Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ, забони миллати куҳанбунёди тоҷик роҳи ҳазорсолаҳои таърихро бо шебу фарозҳои зиёде тай намуда, то замони мо омада расидааст. Ин забон бо шевоӣ ва ширинии худ ҳазорсолаҳо забони давлатдорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва хонаводагии чандин сулолаҳою халқият будааст, ки таърих аз он шаҳодат медиҳад.
Истиқлоли давлатӣ ин шукӯҳу шаҳомати қадимии забони тоҷикиро эҳё намуда, онро боз бар маснади давлатӣ нишонд. Дар саргаҳи гиромидошти ин забон абармарди таърих Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ки сабаби рушду инкишоф ва арҷгузорӣ ба он гардид. Ташаббус ва хизмати хастанопазири Пешвои миллат дар роҳи ҳифз ва эҳёи забони давлатӣ беназир мебошад. Агар ба оинаи таърих як нигоҳ афканем, чунин саъю талош ва дастгирию пуштибонии оқилонаро баҳри рушду инкишоф ва арҷгузорӣ ба забон аз ҷониби ҳеҷ як шоҳу султоне ва ё ҳокиму амире дар тӯли таърих намебинем.
Дар ин беш аз 33 соли даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ бесобиқа рушд намуда, мақоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқии худро дар ҷомеа пайдо кард, чун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқият эътироф шуд ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосаи худро тавассути суханрониҳои Пешвои миллат дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи баланди байналмилалӣ касб кард.
Таҳти сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ имрӯз ба ҳайси забони сиёсат, қонунгузорӣ, илму маориф, фарҳанг, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар васоити робитаҳо амал мекунад.
Забони қонунгузорӣ ва ё эҷоди қонунҳо дар парламенти касбӣ тавассути забони давлатӣ амалӣ мегардад, аммо доир ба татбиқи забони давлатӣ дар қонунэҷодкунии парламентӣ сухан ронда, наметавон аз нақши Пешвои миллат дар робита ба ин самт ва кӯшишҳои ӯ дар қабули санадҳои муҳими сарнавиштсоз доир ба забони давлатӣ ёдовар нашуд.
Қобили ёдоварист, ки 22-юми июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Қонуни забон»-ро қабул кард, аммо қонуни қабулшуда дорои нуқсонҳои сиёсӣ буд. Аз ҷумла, масъалаҳои бисёр муҳими нигаҳдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ ва риояи меъёрҳои он, ки барои инкишоф ва рушди забон бояд такони ҷиддӣ мебахшиданд, сарфи назар шуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои муқаррароти қонуни мазкур фишанги сиёсие дар ҳамон давр вуҷуд надошт ва қонун танҳо ба хотири ором намудани мардуми шӯрида қабул гадида буд.
Воқеан, маҳз баъд аз таҷлили Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон шуда, аҳамияти хосеро касб намуд, аммо метавон гуфт, ки дар солҳои аввали истиқлолият забони тоҷикӣ мушкилотеро, ки дар солҳои қаблӣ пушти сар мекард, бар дӯш дошт. Пешвои миллат дар ин маврид таъкид кардаанд: «Вале, ҳамчунон ки мо дар соҳаҳои дигари ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтори мушкилот будем, дар арсаи забон низ душворӣ ва вазифаҳои мо камтар аз он набуданд».
Албатта, ба як маҷрои муайян даровардан ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди забони давлатӣ дар ҳамон вазъияти мушкили сиёсӣ коре буд басо душвор, ки инро на ҳама соҳибзабонон эҳсос мекарданд ва на ҳама медонистанд. Чунон ки маълум аст, вобаста ба даст омадани истиқлоли забонӣ «забондӯстон»-и зиёде ба майдони забони тоҷикӣ ворид гардида, дар майдони «истилоҳофарию калимасозӣ» аспи қудрат меронданд. Баҳри тозагии забон Пешвои миллат пайваста кӯшиш карданд. Забоншиноси маъруф Ғаффор Ҷӯраев дар яке аз мақолаҳояш зикр намудааст: «… балки ҳаёти воқеӣ пешгӯиҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар тасдиқ намуд, ки ӯ дар рӯзҳои аввали ба вазифаи Президент интихоб шудан дар ҷавоб ба суоли журналистон гуфта буданд: барои татбиқи Қонуни забон чанд даҳсола лозим аст».
Ба ҳамаи ин монеаҳои сунъӣ нигоҳ накарда, бо пешниҳоди Роҳбари давлат Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор аз 4-уми ноябри соли 1995 таҳти №142 «Доир ба тамдиди тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони ҷумҳурӣ» қабул кард, ки тибқи он муддати давраи гузариш дар татбиқи Қонуни забон то соли 1999 муайян карда шуд.
Пас аз 1000 сол мавқеи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон мустаҳкам гардид. Ба таъкиди забоншинос С. Назарзода: «Дар охири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба як забони тавонои давлатӣ табдил ёфт ва аллакай дар соли 2000-ум тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки барои дар амал пиёда шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаранд. Яке аз муваффақияти бисёр бузурге, ки дар ин давра мо ба даст овардем, дар асоси сиёсати бисёр пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, махсусан, пуштибонии Президенти кишвар дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд».
Ҳамин тавр, дар ибтидои асри ХХI бо ибтикору ташаббусҳои хастанопазиру бунёдии Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф ва густаришу такомули бемайлон дар ҷаҳони мутамаддин, ки пайваста бо навгониҳои технологияи иттилоотӣ ва вусъати босуръати техника рӯ ба рӯ мегардад, ворид шуд.
Эҳтирому арҷгузорӣ ба забони давлатӣ муқаддимаи марҳилаи дигаре буд, ки забони давлатӣ ба он ворид гардид ва ин консепт дар тамоми баромаду суханрониҳо ва номаҳои табрикотии Пешвои миллат садо медоданд ва имрӯз низ садо медиҳанд: «Эҳтироми забон ва пос доштани он як рукни маданият аст». Ҳамин нуктаи муҳим тамоми соҳибзабонон ва шаҳрвандони Тоҷикистонро водор менамояд, ки ба забони давлатӣ арҷ гузоранд, онро ҳамчун муқаддасоти миллат ва давлат ҳифз ва эҳтиром намоянд.
Воқеан, забоне, ки он инъикоскунандаи таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардои миллат мебошад, забоне, ки таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад, замоне аз корҳои давлатдорӣ ва сиёсию ҳизбӣ барканор шуда буд. Бо ҷонбозиҳо ва ғамхориҳои беназири Пешвои миллат забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ мавқеи умумимиллию давлатии худро дубора устувор намуд ва шароити мусоиде дар ин даврон барои рушду камолоти минбаъдаи он фароҳам омад. Хусусан, поку беолоиш нигоҳ доштани забони адабӣ ва аз олудаҳои бегонаю унсурҳои маҳаллӣ пок сохтани он фарогири ҷузъи таркибии ҳамин марҳала мебошад.
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ба забони ноби тоҷикӣ калимаю таркибҳои зиёде аз забонҳои бегона, хусусан аз забони арабӣ, ворид гардид. Раванди арабишавии забони тоҷикӣ дар ҳамин давра вусъати тоза пайдо кард. Забони матбуоти давриро вожаҳои зиёди арабӣ фаро гирифта буданд, вале, хушбахтона, даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳамин раванди номақбул хотима гузошт. Ин давра пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, ташаккули вожагони он аз ҳисоби забони классикию халқӣ, ҳамчунин, ғанитару суфтатар намудани забони адабиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талқин намуда, ба аҳли зиё ва фарҳанг таъкид намуда буданд: «Покизаю беолоиш нигоҳ доштани забони матбуоти даврӣ вазифаи ҷонии зиёиёну аҳли фарҳанг ва ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст мебошад».
Пас аз касби истиқлолият ба ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, созишномаҳо ва қарорҳои муҳим таҳия ва тарҷума гардиданд. Президенти кишвар забонро «нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат» номида, таъкид фармудаанд, ки «забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост». Дар баробари ин, ифтихори мо аз забони модарӣ бояд яке аз нишонаҳои фарҳангу маънавиёти баланди мо бошад, зеро забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад. Масалан, ба забони тоҷикӣ, ки забони расмии давлати мо мебошад, илму адабиёти хаттие мавҷуд аст, ки таърихи зиёд дорад. «Ифтихори забон, — мегӯяд Пешвои миллат, — аз донистани забони адабӣ оғоз мегардад».
Ду масъалаи зикршуда, яке эҳтиром ба забони миллӣ ва давлатӣ, дигаре, ифтихор аз забони тоҷикӣ масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар даҳсолаи аввали асри ХХI Пешвои миллат батакрор аз онҳо ҳар як соҳибзабононро ҳушдор доданд. Ҷиҳати боз ҳам мустаҳкамтар намудани ҳисси ифтихор ва посдорӣ аз забони миллӣ Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаждаҳумин солгарди Рӯзи забон — 21-уми июли соли 2007 зимни суханронӣ соли 2008-ро «Соли забони тоҷикӣ» эълон намуданд.
Дар суханрониашон ба ифтихори ҷамъбасти «Соли забони тоҷикӣ» ба як масъалаи муҳими дигар таваҷҷуҳи соҳибзабононро ҷалб намуданд. Ин масъалаи тарзи андешаю баёни миллӣ буд, ки бисёр воқеӣ ва саривақтӣ садо дод. Раванди ҷаҳонишавӣ на танҳо ба забону фарҳанг, балки ба тарзи ифода ва ҷаҳони андешаи миллӣ бетаъсир намемонад. Аз таърихи забони тоҷикӣ маълум аст, ки андешаҳо ва тафаккури бегона ба забони миллӣ таъсири сахт расонидааст. Забон таҳти таъсири андешаи бегонагон асолати худро аз даст медиҳад. Ин аст, ки таҳти таъсири андешаи арабҳо дар номгузории мардуми тоҷик таҳаввулоти ҷиддӣ рӯй дод. Номҳои аслии тоҷикӣ бо мурури давр аз байн рафтанд, ки онҳо нишондиҳандаи асолати забони миллӣ буданд ва ҷойи онҳо номҳои арабӣ ва ё дар радифи онҳо номҳои сохтаи тоҷикӣ ба вуҷуд омад. Баъдан ворид гардидани номҳои туркӣ ва аврупоӣ ба забони тоҷик таъсири худро гузоштанд. Имрӯз бархе аз мардум ба пасвандҳои насабсози забони русӣ одат карда, пасвандҳои насабсози миллиро, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо истифода шудаанд, қабул надоранд. Сабаби ин, пеш аз ҳама, дар андешаи онҳо ҷойгир шудани идеологияи бегона аст. Маҳз ҳамин андешаи бегона боиси аз байн рафтани низом ё қолаби насабсозии тоҷикӣ гаштааст. Пешвои миллат дар робита ба ҳамин масъала таъкид фармудаанд: «Дар оғози давраи ба забони давлатӣ ва илмӣ табдил ёфтани забони мо ба сабаби забони дину сиёсат ва илм будани забони арабӣ аксари донишмандону адибон асарҳои хешро бо ин забон таълиф намудаанд. Вақте зарурати таълифи ин гуна асарҳо ба забони дарии тоҷикӣ пеш омад, донишмандон барои баёни андешаҳои худ, махсусан баъди Сомониён, аз истилоҳоту таркибҳои арабӣ бештар истифода карданд, ки ин ҷараён баъди асри XII сахттар ва таъсири забони арабӣ ба забони мо бештар гардид. Баъдан дар садаи XX ҳамин гуна таъсир тавассути забони русӣ ҳамчун забони расмӣ ва муоширати байни халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бори дигар шиддат гирифт, ки нуфузи ин раванд дар забони тоҷикӣ то имрӯз дар шакли сухангӯиҳои таҳтуллафзӣ ва сабку услуби нигориши як силсила ҳуҷҷату санадҳо боқӣ мондааст. Мо соҳиби забонем ва тарзи андешаю баёни мо бояд ба забони модарӣ сурат гирад».
Бо ҷаҳду талош ва ташаббусу ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳуқуқ аз ташаббуси қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки он 1-уми октябри соли 2009 қабул гардид ва 3 октябри соли 2009 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфта, 5 октябри соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд.
Як нуктаи бисёр муҳимро мебояд зикр кард, ки Пешвои миллат доир ба бақои миллат ва ҳастии он сухан ронда, забони миллиро ба симо ва пайкари миллат ташбеҳ медиҳад: «Ба ин далел метавон гуфт, ки забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст».
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – забони тоҷикӣ, ҳамчун забони қонун, забони дипломатия ва забони сиёсат дар сатҳи мақомоти олии кишвар қарор дошта, ҷиҳати рушду инкишоф ва поку беолоиш нигоҳ доштани он бояд пайваста кӯшиш намоем.
С.Қ. Матробиён,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои филологӣ