Ҷаласаи комиссияи АБ ИДМ баргузор гардид

№134-135 (4874-4875) 08.11.2024

_MG_34811 ноябри соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар ҷаласаи комис­сияи экспертии доимии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил оид ба илм ва маориф, ки дар реҷаи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи рӯзномаи маҷлиси Шурои экспертии илм ва маориф дар Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ», «Дар бораи тағйир додани ҳайати Шурои коршиносон оид ба илм ва маориф дар назди Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи технологияҳои интеллектуалии сунъӣ», «Дар бораи лоиҳаи тавсияҳо оид ба танзими ҳуқуқии системаи инкишоф ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон барои давлатҳои аъзои ИДМ», «Дар бораи ташаккули фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагони ҷавон ва ояндаи давлатҳои аъзои ИДМ дар заминаи мониторинги интихобот», «Дар бораи таҳсилоти расмӣ, ғайрирасмӣ ва ғайрирасмӣ дар шароити таълими давомдор», «Дар бораи ҷамъбасти олимпиадаи байналхалқӣ оид ба фанҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ барои мактаббачагони мамлакатҳои ИДМ дар солҳои 2023-2024», «Дар бораи Конгресси байналмилалии илмӣ-таълимии давлатҳои аъзои ИДМ дар соли 2025», «Дар бораи озмуни байналмилалии лоиҳаҳои дипломӣ барои гирифтани мукофоти Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ» ва «Дар бораи маҷлиси нав­батии Шурои коршиносон оид ба илм ва маориф дар Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ» баррасӣ шуданд.

Аъзои комиссия, инчунин, равишҳои пешниҳодкардаи таҳиягарон оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи чораҳо оид ба ошкор ва дастгирии мунтазами кӯдакону ҷавонони лаёқатманд» ва лоиҳаи Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии мубодилаи байналмилалии академӣ»-ро баррасӣ намуда, пешниҳод дар бораи ворид намудани таҳрири нави Қонуни намунавӣ «Дар бораи асосҳои танзими интернет»-ро мавриди истифода қарор доданд.

 Дар ҷаласа, ҳамчунин, фаъолияти созмони бун­ёдии забон ва фарҳанги кишварҳои ИДМ оид ба робита бо донишгоҳҳои кишварҳои муштаракулманофеъ ва баргузории бозиҳои ҳабдаҳуми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ муаррифӣ шуд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ