Рӯзи Президент – арҷгузорӣ ба фаъолияти пурсамар

№141 (4881) 18.11.2024

_MG_361915-уми ноябри соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни баромад ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент — ҷашни пурифтихори миллиамон табрику шодбош намуда, таъкид намуд, ки ҳар лаҳзае, ки мо дар бораи Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни ифтихормандию самимият сухан меронем, пеши назарамон хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мегузаранд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар идомаи суханронӣ чунин гуфт:

- Корнома ва зиндагиномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарнавишти давлатсозӣ ва давлатдории навини тоҷикон пайванди абадӣ дорад. Воқеан ҳам, хизмату фидокорӣ ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат барои ҳар як фарди худшиносу миллатдӯст ва ватандору ватанпарвар сабақи ибрат аст. Месазад, ки дар ин рӯзи ҷашнӣ хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро аз ҳарвақта дида бештару фаъолтар вирди забон орем.

Таъкид намуданиям, ки мо бояд гузаштаи худро нодидаю сарфи назар нанамоем, балки заҳмату талошҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро абадан пос дорему ба наслҳои оянда беосеб ба мерос гузорем.

Қарзи виҷдонию имонии мо тақозо менамояд, ки дар иртибот ба ҳамаи ин заҳмату талошҳо, ғамхорию дастгирӣ, созандагию бунёдкорӣ ва пешравиҳо бо дарки худогоҳию зиракии сиёсӣ дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида бештар муттаҳид бошем, якпорчагии Ватанро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем. Аз ин ҷост, ки имрӯз ҷаҳониён таҷрибаю ташаббус ва модели давлатсозӣ ва давлатдории Президенти моро меомӯзанду ба дигарон тавсия медиҳанд.

16 ноябр рӯзи таърихӣ аст, оғози рӯзи аввали кори ҷаласаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иҷлосияе, ки ба мо пешво – лидери сиёсии ватандӯсту боҷуръат, саробони боэътимод ва кафили иттиҳоду ваҳдат, сиёсатмадори ҷавон, далеру шуҷоъ, дурбину дурандеш, дорои мавқеи устувор ва равшанбину соҳибибтикор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд.

Бо истифода аз фурсат яке аз муроҷиатномаи Пешвои миллатро, ки дар оғози фаъолияти хеш манзур намуда буданд, пеши назар меорам.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ дар муроҷиаташон ба мардуми кишвар чунин иброз доштанд: «Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Имрӯз ҳамаи мо шоҳидем, ки Сарвари давлат бо талошҳо ва ибтикороти хеш ба ваъдаи додааш содиқ буданро дар кӯтоҳтарин муддат собит сохтанд. Маҳз, хирадмандӣ, дурандешию ояндабиниашон буд, ки дар ибтидо ба ҳалли масоиле даст заданд, ки барои ҳифзи миллату давлат мубрам маҳсуб меёфтанд, яъне барқарор кардани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ дар қаламрави кишвар, таъмини заминаи рушди қонунгузорӣ дар кишвар, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баргардонидани гурезаҳо ва таъмини амнияти онҳо, ба низом даровардани кори ташкилоту муассисаҳо, таъмини рушди сохтори мухталифи хоҷагии халқ ва ислоҳоти онҳо, ҷиҳати ҳалли мушкилоти амнияти озуқаворӣ ба аҳолӣ тақсим карда додани замин, эъломи сиёсати дарҳои боз, ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо дигар давлатҳо, пайвастан ба узвияти созмонҳои байналмилалӣ, сари мизи музокирот хондани мухолифин.

Иқдоми наҷибу ҷавонмардонаи дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он шабурӯзе, ки нооромию даргириҳо идома дошт, он буд, ки барои мулоқот бо мардум ба манотиқи мухталифи кишвар сафар намуда, рӯбарӯ бо халқи худ суҳбат менамуданд, вазъи ногувору сарнавиштсозро таҳлил мекарданд, тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллатро тавзеҳ дода, даъват ба миён меоварданд, ки бо Роҳбари давлат ва Ҳукумат бошанд, ба хотири наҷоти давлати тозаистиқлоли худ, кинаю адоватро яксӯ гузоранд, хешро дар назди насли оянда сархам насозанд, ба ҷаҳониён собит созанд, ки мо миллати ҷангҷӯ нестем, миллате ҳастем, ки таърихи куҳан ва рисолати инсондӯстӣ дорем.

Ҳамин тавр, мардуми шарифи Тоҷикис­тон бо сарварию роҳнамоиҳои Пешвои миллат рӯзҳои сахту сангин ва даврони пур аз ҷангу ҷидолро паси сар намуд.

Имрӯз вазъи солҳои навадуми охири қарни гузаштаро бо ободкориҳои даврони истиқлолият қиёс дода, бидуни шакку шубҳа мегӯем: Пешвои миллати мо наҷотбахши миллат, ифтихору пуштибони халқи Тоҷикистон мебошанд.

Бояд махсус зикр намоям, ки тамоми фаъолияти пурмаҳсули сиёсии Пешвои миллат ба ҳайси Сарвари давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол як мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, одамияту таҳаммулпазирӣ, тамаддунсозӣ ва ватандӯстию ваҳдатгароист.

Ба таври мухтасар ин сана, яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҷашни бузурги миллӣ, рамзи муҳаб­бату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демок­ратӣ ном бурдан мумкин аст.

Дар назди ҳозирин, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шариф Ҳакимзода баромад намуда иброз намуданд, ки таҷлили Рӯзи Президент рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, нишонаи шукргузорӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдорию соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ