Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» оғоз аз соли 2016 рӯзи 16-уми ноябр, ҳар сол, ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Cабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни мубораку таърихӣ дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар нахустин Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон соли 2016 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуда буд. Ҳамин тариқ лоиҳаи қонуни мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аъзои Маҷлиси миллӣ онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуданд.
Гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф, сохтмону меъморӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, гардид.
Мо миллати бисёр хушбахт ҳам ҳастем, ки таърих чунин сарвару роҳбареро ба мо ато кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳзаи умри пурбаракаташонро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, хушбахтии халқу миллат ва ояндаи дурахшони Ватан сарф менамоянд. Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон — бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост омад, ҳамчун достони мардонагию қаҳрамониву ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи миллати фарҳангию куҳанбунёдамон бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст. Барҳақ устод Бозор Собир фармудааст:
Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди содиқи Ватан, шахсияти нотакрор, марди оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид намуданд, ба дили халқ шуълаи умеду бовариро ба ояндаи неку дурахшони Ватан бедор сохтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мост.
Ташаббусҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз ҷумла эълон кардани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» ва ғайра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуда, ҷонибдорӣ ёфтанд.
Бо назардошти далелҳои баёнгардида месазад, ки ҳамасола Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам бошукӯҳ, чун иди умумимиллӣ, таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷаста, фарзанди содиқу ҷонфидо ва фарзонаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои ниҳоят бузург намудаанд.
Мавриди зикри хос аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз, шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои миллат аст. Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми неру, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.
Эй Ватан, бо Пешвоят зинда бош!
Бо чунин бахту бақоят зинда бош!
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон