18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, дар майдони 7 гектар дар муҳлати бештар аз 1 сол бо ҷалби қариб 30 нафар бинокорони маҳҳалӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расидааст.
Муассисаи мазкур аз варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, либосивазкунӣ ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар иборат мебошад.
Ҳамзамон дар ин макон мураббиён метавонанд дарсҳои назариявӣ гузаранд. Насби нурафканҳо дар варзишгоҳ имкон медиҳад, ки шомгоҳон низ мусобиқа ва тамринҳо бемамониат доир карда шаванд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки варзишгарони ноҳия дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар имкониятҳои муҳайёшударо самаранок истифода бурда, дар самти варзиш ба дастовардҳои назаррас даст ёфтаанд.
Таъкид гардид, ки махсусан варзиши футбол дар ноҳия дӯстдорони зиёд дошта, тиме, ки дар лигаи дуюми кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, дастаи футболи бонувони ноҳия мебошад.
Ҳамасола наврасону ҷавонони ноҳия дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Баробари мавриди истифода қарор гирифтани нахустин муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол дар деҳоти Исфисор 8 мураббӣ ба кор ҷалб шудаанд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм хоҳанд гузошт.
Лозим ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш, дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд. Аз ҷумла, ин муассисаи варзишӣ намунаи беҳтарини онҳо мебошад.