҳо, инчунин шартҳои гирифтани қарз аз захираҳои давлатӣ мебошад.
Қадами дуюм бояд тағйир додани сохтори Буҷети давлатӣ вобаста ба вогузор шудани вазифаи идораи давлатӣ бошад. Тағйироти бунёдӣ дар ин самт паст кардани сатҳи хароҷоти давлатӣ дар қиёс ба ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар бошад. Вобаста ба ин, бояд Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорату идораҳои дигар дар ҷумҳурӣ таҷдиди назар шуда, сохторҳои онҳо замонавӣ кунонида шаванд.
Сеюм, ба раванди имрӯзикунонӣ сафарбар кардани ширкатҳо ва корхонаҳои давлатӣ бо мақсади таҷдиди сохтории идораи дороиҳои давлатӣ.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон на танҳо ба инкишоф, балки ба тараққиёти босуръати индустриалӣ ниёз дорад. Расидан ба ин ҳадаф пайдо ва истифода намудани даҳҳо миллиард доллари ИМА-ро тақозо менамояд.
Дар охир пешниҳод менамоям, ки барои баҳо додан ба рушди иқтисоди кишвар барои ҷамъбасти Буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ ва ба инкишофи ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба нишондиҳандаҳои сифатӣ гузаштан лозим аст.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
РАИС:– Аз рӯи ин масъала сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дода мешавад.
Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Лоиҳаи қонуни пешни-ҳодгардидаро мо низ ҷонибдорӣ менамоем. Вале ин омил маънои онро надорад, ки он аз камбудиҳо орӣ мебошад. Мавҷудияти салдои тавозуни савдо ба андозаи 2,7 миллиард сомонӣ боиси нигаронӣ бояд бошад. Дар ҳамин радиф, бояд дар лоиҳаи қонун тадбирҳои зиддибуҳронӣ пешбинӣ мегардиданд. Аз маблағгузории иншооти на он қадар муҳим худдорӣ намуда, маблағгузории сохтор ва соҳаҳои муҳимро вусъат бахшидан зарур ва ногузир аст. Дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор доштани ШСХК «Барқи Тоҷик» низ аз омилҳои ташвишовар ва нигаронкунанда маҳсуб меёбад. Табиист, ки дар ин ҳолат фаъолияти ширкат дар самти ҷалби сармоя, иваз намудани таҷҳизоти зарурӣ ба мушкилот мувоҷеҳ мегардад. Итминонам комил аст, ки пешниҳодоти мазкур аз ҷониби масъулин ба инобат гирифта мешавад.
РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфулло Саидмуродов дода мешавад.
Лутфулло САИДМУРОДОВ: — Муҳтарам Раис ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ менамояд. Ҳамзамон ба кормандони масъули Вазорати молия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён мекунем, ки таклифу пешниҳодҳои аъзои кумитаро дар давраи муҳокимаи лоиҳаи буҷет ба назар гирифтанд.
Боиси қаноатмандӣ мебошад, ки дар буҷети соли 2015 барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм қариб 130 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Таври якҷоя барои соҳаҳои номбаршуда хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2015 зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ ё 34,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва ҳафт фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2014-ум 563 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз он ҷумла ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф 2,9 миллиард сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва варзиш 736,5 миллион сомонӣ ва соҳаи илм 82,6 миллион сомониро дар бар мегиранд.
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» омадааст, ки дар доираи маблағҳои пешбинишуда стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020» ва «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология», барномаҳои давлатии рушди маориф ва тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ ва илмӣ, рушди санъати сиркӣ, театрӣ, фаъолияти китобдорӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон, барномаҳои давлатии рушди туризм ва футбол, чопи китобҳои дарсӣ, дар хориҷи кишвар тайёр намудани мутахассисон, додани қарз ба омӯзгорони ҷавон ҷиҳати беҳтар намудани шароити манзилӣ, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо амалӣ карда мешаванд.
Инчунин дар соли 2015 масъалаи самаранок ва мақсадноки истифодабарии маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ дар соҳаи маориф масъалаи муҳим ба шумор меравад, чунки ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағгузории сарикасӣ пурра гузашта, меъёрҳои минималии маблағгузорӣ ба ҳар як хонанда ва ҳар як мактаб бо дарназардошти афзоиши Буҷети давлатӣ зиёд мешавад. Бо ин мақсад дар лоиҳаи қонун зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2014-ум 55,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Давоми солҳои 2011 то 2015 маблағгузории соҳаи маориф аз 4,5 то 5,5 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ зиёд шуд. Маблағгузории соҳаи фарҳанг ва варзиш низ аз 0,9 то 1,4 фоиз нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар афзуд. Мутаассифона, аз рӯи ин нишондиҳанда маблағгузории соҳаи илм тағйир наёфтааст. Бинобар ин, аз масъулини Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки дар оянда ба ин масъала диққати махсус диҳанд.
Хоҳишмандем, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» овоз диҳед.
РАИС: — Доир ба масъалаи мавриди баррасӣ сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дода мешавад.
Муҳиддин КАБИРӢ:- Мо низ лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ менамоем. Вале лоиҳаи қонуни мазкур бояд тавре пешниҳод мегардид, ки барои баррасии ҳамаҷонибаи он вақт кифоя бошад, зеро ин навбат фосила барои баррасӣ ва пешниҳодот хеле кам буд. Бамаврид аст, ки минбаъд дар заминаи пешниҳодоти асосноку фраксияҳои ҳизбӣ ба лоиҳа тағйирот ворид карда шавад. Ҳамзамон доир ба муҳтавои лоиҳаи ин қонун пешниҳоди маводи таҳлилӣ дар воситаҳои ахбори омма аз манфиат холӣ нест.
РАИС:- Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Бег Қурбонов дода мешавад.
Бег ҚУРБОНОВ:- Муҳтарам Раис ва ҳозирини гиромӣ!
Сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани афзалиятҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани некуаҳволӣ, сифати таълим, саломатии аҳолӣ, хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодиёт равона шудааст.
Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода, ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ, бо дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, дар соли 2015 ба 8 млрд. 582,3 млн. сомонӣ баробар шуда, 11,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда 55,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 16,2 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад.
Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2015 аз рӯи даромад 2314070 ҳазор сомонӣ ва хароҷот 2379070 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 65000 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар бахши сиёсати иҷтимоӣ, дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар намудани дастрасии онҳо ба хизматрасонии гуногуни давлатӣ тавассути кумакҳои суроғавии иҷтимоӣ дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ маблағ ба назар гирифта шудааст.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Дар робита ба масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳабибулло Саъдуллоев дода мешавад.
Ҳабибулло САЪДУЛЛОЕВ:- Муҳтарам Раис ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи пешниҳодшудаи қонун ислоҳоту равандҳои инкишофи ҳамаи соҳаҳои иқтисоду ҳаёти ҷомеаро инъикос менамояд. Дар лоиҳаи буҷет талаботи муҳиме, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба асос гирифта шудаанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардид.
Таклифу пешниҳодҳои вакилони кумита дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ баррасӣ ва муҳокима гардиданд.
Тавре баромадкунандагон зикр намуданд, маблағҳои буҷетӣ дар лоиҳаи қонуни мазкур ба ҳамаи соҳаҳо мутаносибан ба афзоиши қисми даромади буҷет, ки манбаи асосии он зиёдшавии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварамон мебошад, афзоиши якхела доранд. Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, бо дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нисбати соли 2014- ум 11,9 фоиз афзоиш ёфта, 55,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 16,2 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад.
Қаноатмандии худро аз он баён мекунем, ки дар лоиҳаи пешниҳодшуда дар баробари пешравиҳои зикргардида, афзоиши маблағгузорӣ барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба назар мерасад.
Лоиҳаи қонуне, ки имрӯз қабул менамоем, барои соли оянда ва чанд соли дигар санади тақдирсоз хоҳад буд. Хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов дода мешавад.
Абдусалом ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, ҳозирини гиромӣ!
Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар интегратсияи иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дошта, дар робита ба ин, дар ҷумҳурӣ ислоҳоти молиявию иқтисодӣ татбиқ гардида истодааст.
Дар ин самт идоракунии самараноки қарзи давлатӣ муҳим буда, он дар доираи «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014» амалӣ мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзи берунаи ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида, имрӯз ҷалби қарзҳо, пеш аз ҳама, барои таъмини рушди афзалиятҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки онҳоро Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намуданд, равона мегардад.
Дар натиҷаи чорабиниҳои андешидашуда қарзи беруна нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) сол то сол паст гардида, аз 108,2 фоизи соли 2000 ба 25,7 фоиз дар соли 2013 ва ба ҳолати ҳозира бошад, 21,2 фоиз ММД-ро ташкил медиҳад.
«Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» таҳия гардида, ба баррасӣ пешниҳод шудааст.
Мақсади асосии Барнома, пеш аз ҳама, баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Барномаи мазкур 49 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 32 созишномаҳои қарзӣ дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Азхудкунии маблағи умумии қарзҳо аз рӯи Барномаи пешниҳодгардида ба ҳолати 1 январи соли 2014-ум 528,0 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи миёнамуҳлат азхудкунии маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 428,4 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла:
- то охири соли 2014-ум 122,4 миллион доллари амрикоӣ (1,2 фоиз нисбати ММД);
- дар соли 2015-ум 110,2 миллион доллари амрикоӣ (1,0 фоиз нисбати ММД);
- дар соли 2016-ум 94,6 миллион доллари амрикоӣ (0,8 фоиз нисбати ММД);
- дар соли 2017–ум 101,2 миллион доллари амрикоӣ (0,8 фоиз нисбати ММД) дар назар дошта шудааст.
Дар Барномаи пешниҳодшуда ҷалби қарзҳо аз:
- Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи се созишнома ба маблағи 39,0 миллион доллари ИМА;
- Бонки Осиёии Рушд – панҷ созишнома ба маблағи 65,0 миллион доллари ИМА;
- Бонки Исломии Рушд – 21 созишнома ба маблағи 69,1 миллион доллари ИМА;
- Хазинаи Саудии Рушд – чор созишнома ба маблағи 22,6 миллион доллари ИМА;
- Хазинаи Кувайтии Рушд – чор созишнома ба маблағи 14,0 миллион доллари ИМА;
- Хазинаи Абу-Дабӣ – як созишнома ба маблағи 6,0 миллион доллари ИМА;
- Хазинаи ОПЕК – панҷ созишнома ба маблағи 24,3 миллион доллари ИМА;
- Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд – 21 созишнома ба маблағи 11,4 миллион доллари ИМА;
- Бонки Содироту Воридотии Ҷумҳурии Халқии Хитой – даҳ созишнома ба маблағи 243,9 миллион доллари ИМА;
- Ҷумҳурии Фаронса – як созишнома ба маблағи 9,9 миллион доллари ИМА;
- Ҷумҳурии Федеративии Германия – як созишнома ба маблағи 22,8 миллион доллари ИМА;
- Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ- се созишнома ба маблағи умумии 100,1 миллион доллари ИМА;
- Фонди зиддибуҳронии ИИАО – як созишнома ба маблағи умумии 30,0 миллион доллари ИМА;
- Фонди сармоягузории иқлим – як созишнома ба маблағи умумии 10,0 миллион доллари ИМА мавриди баррасӣ қарор дорад.
Барномаи мазкур барои рушди соҳаҳои зерин равона мегардад:
- бахши кишоварзӣ ва обёрӣ нуҳ лоиҳаи қарзиро ба маблағи 54,3 миллион доллари ИМА барои барқарорсозӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди системаи ирригатсионӣ, обёрии заминҳо ва рушди соҳаи пахтакорӣ дар бар мегирад, ки он 10,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши тандурустӣ шаш лоиҳаи қарзиро ба маблағи 28,3 миллион доллари ИМА асосан барои рушди тибби аввалия ва заминавӣ дар бар мегирад, ки он 5,4 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши маориф шаш лоиҳаи қарзиро ба маблағи 18,3 миллион доллари ИМА барои дастгирии рушди бахшҳои маориф, сохтмон ва таҷдиди мактабҳо дар бар мегирад, ки он 3,5 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши энергетика ва саноат 18 лоиҳаи қарзиро ба маблағи 59,5 миллион доллари ИМА барои барқароркунии инфрасохтори дохилӣ ва дастгирии рушди тиҷорати байналмилалии захираҳои энергетикӣ дар бар мегирад, ки он 11,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши нақлиёт ва коммуникатсия 22 лоиҳаи қарзиро ба маблағи 344,6 миллион доллари ИМА барои таҷдид ва рушди низоми нақлиёти кишвар дар бар мегирад, ки он 65,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ 18 лоиҳаи қарзиро ба маблағи 23,0 миллион доллари ИМА барои бо системаи обтаъминкунии аҳолӣ ва идораи партовҳои сахт дар бар мегирад, ки он 4,4 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши ҳокимият ва идоракунии давлатӣ як лоиҳаи қарзиро ба маблағи 30,0 миллион доллари амрикоӣ барои дастгирии хароҷотҳои иҷтимоии буҷетӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- дар дигар бахшҳои иқтисодиёти кишвар як лоиҳаи қарзӣ дар ҳаҷми 45,0 миллион доллари амрикоӣ барои ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи 40 лоиҳаи амалкунанда барои сохтмон, таҷдид, барқарорсозӣ ва беҳтар намудани соҳаҳои инфрастохторӣ (кишоварзӣ, нақлиёт, роҳҳо, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ) нигаронида шудаанд, ки онҳо дар оянда имконияти баргардонидани қарзҳоро аз ҳисоби даромадҳои соҳаҳои дахлдор доранд.
Ҳамаи қарзҳои дар Барнома дарҷгардида имтиёзнок буда, барои давраи дарозмуддат аз 20 то 40 сол дода мешаванд. Меъёри фоизҳо аз 0,15 фоиз то 2,0 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро дар бар мегиранд ва ҳамаи онҳо дорои зиёда аз 35 фоиз элементи грантӣ мебошанд.
Дар баробари қарзҳои зикргардида барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ҷалби маблағҳои грантӣ низ давоми солҳои 2015-2017 дар ҳаҷми 771,0 миллион доллари ИМА дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла аз Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷалб намудани 178,9 миллион доллари ИМА, аз Бонки Осиёии Рушд 425,5 миллион доллари ИМА ва аз Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд 36,0 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.
Ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ давоми солҳои 2015-2017 52,0 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.
Боварии комил дорем, ки татбиқ намудани Барномаи мазкур ба вусъат бахшидани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишварамон ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат хоҳад намуд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Домуллоҷон Ҷабборов дода мешавад.
Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2014 таҳти рақами 669 пешниҳод шудааст. Мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2014 таҳти рақами 2627 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади асосии Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2017 ин баланд бардоштани самаранокии назорат ҷиҳати ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба ҷамъшавии назоратнашавандаи қарзи беруна мебошад.
Нишондиҳандаҳои асосии Барномаи давлатии қарзгирии беруна дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муайян карда шудаанд. Барнома миёнамуҳлат буда, дар асоси принсипу меъёрҳои дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муайянгардида ва бо дарназардошти паст кардани хавфи фискалӣ (молиявӣ) ва таъмини муносиб дар доираи идоракунии қарзгириҳои беруна амалӣ мешавад.
Панҷуми ноябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳама кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Барнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Лоиҳаи Барномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои амалкунанда мухолифат надошта, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Дар хусуси тасдиқи Барномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дода мешавад.
Абдуҷаббор ШИРИНОВ:- Муҳтарам Раис ва ҳозирини гиромӣ!
Дар нуҳ моҳи соли 2014 вазъи номуътадили сиёсӣ дар минтақа, ноустувории иқтисодии кишварҳои шарикони асосии савдо ва суръати пасти рушди иқтисодиёти ҷаҳон ба афзоиши фишорҳои қурбӣ, касри тавозуни савдо ва то андозае ба сустшавии фаъолнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар боис гардид.
Бо вуҷуди ин, аз рӯйи ҷамъбасти нуҳ моҳи соли равон афзоиши давомноки унсури талабот ва сатҳи нисбатан пасти нархҳои воридотӣ ба афзоиши сармоягузориҳои дохилӣ дар бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ оварда, ба ҷараёни рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуд.
Дар давраи январ-сентябри соли 2014 сатҳи таваррум 5,7 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ зиёд мебошад. Ин сатҳи таваррум аз ҳисоби болоравии нархҳои маводи хӯрокворӣ ба андозаи 7,0 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 2,3 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 7,3 фоиз ҳосил гардид. Сатҳи таварруми аслӣ, ки дар худ танҳо омилҳои монетариро таҷассум менамояд, дар нуҳ моҳи ҳисоботӣ 2,6 фоизро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ афзудани фишорҳои қурбии берунӣ, ки пеш аз ҳама, ба омилҳои берунӣ-иқтисодӣ, бахусус аз ҷониби Низоми Захиравии Федералии ИМА (FRS) тағйир додани сиёсати пулию қарзӣ ва вазъи шадиди сиёсӣ дар Украина, ки боиси номувозинатии ҳаракати сармояи хориҷӣ ва ноустувориҳои қурбӣ дар иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф гардидааст, мушоҳида мешавад. Омилҳои мазкур ба пайдо шудани интизориҳои манфӣ сабаб гашта, то андозае ба тағйирёбиҳои қурбӣ дар бозори молиявии дохилӣ низ таъсир расонид.
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии тағйирёбиҳои бошиддати қурбӣ ва таъсири он ба болоравии сатҳи нархҳо барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори асосии бозори дохилӣ – доллари ИМА аз фишанги асъорӣ истифода намуд. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА 4,6 фоиз паст гардид. Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори нақдӣ 53,6 миллион доллари ИМА ва дар бозори байнибонкӣ 528,9 миллион доллари ИМА мудохилаҳои асъориро анҷом дод.
Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун ҳадафи муҳими сиёсати пулию қарзӣ ба ҳолати 30 сентябри соли ҷорӣ маблағи 5,9 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 19,5 фоиз афзуд. Нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул (М4) бошад, дар давраи таҳлилшаванда 8,8 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он ба 12,8 фоиз расид.
Бо дарназардошти талаботи бозор ҳаҷми фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон 602,9 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 454,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон музоядаҳои фурӯши векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молия ба маблағи 105 миллион сомонӣ гузаронида шуд.
Ба ҳолати 30 сентябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ 139 ташкилотҳои қарзӣ фаъолият доранд. Дар ин давра шумораи бонкҳо як адад ва филиалҳои бонкҳо 12 адад зиёд гардида, шумораи ташкилотҳои маблағгузории хурд як адад кам шуданд.
Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ба ин сана 15,5 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,1 фоиз афзуд. Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзӣ бошад, мувофиқан 12,6 миллиард сомонӣ ва 2,9 миллиард сомониро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли пешин мутаносибан 25,4 фоиз ва 14,2 фоиз зиёд шуданд.
Ба ҳолати 30 сентябри соли равон бақияи умумии пасандозҳо 6,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 17,9 фоиз афзудааст. Аз ҷумла бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 19,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 17,2 фоиз афзоиш ёфта, ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо мувофиқан 33,0 ва 67,0 фоизро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши назарраси маблағгузории қарзии низоми бонкӣ ба иқтисодиёти мамлакат идома ёфт.
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 8,2 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд гардид.
Бақияи қарзҳои дарозмуҳлат бошад, 43,5 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 4,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,0 фоиз зиёд мебошад. Ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 839,3 миллион сомонӣ қарзҳои хурд рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,7 фоиз зиёд аст.
Вакилони муҳтарам!
Иҷозат диҳед оид ба Дурнамои сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2015 мухтасар маълумот диҳам.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2015 баҳри нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро, бо дарназардошти таҳлил, пешбинӣ ва пешгирии хавфҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда татбиқ хоҳад намуд.
Дар ин раванд, самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, пеш аз ҳама, аз вазъи берунӣ-иқтисодӣ ва аз дараҷаи таъсири фишорҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ вобастагии зиёд хоҳад дошт.
Дар соли 2015, бо дарназардошти таъсири омилҳои мавсимӣ ва маъмурӣ, нигоҳдории сатҳи таваррум дар доираи 7,5 фоизи солона пешбинӣ мегардад.
Барои ноил шудан ба мақсади ниҳоӣ ва кам намудани таъсири омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул ва иҷрои сатҳи барномавии нишондиҳандаҳои монетарӣ, пеш аз ҳама, пулҳои захиравӣ, захираҳои софи байналмилалӣ, дороиҳои умумии хориҷӣ, дороиҳои софи дохилӣ ва васеъ намудани доираи истифодабарии пули миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дар нақша аст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе аз омилҳои дохилӣ ва берунӣ, ки дар дурнамои мазкур ба инобат гирифта шудаанд, метавонанд ба раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо дар соли пешбинишаванда таъсир расонанд, аз ҷумла:
- суръати сусти барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳон ба талаботи ноустувори маҳсулоти асосии содироти миллӣ сабаб мегардад;
- тағйирёбии вазъи бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ метавонад боиси сустшавии ҳаракати фаромарзии сармоя ва ба миён овардани лаппишҳои кӯтоҳмуддати қурбӣ гардад;
- рушди номуътадили иқтисодиёти Федератсияи Россия ба камшавии интиқолҳои пулӣ, талаботи дохилӣ, фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъсир расонад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқшавии иқтисодиёт ба зарбаҳои берунӣ ва мусоидат ба рушди воқеии иқтисодиёт дар соли оянда тасҳеҳ намудани қурби воқеии пули миллиро имконпазир мешуморад.
Ҳамзамон дар соли 2015 афзоиши миёнасолонаи пулҳои захиравӣ то 16,0 фоиз ва нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул то 18,0 фоиз ба нақша гирифта мешавад. Дурнамои афзоиши дороиҳои умумии хориҷӣ бошад, дар сатҳи на кам аз 14,0 фоиз пешбинӣ гардида, дар робита ба ин, афзоиши захираҳои софи байналмилалӣ дар сатҳи на камтар аз 12,0 фоиз пешбинӣ мегардад.
Дар соли 2015 барои нигоҳдории сатҳи барномавии нишондиҳандаҳои пулӣ истифодаи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ (аз қабили меъёри захираҳои ҳатмӣ, меъёри фоизи қарзҳо барои таъмини пардохтпазирӣ) ва амалиёт дар бозори озод (амалиёт бо коғазҳои қиматнок ва амалиётҳои асъорӣ) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои самтҳои асосии дурнамои сиёсати пулию қарзӣ ва устувории низоми молиявии кишвар минбаъд низ тамоми чораҳои заруриро дар доираи салоҳияти худ андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо сиёсати буҷету андоз ҳамоҳанг месозад.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талбаков дода мешавад.
Исмоил ТАЛБАКОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Дурнамои мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2014 таҳти рақами 2628 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои муҳимтарини сиёсати пулию қарзиро барои соли 2015 бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва таъмини устувории низоми бонкӣ муайян менамояд, инчунин ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистонро оид ба иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2014 дар бар мегирад.
Дурнамои сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2015, бо дарназардошти вазъияти му-раккаби низоми пулию қарзии ҷаҳони муосир ва таҳлили амиқи нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул, таъмини фаъолияти солим ва устувории низоми бонкии кишвар равона гардидааст.
Амалӣ намудани ҳадафҳои ниҳоӣ, нишондиҳандаҳои пулӣ, фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, амалиёт дар бозори озод, низоми пардохт, рушди низоми бонкӣ, заминаи ҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар бар мегирад.
Дар лоиҳаи Дурнамо ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзии Бонки миллӣ ва Низоми бонкӣ ва нишондиҳандаҳои иҷрои он дар нуҳ моҳи соли 2014 пешниҳод шудааст.
Ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар нуҳ моҳи соли равон ба 31,6 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 7,4 фоизро ташкил дод. Бори аввал дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар интиҳои моҳи сентябри соли 2014 ба 5,4 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 фоиз зиёд буда, аз иҷрои дастуру нишондодҳои Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Сатҳи таваррум дар давраи январ-сентябри соли равон дар сатҳи муътадил қарор дошта, 5,7 фоизро ташкил дод, ки он дар заминаи болоравии нархҳои маводи хӯрокворӣ 7,0 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 2,3 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 7,3 фоиз ба вуқӯъ пайваст.
Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА тамоюли тағйирёбии нисбатан муътадил дошт.
Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2014 ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул ва таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар равона гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ, сентябри соли ҷорӣ ба ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ба маблағи 902,2 миллион сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 4,2 млн. доллари ИМА қарзҳои кӯтоҳмуддат ҷудо намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 13,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 47 маротиба коҳиш ёфтааст. Раванди мазкур аз беҳтар гардидани ҳолати пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ба ҳолати 30 сентябри соли 2014 дар қаламрави мамлакат 139 ташкилотҳои қарзӣ (17 адад бонк бо 339 филиал, 121 адад ташкилотҳои маблағгузории хурд бо 67 филиал ва як адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ) фаъолият доранд. Дар ин давра шумораи бонкҳо як ва филиалҳои бонкҳо 12 адад зиёд гардида, шумораи ташкилотҳои маблағгузории хурд бошад, як адад кам гардид.
Ба ҳолати 30 сентябри соли равон бақияи умумии пасандозҳо 6,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз афзудааст.
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 8,2 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд гардид. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда бошад, ба 6,6 млрд. сомонӣ расид, ки дар муқоиса аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ҳамин давраи додашуда 80,1 фоизро ташкил медиҳад.
Қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ бештар ба бахши воқеии иқтисодиёт равона гардиданд. Ҳиссаи бештари онҳо ба соҳаҳои савдои хориҷӣ 24,8 фоиз, саноат 11,0 фоиз, матлубот 15,4 фоиз, кишоварзӣ 12,0 фоиз ва сохтмон 18,7 фоиз ҷудо гардиданд.
Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба ҳолати 30 сентябри соли ҷорӣ 942, 1 ҳазор ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,0 фоиз зиёд мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳод намудаашон лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Панҷуми ноябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи Дурнамои мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Дар бораи тасдиқи Дурнамои мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».
Суратгир А.ИСОЕВ