Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ даъвати дувоздаҳум ба маънои том анҷумани саодат маҳсуб шуда, мардуми кишвар ифтихорманданд, ки дар замони худ намояндагонашон дар ин ҳамоиши таърихӣ маҳз сарвареро интихоб намуданд, ки ба шарофаташон дар ҳама самтҳо комёбему кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бениҳоят баланд дорад.
Банда бо чанде аз иштирокчиёни ин иҷлосия мусоҳиба доштам. Тавре онҳо гуфтанд, он вақт ду мақоми бонуфузе, ки барои бехатарию амнияти давлат вазифадор буданд, худро бетараф эълон намуданд, ки ин гувоҳи комилан фалаҷ шудани аркони давлатдорӣ буд.
Гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ ба он оварда расонд, ки Президент Қаҳҳор Маҳкамов истеъфо дод. Раиси Шурои Олӣ Р. Набиев ҳангоми маъракаи интихоботи президентӣ маҷбур шуд ваколати худро боздорад, аммо баъд аз Президент интихоб шудан зери фишори силоҳбадастон аризаи истеъфо навишта, бо Қарори Раёсати Шурои Олӣ Раиси Шурои Олиро иҷрокунандаи вазифаи Президент таъин карданд.
Фишор ба Парлумон ва Ҳукумати иҷроия ва бадтар аз ҳама, оғози гаравгонгирии аъзои Ҳукумату вакилони Шурои Олӣ, бесуботии вазъи сиёсӣ дар кишвар, махсусан пойтахт, эҳсоси тарсу ваҳмро афзуд. Соли 1992 дар бинои Шурои Олӣ ба қатл расондани сардабири рӯзномаи «Садои мардум», депутати Шурои Олӣ Муродулло Шералиев, дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) тирборон намудани одамони бесилоҳи аз Кӯлоб ба Душанбе меомада, ноҷавонмардона куштани прокурори генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, гаравгонгирии вакилону аъзои Ҳукумат, ҳуҷум ба Кумитаи амнияти давлатӣ ва саркӯб шудани ҳуҷумкунандагон замина барои оғози ҷанги доманадор дар Тоҷикистон шуданд.
Бо вуҷуди ин, охирин умеди аксарияти мардум Парлумон буд. Бино ба далелҳои мавҷуда, ин иҷлосия 16-уми ноябри соли 1992, соати 10-и пагоҳӣ ба кор шурӯъ намуда, дар он аз 230 вакил 193 нафар иштирок доштанд. Аз 37 вакили боқимонда 25 нафар бесабаб ширкат наварзиданд. 19-уми ноябр иҷлосия бо пешниҳоди масъала дар бобати бозхонди Раиси Шурои Олӣ идома ёфта, таклиф шуд, ки ҷаласаро депутат Ҳ. Табаров раисӣ кунад. Ин пешниҳод аз ҷониби вакилон қабул гардид.
Тавре ҳамсуҳбатонам нақл карданд, бо таклифи раисикунанда интихоби Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қаpop гирифт. Намояндаи халқ А. Мирзоев аз ноҳияи Ҳисор, аз номи намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ба сухан баромада, номзадии депутати халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Вакили халқ X. Ғафуров номзадии Иззатулло Ҳаёевро пешниҳод кард, вале И. Ҳаёев аҳволи бади саломатияшро узр пеш овард ва номзадиашро бозхонд кард.
Комиссияи баҳисобгирии овозҳо номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт намуд. Натиҷаи овоздиҳӣ чунин буд: аз 197 депутат 186 нафар ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.
Ҷанбаи таваҷҷуҳбарангез чӣ гуна сурат гирифтани рӯзи аввали кории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бино ба гуфти шоҳидони ҳол, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи дигар иҷлосияро оғоз бахшида, қонунӣ будан ё набудани аризаи истеъфои Президенти вақти мамлакат Раҳмон Набиевро, ки зери фишору таъқиби силоҳбадастон навишта буд, баррасӣ карданд. Чанд вакил, аз ҷумла Валентина Абдусамадова ва Адолат Раҳмонова таклиф намуданд, ки «хуб мешавад, агар Раҳмон Набиев чун Президенти интихобнамудаи халқ аз минбари иҷлосия арзи дилашро ба мардум расонад».
Бо назардошти ин таклиф Раҳмон Набиев ба толор даъват шуда, қазияро батафсил ҳикоят намуд. Сипас, мардуми ҷумҳуриро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, аз мансаб истеъфо дод ва ба Роҳбари интихобшудаи давлат барори кор хост. Иҷлосия қарори истеъфои Раҳмон Набиевро қабул карда, ҳамчунин, ба ӯ як қатор имтиёзҳо муқаррар намуд. Ҳамон рӯз истеъфои аъзои Девони вазирони ҷумҳурӣ низ қабул ва Сарвазири нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, супориш гирифт, ки сохтор ва ҳайати нави Ҳукуматро пешниҳод намояд.
Ҳамин тариқ, иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»-ро баррасӣ ва барои такмили он комиссия таъсис дод. Гузориши иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералии ҷумҳурӣ дар бораи роҳҳои халъи силоҳ шунида, масъалаҳои афви умумӣ баррасӣ шуд. Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва раисони кумитаву комиссияҳои Шурои Олӣ интихоб гардиданд.
Сипас, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқот бо қумондонҳои ноҳияҳои Шаҳритус, Қумсангир ва Панҷ гузориш доданд. Таъкид намуданд, ки мавзуи асосии маҷлиси Шурои Олӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи «Тадбирҳои муътадил намудани вазъияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯзнома дохил шуд. Раиси Шурои Олӣ, ҳамчунин, пешниҳод намуданд, ки дар масъалаи муътадил гардонидани вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаи масъалаҳо изҳорот қабул карда шавад. Намояндагон ин пешниҳодро низ ҷонибдорӣ намуданд.
Шояд аксарият надонанд, ки дар баъзе ҳолатҳо иҷлосия то соати 23:00 шаб, бе танаффус, давом мекард. Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз субҳ то бевақтии шаб ба иҷлосия раисӣ мекарданду баъди он барои бо силоҳбадастон вохӯрдан ба минтақаҳои даргир парвоз менамуданд. Дар ин бобат ҳамсуҳбатонам аз ҷумла гуфтанд, ки «ҳайрон мешудем, он кас кай истироҳат мекарда бошанд?».
Мардум бо як ҷаҳон умед қарорҳои қабулнамудаи иҷлосияро интизор буданд. Дар ҳамин ҳол баъзеҳо натиҷаи мусбати иҷлосияро намехостанд ва бо ҳар роҳу васила ба кори он монеа эҷод мекарданд. Як қисм вакилон аз майдони ҷанг ба иҷлосия омада буданду рӯзҳои аввал андешарониашон бо эҳсосот сурат мегирифт, вале аксарияти намояндагон, аз қабили шахсиятҳои барӯманд, ҳозиронро ба таҳаммулу ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд. Дар ин бобат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Ҳамдигарфаҳмии аксарияти кулли вакилони иҷлосия, муттаҳид будани онҳо дар самти дарку эҳсоси якдилонаи масъалаҳои муҳиму тақдирсози мамлакат, ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда боиси минбаъд таъмин гардидани заминаи ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа гардиданд…».
Хуб дар хотир дорем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари давлат савганд ёд намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Оғози кори худро аз сулҳ cap хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем».
Эътирофу арҷгузорӣ бояд кард, ки ин садоқату самимият баръало собит шуда, кулли дастоварди тоҷику тоҷикистониён ва рушди бемайлони кишвар самараи ҳамон иҷлосияи тақдирсоз маҳсуб мешаванд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»