Радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» 65-сола шуд. Шасту панҷ сол боз ин расона аз рӯзгори халқи тоҷик, бурду бохт ва кору пайкори мардуми он ҳамарӯза ба оламиён қисса мекунад ва васфи ин сарзаминро ба дуриҳои дур мебарад.Онро дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд мешунаванд ва гӯш мекунанд.
Солҳои шастум – ҳаштодуми асри гузашта мардум асосан радио гӯш мекарданд. Дар утоқҳои кории ҳама кормандон, аз роҳбари одӣ то сарвари корхона, радио аз саҳар то бегоҳ фаъол буд. Бо садои радио хоб мерафтанду боз бо ҳамин садо аз хоб бармехостанд. Яъне, зиндагии онрӯзаро бе радио тасаввур карда намешуд.
Он вақтҳо дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ду радио буд, ки гуфторҳояшон бо забони тоҷикӣ ба мавҷ мебаромад. Яке барномаи аввал — Радиои Тоҷикистон, дигаре барномаи дуюм — радиои бурунмарзии «Овози тоҷик». Ҳар ду радио ҳам барои мардум мақбул, дӯстдошта ва шуниданӣ буданд.
Номҳои наттоқони маъруф Абдуқодир Маниёзов, Субҳон Раҳматов, Бурҳон Раҳмонов, Файзулло Арабов, Амиргулхон Кӯчакбеков, Севарой Қосимова, Ҳокима Назарова, Муҳаббат Икромова, Зевар Ҷӯраева, Марҳабо Юсуфова, Гулнисо Замонӣ ва боз чанд тани дигар, ки ҳам дар Радиои Тоҷикистон ва ҳам дар радиои бурунмарзӣ фаъолият мекарданд, барои сокинони кишвар ошно буд.
Он солҳо радиои бурунмарзиро натанҳо касони аз марз бурунбуда гӯш мекарданд, балки худи сокинони кишвар низ ба он мароқи калон доштанд.
Сабаби бо сифати баланд омода шудани барномаҳо масъалаи сиёсии ҳамон замон буд, зеро як ҳадафи пахши барномаҳои бурунмарзӣ тарғиби сиёсати дохилӣ ва хориҷии шӯравӣ ва дастовардҳои ҷомеаи сотсиалистӣ буд.
Тоҷикистон, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷамоҳири абарқудрати шӯравӣ буд, табиист, ки ҳукумати вақт ба сатҳи барномаҳо ва мазмуну мундариҷаи онҳо эътибори ҷиддӣ медод. Дар солҳои аввали таъсисёбии радиои бурунмарзӣ вазифаи сармуҳарририи ин радиоро вазири ҳамонвақтаи корҳои хориҷии Тоҷикистон Мӯҳсин Нӯъмонов ба уҳда дошт.
Албатта, ин нишони масъулияти аз ҳад зиёд ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти ҷумҳурӣ ба ин радио буд. Ин буд, ки дар ин ҷо рӯзноманигорони варзидаю қаламкашони тавоно ва наттоқони оташсухан фаъолият мекарданд. Дар солҳои аввали таъсисёбии он адибону олимон ва рӯзноманигорони маъруфе чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдуқодир Маниёзов, Файзулло Ансорӣ, Файз Урозов, Қодир Наимӣ, Қосим Дайламӣ, Маҳмуд Тӯробӣ, Иброҳим Умарзода, Нусратшо Таваллоев ва бисёр дигарон адои вазифа намудаанд.
Баъдан, дар ин радио як зумра қаламкашони номӣ ба камол расиданд, ки миёни эшон маъруфтаринашон Саъдулло Раҳматуллоев, Абдуқаҳҳор Халилов, Абдуҷаббор Ваҳҳобов, Турахонум Қазвинӣ, Амиргулзорхон Кӯчакбеков, Мирзошо Ватаншоев, Абдулазиз, Муҳаммадазизов, Аъзам Ятимов, Қозӣ Махсумов, Носир Исмоилов, Олим Зарабеков, Абдусалом Раҳматов, Хайрӣ Аҳмадова ва дигарон буданд.
Солҳои шастуму ҳаштодуми асри гузашта радиои бурунмарзӣ аз ҳама бештар бо номи наттоқи оташсухан устод Бурҳон Раҳмонов маъруфият дошт. Мо аз хурдӣ ба шунидани ин садои зебо, бурро, ҷаззоб ва марғуладор одат карда будем ва ин садоро дӯст медоштему меписандидем. Шахсан худи ман ҳар куҷое ин овози радиоро мешунидам, як лаҳза меистодаму онро то охир гӯш мекардам ва баъд гузашта мерафтам. Агар гӯям, ки дар ибтидо радиоро маҳз ба хотири ҳамин шахс гӯш мекардаму дӯст медоштам, хатое намекунам.
Вақте ки соли 1993 ба радио ба кор даъват шудам, чанд муддат боварам намеомад, ки дар ҷое кор мекунам, ки он ҷо устодон Бурҳон Раҳмонов, Субҳон Раҳматов, Раҷабалӣ Қудратов ва Абдурашид Хӯҷамқулов низ кор мекунанд. Аз он ки дар ин даргоҳи муқаддас фаъолият доштам, ифтихор мекардам.
Имрӯз дар радиои «Овози тоҷик» навтарин чеҳраҳо, аз зумраи Заррина Абдулвоҳидова, Зарангез Гирдакова, Ваҳида Аҳмадӣ, Абдувалӣ Сабурӣ, Отабек Ғоибов, Муътабар Носирова, Шаҳло Сатторова ва боз ҷавонони дигаре фаъолият доранд ва умед аст то ба дараҷаи устодони номвари худ камол ёбанд.
Дар замони истиқлолияти кишвар радиои «Овози тоҷик» рӯҳу равони нав гирифт ва манзалати тоза касб кард. Имрӯз радиои мазкур аз лиҳози паҳноварӣ ва фарогирӣ дар ҷумҳурӣ беназир аст. Агар дар солҳои аввали таъсисёбии он ҳаҷми умумии барномаҳояш ҳамагӣ ду соатро ташкил медоданду гуфторҳояш танҳо бо ду забон: дарӣ ва форсӣ пахш мешуд, имрӯз ин барномаҳо тӯли 24 соат бо ҳашт забон: тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва ҳиндӣ пахш мешаванд.
Ҳоло ҳам чун солҳои пешин ҳамзабонони мо дар хориҷи кишвар, махсусан Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ин радиоро хеле зиёд гӯш мекунанд, зеро дар ҳеҷ маврид радио нисбат ба тақдири ин мардум бетараф набуд ва нест. Ин радио дар муҳимтарин марҳилаҳои тақдирсози ҳаёти мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз озодиву истиқлоли халқи он қотеъона ҷонибдорӣ кардааст.
Ҳангоме ки толибон ин кишварро ба хоку хун кашида буданд, миёни хомӯшиҳо ва бетарафиҳо дар арсаи байналмилалӣ танҳо ду садо баланд буд, ки аз озодиву истиқлол ва таъмини сулҳу оромӣ ҷонибдорӣ мекард. Ин садои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз минбари созмонҳои байналмилалӣ пайваста ба гӯш мерасид, дигаре садои радиои бурунмарзии «Овози тоҷик», ки аз фаъолияти ҷабҳаи муқовимат таҳти роҳбарии шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд бо қатъият ҷонибдорӣ мекард.
Баъдан, худи Аҳмадшоҳи Масъуд ин ҳақиқатро тасдиқ кард. Ӯ пас аз сафари худ ба Аврупо 10 апрели соли 2001 дар Душанбе ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон ба суоли: «Оё дар шароити феълии Афғонистони ҷангзада радиои бурунмарзии Тоҷикистон дар кишвар нақше дорад ё на?»- чунин посух дод: «Радиои бурунмарзии Тоҷикистон воситае буд, ки умеди маро ба пирӯзӣ қавӣ кард. Садои радиои бурунмарзии Тоҷикистон садои дили мардуми азияткашидаи Афғонистон низ будааст.
Агар барои пирӯзии мо се омил вуҷуд дошта бошад, як омилаш ҳамин радиост. Ва ҳатто агар ду омил ҳам мавҷуд бошад, якеаш маҳз ҳамин расона аст. Зеро он дили мардумро ба ҳаёт гарм кард, умеди озодиро дар замири муборизони Ватан дар торикистони ҳукумати толибон фурӯзон намуд».
Нақши радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар роҳи оштии миллӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистон ва ба Ватан баргардонидани фирориён басо назаррас ва бузург аст. Дар ин давраи муҳим ва бисёр ҳассос низ ин радио рисолати худро ба ҷо овард ва маҳбубияташро миёни мардум аз даст надод.
Ҳоло ба ҳайати эҷодии радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» журналисти ҷавон Фазилати Иброҳим сарварӣ менамояд.
Умед дорем, ки ҳайати эҷодии радиои мазкур таҳти сарварии ин бонуи ҳушманд «Овози тоҷик» — ро, ки худ садои Тоҷикистон аст, ба дуриҳои дур хоҳанд расонид.
Алихон ЗАРИФӢ, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ