Ҷашни шаклгирии давлатдории навини миллӣ

№134-135 (4874-4875) 08.11.2024

ЭМБЛ 30 СОЛ КОНС копияРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки имсол 30-юмин солгарди он таҷлил гардид, ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории навини миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсию иҷтимоӣ аҳа­мияти муҳим дорад. Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои конститутсионӣ дар муайян ва татбиқ кардани сиёсати дохилию хориҷии худ соҳибихтиёр ва мустақилу озод буда, ин ҳолат барои идора ва танзими маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар бо назардошти меъёрҳои конститутсионӣ ва хусусиятҳои таърихӣ, миллӣ ва фарҳангию ҷуғрофӣ имконияти мусоид фароҳам овард.

Конститутсияи нави мо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ рӯи кор омад ва дар бун­ёду таҳкими давлати демократию ҳуқуқбун­ёд, рушди иқтисоду иҷтимоиёт, ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва таъмини амнияту осоиштагии мардум нақши басо бузург дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нав­батиашон аз ҷумла, иброз доштанд, ки: «Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат­ро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем».

Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлати моро фаро мегирад. Ин санад мафҳуми волоияти қонунро дар низоми ҳуқуқӣ ва ҳаёти ҷамъия­тӣ муқаррар намуда, муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад. Мутобиқи моддаи 10 Конститутсия ҳамчун қонуни олӣ амал мекунад ва ҳамаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои локалӣ бояд бо Конститутсия мувофиқат кунанд. Ин модда муқаррар менамояд, ки Конститутсия ҳамчун сарчашмаи олӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар амал мекунад ва ҳеҷ санади меъёрӣ ё қонун наметавонад мухолифи он бошад. Иерархияи ҳуқуқӣ сохтори ҳуқуқиест, ки дар он ҳама қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ бояд бо тартиби муайян қабул ва иҷро шаванд. Дар Тоҷикистон Конститутсия дар аввали ин иерархия қарор дорад, пас аз он қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меоянд. Ин тартиб ба ин маъност, ки қонунгузор ва дигар мақомот ҳангоми қабули қонунҳо бояд онҳоро ба Конститутсия мувофиқ созанд. Агар санаде ё қонуне ба Конститутсия мухолифат кунад, он беэътибор дониста мешавад.

Принсипи волоияти Конститутсия маънои онро дорад, ки Конститутсия тамоми асос­ҳои ҳуқуқии давлатро муқаррар мекунад ва барои пешгирӣ аз ихтилофоти қонунӣ меъёрҳои он бояд дар авлавият бошанд. Ин принсипро судҳо, мақомот ва дигар ташкилотҳо низ бояд риоя кунанд. Масалан, Суди конститутсионӣ ҳуқуқ дорад, ки агар қонун ё санади ҳуқуқие ба Конститутсия мухолиф бошад, онро беэътибор эълон намояд. Дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ вазифадор аст, ки назорати мутобиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриро бо Конститутсия мунтазам анҷом диҳад. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми ихтилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ Суди конститутсионӣ метавонад тафсири расмии Конститутсияро пешниҳод ва қонунҳои мухолифро бекор ё ислоҳ намояд. Ин низом кафолат медиҳад, ки Конститутсия ҳамчун сарчашмаи устувори ҳуқуқӣ дар кишвар амал намояд ва дигар санадҳои меъёрӣ онро зери шубҳа нагузоранд. Моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо нақши волоияти Конститутсияро таъкид мекунад, балки ба низоми ҳуқуқии кишвар як принсипи муҳимро ворид менамояд, ки фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ бояд ба Конститутсия мувофиқат кунанд. Ҳамин тавр, ҳар як санади меъёрии ҳуқуқии нав бояд дар асоси Конститутсия таҳия ва қабул гардад.

Мавриди зикр аст, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон бори нахуст Конститутсия тариқи иродаи мардуми кишвар ва барои инсон ва шаҳрванд қабул гардидааст, ки дар он муқаррароти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври дақиқу мушаххас инъикос ёфта, онҳоро ҳамчун арзиши олӣ эълон доштааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди қонун баробар буда, мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифадор аст, ки иқтидори сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии давлат ва ҷомеаро ба нафъи инсон ва шаҳрванд истифода номоянд, яъне инсон ва шаҳрванд объекти ягонаи Конститутсия дар ҷодаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд қарор гирифтааст, ки чунин ҳолат бевосита ифодагари давлати иҷтимоӣ мебошад.

Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо волоияти ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқиро таъмин менамояд, балки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад. Дар ин замина, вазифаи ҳар як шаҳрванд, хусусан ҳуқуқшиносон, аз он иборат аст, ки қонунгузориро бо принсипҳои Конститутсия ҳамоҳанг намуда, барои риояи он талош варзанд.

Ф. МАХСУМЗОДА,

прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мушовири адлияи дараҷаи 2