Санаи 16 ноябри соли 2024 ба савганди садоқат ёд намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлол интихоб гардида буданд, 30 сол пур мегардад. Гарчанде сӣ сол дар қиёс ба умри як ҷавон баробар аст, вале дар ин давра барои миллат ва давлат, хусусан, дар замони таҳаввулоти бузурги ҷаҳонӣ баҳри таъмини амнияти умумидавлатӣ, бунёд ва таҳким бахшидани рукнҳои давлатдорӣ, эҳё намудани фарҳанги миллӣ ва амалисозии ҳадафҳои стратегии давлату ҷомеа кору пайкори садсолаҳо ва амалисозии ормонҳои миллии ҳазорсолаи мо анҷом дода шуд.
Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии раҳбари хирадсолор — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини роҳбари давлат интихоб гардиданашон барои бунёди давлати навини тоҷикон аз сиёсати сулҳпарварона, таъмини ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ оғоз намуда, барои расидан ба ҳадафҳои рушди давлати миллӣ аз таҷрибаи давлатдорию давлатсозии аҷдодӣ ва кишварҳои мутамаддин истифода намуданд.
Чун идомаи сиёсати созанда ва сулҳу фарҳангпарварона Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди бемайлони илму маориф, муаррифии фарҳангу таърихи пурифтихори миллати тоҷик 6 апрели соли 1993 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг шомил шуда, худи ҳамон сол дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис ёфт.
Роҳбарияти давлат барои минбаъд баланд бардоштани ҳисси миллии ҷомеа, бартараф намудани унсурҳои бегонапарастӣ ва таъмини ваҳдати комил сиёсати дохилиро, пеш аз ҳама, ба худшиносӣ ва бедории миллӣ равона намуда, чорабиниҳои муҳими миллатсозро рӯи кор оварданд. Ҷашн гирифтани 1100-солагии давлати Сомониён ва бунёди пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ дар маркази пойтахти мамлакатамон аввалин иқдоми ҷиддӣ барои бунёди рамзи маънавиёти давлати нави миллӣ барои тамоми тоҷикони рӯи олам гардид. Тантанаҳои бошукӯҳи 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 5500-солагии Саразми бостонӣ, пеш аз ҳама, далолат ба он мекунанд, ки ниёгони мо аз зумраи аввалин давлатдорон ва куҳантарин шаҳрсозон будаанд. Таҷлил намудани 600 — солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 900 — солагии Умари Хайём, 1150 — солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310 — солагии Имоми Аъзам, 1000 — солагии асари безаволи «Шоҳнома», ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи Ҷ. Балхӣ, аз ҷумлаи гиромидошт ва эҳтиром ба шахсиятҳои забардасти мардуми мо мебошанд. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯаи китоби 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб» нашр гардид, ки гулчини эҷодиёти адибони тоҷикро дар тӯли зиёда аз ҳазор соли охир ба ҳам овардааст. Маҷмӯаи китобҳои «Энсиклопедияи миллӣ», «Донишномаи мардумӣ» ва асарҳои бешумору мондагори илму адаб рӯи чоп омаданд.
Бо мақсади ҳифзу гиромидошти фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз таблиғоти ғайру фарҳанги бегона Сарвари давлатамон китоби «Қуръон»-ро дар се навбат бо теъдоди зиёда аз як миллион нусха ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро, ҳамчунин, ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа намуданд. Чунин иқдомоти бузург бо мақсади ошно намудани ҳар як фарзанди тоҷику Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг, имондориву таҳаммулпазирӣ, дастоварду бунёдкорӣ ва ҳамзамон, шикасту ноҷуриҳои давраҳои таърихи ниёгонамон амалӣ карда шуд. Дар ин ду китоби барои тамоми тоҷикони рӯи олам муқаддас кӣ будани мо ба маънои комилаш, бо далелҳои муътамади таърихию асоснок иншо гардидааст.
Баҳри гиромидошт, нигоҳубин ва муаррифии таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон 7-уми сентябри соли 2001, дар арафаи ҷашни 10-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кушода шуд. Дар ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатӣ бошад, боз як муассисаи бузурги фарҳангӣ — Осорхонаи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Ёдгориҳои таърихии қалъаҳои Ҳисор, Ҳулбук, Хуҷанд, мақбараи А. Рӯдакӣ, мақбара ва осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, қалъаи Истаравшан, бошишгоҳҳои бостоншиносии Саразм, Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, Аҷинатеппа, шаҳри Карон, Кохи Наврӯз, чойхонаҳои Хуррамшаҳр дар Данғара, Истаравшан дар Кӯлоб — дар маҷмӯъ, зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ эҳё, тармим, навсозӣ ва бунёд гардида, таҳти ҳифзи давлат қарор гирифтанд. Ин ёдгориҳо имрӯзу фардо таърихи бемисли миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуда, дар рушди илму фарҳанг ва инфрасохтори сайёҳии мамлакат мусоидат хоҳанд кард.
Бо ташаббуси Сарвари давлатамон дар Осорхонаи Гимейи Фаронса давоми се моҳ намоишгоҳи «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» доир карда шуд, ки зиёда аз 35 000 сокини давлатҳои Аврупо аз он дидан намуданд.
«Ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад»,- иброз намудаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Солҳои 2005 ва 2021 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО гузаронида шуда, санъати рангини миллии мо тамошобинони маъмурияти созмон ва шабакаҳои телевизионии хориҷиро саросар тасхир намуд.
Яке аз қадимтарин ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон шаҳри Саразм 31 июли соли 2010 ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда, 11 ноябри соли 2003 бошад, «Шашмақом» — мусиқии қадими классикии тоҷикӣ ҳамчун мероси ғайримоддии башарият эътироф гардид. Дар 37-умин иҷлосияи Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ, рӯзҳои 16-26 июни соли 2013 дар Камбоҷа, Боғи миллии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд. 11 ноябри соли 2021 дар ҷаласаи 41-уми конфронси кулл ЮНЕСКО қарор оид ба таҷлил намудани 2500-солагии шаҳраки бостонии Тахти Сангинро қабул намуд. Моҳи марти соли 2015 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва муроҷиати якҷоя бо 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз иди Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. 1 декабри соли 2016 таоми миллии тоҷикӣ — «Оши палав» ва моҳи декабри соли 2021 боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо — «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуданд.
Дар баробари ёдовар гаштан аз муҳимияти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъулияти ҳар яки мо ҷиҳати ҳиссагузорӣ дар ҳифзи ин дастовард таъкид намуданд: «Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад».
Фаррух САЙДАЛИЗОДА,
ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ