14-уми ноябри соли 2024 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар мавзуи «Тавзеҳи муфассали ҳуқуқии муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.
Раиси Кумитаи Мачлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро боб ба боб шарҳ дода, изҳор дошт, ки қонуни мазкур мақоми парламентро мушаххас сохтааст.
- Пас аз қабули Конститутсия парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуд, аввалин бор дар таърихи сиёсии кишвар, таҷзияи ҳокимият дар сатҳи Конститутсияи мамлакат эътироф гардид. Гузашта аз ин, тағйироту иловаҳое, ки моҳи сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ин мафҳумро такмил доданд. Ин тағйироту иловаҳо ба тарзи куллӣ мақоми конститутсионию ҳуқуқии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигаргун намуданд, — зикр кард номбурда.
Дар интиҳои ҳамоиш Файзалӣ Идизода ба саволҳои ҳозирин посух гуфт.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»