Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз ва Шуғнон, иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№134-135 (4874-4875) 08.11.2024

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 9, 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор мекунад:

1. Маҳалли аҳолинишини Дашти Паткуноби деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номи он ба Сомониён иваз карда шавад.

2. Маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи деҳа мансуб дониста шаванд:

- маҳалли аҳолинишини Себзори деҳоти Нав­обод ба деҳаи Себзор;

- маҳалли аҳолинишини Деҳбастаи деҳоти Навобод ба деҳаи Деҳбаста;

- маҳалли аҳолинишини Саидхомушиёни деҳоти Навобод ба деҳаи Саидхомушиён;

- маҳалли аҳолинишини Кулеви деҳоти Навобод ба деҳаи Кулев.

3. Номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иваз карда шаванд:

1) деҳаи Ҷелондеҳи деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Оби Гарм;

2) дар ноҳияи Роштқалъа:

- деҳаи Лесхози деҳоти Барвоз ба деҳаи Лоҷвард;

- деҳаи Бутаноқурғани деҳоти Сежд ба деҳаи Ҷавшангоз;

- деҳаи Қарақуруми деҳоти Сежд ба деҳаи Сиёвушгирд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 5 ноябри соли 2024, №558