Сояи шумо

№138 (4878) 15.11.2024

ВОРИС

Ҳамчун ҳумой бар сари мо  сояи Шумо,

Пайғоми ишқ мерасад  чун ояи Шумо.

 

Ҷуз меҳру ҷуз муҳаббату ҷуз меҳрубониҳо,

Сулҳ асту ваҳдату сафо сармояи Шумо.

 

Нурест чун таҷаллии имону эътиқод,

Дар фикру дар тасаввуру дар мояи Шумо.

 

Симурғвор пар бикашӣ рӯи ин Ватан,

Дигар кӣ аст ҳампару ҳампояи Шумо?!

 

Ҳасти китоби «Тоҷикон», «Шаҳнома»-е дигар,

Сабзидааст ин Ватан аз ғояи Шумо.

 

Эй раҳнамою раҳбару эй сарвари азиз,

Осуда аст зиндагӣ дар сояи Шумо.