Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир гардид.
Форумро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки рушди давлати ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат фарҳанги баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд. Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқҳояш истифода карда, уҳдадориҳоро иҷро намояд ва маҳдудияти дар қонунгузорӣ муайяншударо риоя карда, оқибатҳои ҳуқуқии амалҳояшро дарк намояд.
Ба таъкиди ӯ, қобилияти шаҳрвандон оид ба истифода аз воситаҳои ҳуқуқӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва итоат ба қонун мусоидат менамояд. Албатта, чунин шуури ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки арзиши бунёдии қонун ҳамчун падидаи зарурӣ ва самараноки иҷтимоӣ баланд бардошта шавад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иброз намуд, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ доштани рамзҳои муқаддас, бахусус Конститутсия мебошад, ки маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ муқаррар шудаанд. Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ таҷассум менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки Конститутсия дар баробари танзими дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ ба ташаккул, рушд ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ низ роҳи васеъ кушода, сиёсати ҳуқуқӣ, шакли ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ба хусусияти соҳибихтиёрӣ, демокративу ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат мувофиқ пешбинӣ менамояд.
Дар форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, вазоратҳои адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, инчунин, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Изҳори боварӣ шуд, ки Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ минбари мувофиқест, ки ба рушд ва таҳким бахшидани қонунгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаи муштарак мусоидат менамояд.
Дар идома иштирокдорон мавзуъҳои «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва танзими ҳуқуқии он: адлияи рақамӣ ва ҳамгироии байниидоравӣ», «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили пешгирии терроризм ва экстремизм: дастовард, мушкилот ва дурнамо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
М. ЗОКИР,
«Садои мардум»