Бо ҳамин ном 5-уми ноябри соли 2024 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони ин мақоми олии қонунбарорро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки Конститутсия санади муҳиму тақдирсози миллат буда, бо ибтикори бевосита ва ташаббуси дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи душвори сиёсӣ таҳия ва қабул гардид.
- Қабули ин санади тақдирсоз бо мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, дар баробари дигар хизматҳои бузургу қиёснашавандаи Пешвои миллат, ташаккули давлати навини тоҷикон ва фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқии он, инчунин, баҳри рушди устувори минбаъдаи тамоми соҳаҳо заминаи воқеӣ гардид. Қабули Конститутсия дар вазъи басо душвори сиёсию иқтисодӣ ва нобасомонию мушкилоти солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ рост омада, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Албатта, ин ҳама самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои устувору пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бевосита Раиси Комиссияи конститутсионӣ буданд, — таъкид намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Тавре зикр шуд, бо роҳбарию роҳнамоиҳои Раиси Комиссияи конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади тақдирсози миллат — Конститутсия таҳия ва 6 ноябри соли 1994 бо назардошти фикру андеша ва таклифу пешниҳодҳои мардуми Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
- Мо ҳама вақт шукргузор ва ифтихормандем, ки дар чунин шароити печида ва душвори сиёсӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми ҷафодидаи мо Пешво — лидери сиёсии ватандӯсту боҷуръат, ҷавонмарди далеру шуҷоъ, дурбину дурандеш, дорои мавқеи устувор ва соҳибибтикор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд. Мутмаинем, ки бо сарварии ин абармарди нотакрор нуфузу обрӯи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ болотар рафта, боз ҳам ободу зеботар ва пешрафта мегардад, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон М. Зокирзода. — Тавре Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон паёми руҳи бешикасту озодипарастии миллати тоҷик ба мардумони дунё ва маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон, дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст».
Зимни чорабинӣ иброз гардид, ки Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият, ба дӯши давлат вогузор намудааст ва ин, дар маҷмӯъ, барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад. Риояи Конститутсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва Истиқлоли давлатии кишвар, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шарти муҳими пешрафти давлат буда, мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем.
Дар назди ҳозирин, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, вакили Маҷлиси намояндагон Бибиосия Аюбӣ ва муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Воҳидҷон Аслонов роҷеъ ба нақши Конститутсия дар ташкили давлатдории навини миллӣ изҳори андеша намуданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ