Дар ноҳияи Шуғнон баҳри истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, иншооти гуногуни бахши саноату тандурустӣ ва варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Нахуст дар деҳоти «Мирзоҷон Ширинҷонов» — и деҳаи Сохчарв майдончаи нави варзишӣ барои бозиҳои футбол ва баскетбол ба истифода дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки чунин майдончаҳои муосир дар ду деҳоти дигари ноҳия — «Ғарибшо Шаҳбозов» ва «Ванқалъа» низ ба истифода дода шуданд. Дар назди майдончаҳои варзишӣ инчунин барои фароғату истироҳати кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Барои бунёди майдончаҳои нав беш аз 280 000 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд сарф карда шудааст.
- Маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуда, сокинон дар меҳани хеш соҳиби ҷойи кор ва шуғли шоиста мегарданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои рӯзафзӯни ҳамаи моро зарур аст, то ба зиндагии солиму сазовор рӯй оварда, шарафи миллату давлатро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар бардорем, — иброз намуд раиси ВМКБ.
Мавриди зикр аст, ки чунин майдончаҳои муосир дар ду деҳоти дигари ноҳия — «Ғарибшо Шаҳбозов» ва «Ванқалъа» низ ба истифода дода шуданд. Дар назди майдончаҳои варзишӣ инчунин барои фароғату истироҳати кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Барои бунёди майдончаҳои нав беш аз 280 000 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд сарф карда шудааст.
Дар деҳаи Гожаки деҳоти «Ғарибшо Шаҳбозов» бошад, корхонаи хурди коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тутишо» ба истифода дода шуд, ки дар он як чанд нафар аз бонувони хонашини деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, бо истифода аз таҷҳизоти муосир корхона истеҳсоли 6 номгӯи шарбату афшура аз меваҳои шаҳдбори диёр, аз ҷумла себу нок, зардолу, шафтолу ва олую олучаро роҳандозӣ намудааст.
Инчунин, дар деҳаи Тишор маркази инкишофи кӯдакон, дар деҳоти «Вер» дар доираи “Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ” бинои нави беморхонаи минтақавӣ ба истифода дода шуданд.
М. ИМОМНАЗАР.
«Садои мардум»