Номаи табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Сагиба Алӣ гизӣ Гафарова

№137 (4877) 13.11.2024

Стандарти Садои мардум копия2 Рустам копия«Муҳтарам Сагиба Алӣ гизӣ,

Шумо ва вакилони Маҷлиси миллиро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона табрик мегӯям!

Мо аз сатҳи баланди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар самти байнипарламентӣ низ пайваста густариш меёбанд, изҳори қаноатмандии амиқ менамоем.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо барои иштироки бевосита ва саҳмгузориатон дар Конференсияи байналмилалии байнипарламентии «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» миннатдорӣ менамоям.

Ба Шумо, муҳтарам Сагиба Алӣ гизӣ, саломатии бардавом, хушбахтӣ, дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Озарбойҷон шукуфоӣ ва пешрафти минбаъда таманно дорам».