«КОНСТИТУТСИЯ — ШОҲСУТУНИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРӢ»

№ 08.11.2024

Бо ҳамин унвон 4-уми ноябри соли равон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор намуд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода иштирокчиёни конференсияро ба муносибати ин ҷашн табрику шодбош гуфта, зикр кард, ки қабули Конститутсия тӯли 30-сол дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷаста гузошт.

- Солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ бонувон дар татбиқи ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ нақши фаъол дошта, дар идоракунии кишвар саҳми шоиста гузоштанд.

Таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон дар ҷомеа, ҳуқуқ ба таҳсил ва кор, ҷалби бонувони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ, тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат хеле назаррасанд, — афзуд раиси кумита Бунафша Файзиддинзода.

Дар Конференсия Гулбаҳор Ашурзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилором Абдураҳимзода, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигарон доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ баёни андеша намуданд.

Дар конференсия як зумра бонувони фаъоли сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ низ ҷиҳати иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии мамлакат бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»