Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 ноябри соли 2014, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад.
Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад. Зеро Парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки анъанаи парчамдории халқи мо аз умқи таърихи чандинҳазорсола сарчашма мегирад, яъне аҷдоди шарафмандамон ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии давлатдориву парчамдориро тай намудаанд.
Парчами миллии мо тибқи расму ойини парчамдорӣ бо рангу рамзҳо ва шаклу услуби миллии худ инъикоскунандаи таърихи деринаи халқи тамаддунсозамон мебошад. Ва, албатта, боиси ифтихори ҳар яки мост, ки халқи мо яке аз халқҳои соҳиби суннату анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор меравад.
Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парафшонии парчамҳои Балхи бостонӣ, парчамбардории Кова, эҳтироми парчам аз ҷониби шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои баъдинаи тоҷикон, ки нишонаи шаъну шарафи гузаштагони некномамон мебошад, ёдовар шуд.
Парчами миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамсозу парчамдори мо соҳиби эҳтироми хоса мебошад.
Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки 24-уми ноябри ҳар сол Рӯзи Парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Бинобар ин, дар арафаи таҷлили ин санаи фархунда, ки ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстии мардум ва бузургдошти ойину суннатҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон истиқбол мегардад, кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Мехоҳам махсус зикр намоям, ки ба шарофати истиқлоли Ватан барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам омад, ки таҳти Парчами давлати соҳибихтиёри худ тавассути саъю талоши пайгиронаву заҳмати бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намуда, кишвари маҳбубамонро ба марҳилаи рушди бемайлон ва устувори иқтисодӣ расонанд.
Муносибати самимона ба Парчам ва дӯст доштани он таҷассумгари бедории аҳли ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар як фарди Ватанро зарур аст, ки маъно ва муҳтавои Парчами миллиро амиқан дарк намуда, бо заҳмати софдилона ва саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии Парчами он саҳмгузорӣ намояд.
Аз ин рӯ, маданияти арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад.
Мазмун ва муҳтавои Парчами давлатии мо дарбаргирандаи хусусиятҳои хоси миллӣ, ифодагари устувории давлат, нишонаи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири ободии кишвар мебошад.
Ин аст, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша таҳти Парчами худ саф ороста, дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу душвори таърихӣ Ватану миллат, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудааст.
Имсол аз афрохта шудани баландтарин пояи Парчам дар пойтахти кишварамон панҷ сол сипарӣ мешавад, ки он ифтихори хурду бузург ва инъикосгари эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии мардуми тоҷик буда, меҳри Парчами миллӣ ҳар яки моро ба сӯи заҳмати созанда ва ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.
Дар марҳилаи навбатии рушди бомароми кишвари азизамон аз ҳар яки мо, парчамбардорони миллати тамаддунсоз, тақозо мегардад, ки ҳамаи азму талоши худро ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони он равона созем.
Бигзор Парчами мо — рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди неки созандагиву ободгаронаи ватани маҳбубамон — Тоҷикистон бошад.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!