15-уми ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ китоби муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим — «Пешвои сангаршикани миллатсоз» рӯнамоӣ шуд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ, аз ҷумла чунин гуфт: «Таърих гувоҳ аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар як миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро ба дӯш гирифта, кишвар ва мардуми хешро аз вартаи фурӯпошию ҳалокат наҷот медиҳанд. Давлати навбунёди Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дар марҳилаи аввали истиқлолият — ибтидои солҳои 90-уми асри XX ба мушкилоти сиёсӣ, ки ба даргириҳои шадиди дохилӣ мубаддал гашт, рӯ ба рӯ шуд. Миллати тоҷик дар он вазъи басо мураккаб ба роҳнамою сарвар, пешвои дурандешу хирадманд, роҳбари ботадбиру боирода ниёз дошт. Дар чунин замон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори даврони нав бо қалбу нияти пок ба арсаи сиёсат қадам ниҳода, миллатро наҷот доданд. Ин ҳама ҷоннисории Пешвои миллат дар китоби «Пешвои сангаршикани миллатсоз» возеҳ таҷассум ёфтааст».
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқӣ, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, Фазлиддин Икромӣ, Муҷибахон Ҷавҳарӣ маъруза намуданд.
Зикр гардид, ки тасмими сиёсатмадор, ходими намоёни давлатӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар инъикоси корномаҳои беназири Сарвари давлат тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон боиси таҳсин мебошад. «Пешвои сангаршикани миллатсоз» бо назардошти инъикоси рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва рушду инкишофи Тоҷикистони азиз барои наслҳои имрӯзу оянда асари рӯимизӣ маҳсуб мешавад.
Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ