Маросими рӯнамоӣ 15 ноябр, зимни баргузории суҳбати мизи гирд, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Давлат Сафар дар мавзуи «Президент — шоҳсутуни истиқлолият ва давлатдории миллӣ» маъруза намуданд.
Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати комил, эҳёи суннатҳои миллӣ ва дар ҷаҳон ҳамчун кишвари мустақилу демократӣ муаррифӣ гаштани Тоҷикистон бениҳоят муҳим ва мондагор арзёбӣ шуд.
Директори китобхона Ҷумъахон Файзализода зимни суханронӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои миллати тоҷик сарнавиштсоз хонд. Аз ҷумла гуфт: «16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир шуда, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин иқдом яке аз аввалин қадамҳои миллати тоҷик дар роҳи расидан ба суботи комил ва истиқлолу озодӣ буд.».
Муҳиддин Пайшанбезода, ки фаъолияти пурсамари Роҳбари давлатро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди бемайлони илму техника ва дигар соҳаҳои муҳим баррасӣ намуд, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муҳимтарин дастоварди иҷлосия номид.
- Маҳз ҳамин шахсият тавонистанд дар лаҳзаҳои душвор бори миллат, кишвареро, ки қариб ба нестӣ расида буд, бар дӯш гиранд, онро аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо ва ба сӯи созандагию бунёдкорӣ раҳнамун созанд, — афзуд ӯ.
Тавре дар чорабинӣ зикр шуд, бо ҳамин далоил Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 16 ноябр таҷлил мегардад.
Дар робита ба китобномаи «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Садои мардум», ки бо ибтикори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва нашр гардидааст, таъкид шуд, ки он фарогири рӯйдодҳои солҳои 1992-1996 мебошад. Бобҳои алоҳидаи китоб, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Девони вазирон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониҳои Сарвари давлат, мулоқот, суҳбатҳои телефонии Роҳбари давлатро инъикос менамоянд. Дар маҷмӯъ, 1877 мавод дар 391 саҳифа рӯи чоп омадааст, ки пажӯҳишгарон ҳини корҳои тадқиқотӣ метавонанд аз он чун манбаи боэътимод истифода намоянд.
Мураттибон зимни ҷамъоварии мавод маълумоти ҷолиберо (аз мусоҳибаи М. Абдуллоҳ бо нависанда ва рӯзноманигор, собиқ муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Додоҷон Раҷабӣ, ки соли 2001 нашр шудааст) иқтибос овардаанд. Д. Раҷабӣ, аз ҷумла гуфтааст: «Рӯзнома соли аввал бидуни буҷет ба табъ расид, яъне ба ҳисоби буҷет ворид набуд. Яке аз маблағгузорони беминнати мо маъмурияти совхози «Данғара»-и ноҳияи Данғара буд, ки ба суратҳисоби редаксияи «Садои мардум» панҷ ҳазор сӯм гузаронд. Панҷ ҳазор сӯми он давра хеле калон буд. Мо аҳли қалами рӯзномаи «Садои мардум» аз директори ҳамонвақтаи совхоз, ҷавони дилсӯз ва саховатпеша, депутати халқ дар Шурои Олии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович сипосгузорем. Ин фарзанди фарзонаи халқ аз байн вақти тӯлонӣ нагузашта, моҳи ноябри соли 1992, дар сессияи 16-уми Шурои Олӣ дар Хуҷанди бостонӣ ба ҷодаи сиёсат ва сари қудрат омад».
Ҷоиз ба зикр аст, ки рӯзномаи «Садои мардум» ҳамсоли Истиқлоли давлатӣ буда, аз рӯзи аввали Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз фаъолияти Роҳбари давлатро пурра инъикос намуда истодааст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»