Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» маросими ҷамъбасти «20-рӯзаи дуюм»-и маъракаи ҷамъоварии пахта баргузор гардид. Дар «20-рӯзаи дуюм» ҷойи аввал ба пахтакорони ноҳияи Ашт сазовор дониста шуд, ки дар ин давра 8301,7 тонна зар ҷамъоварӣ намудаанд, ки он 58,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Ҷойи дуюм ба заркорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров лоиқ дониста шуд. Дар ин ноҳия дар даври ҳисоботӣ 13856,4 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки он баробари 74 фоизи нақшаи истеҳсоли солонаи «тиллои сафед» мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибон мутаносибан 17 ҳазор, 8 ҳазору 500 ва 4 ҳазору 500 сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои қимматбаҳо тақдим намуд.
Ҳамчунин, хоҷагиҳои беҳтарину чинакчиёни чобукдаст ва механизаторони беҳтарине, ки дар давраи ҳисоботӣ самаранок кор карда, нишондиҳандаҳои баланди меҳнатиро ноил шуданд, бо мукофотҳои пулию туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.
Ба санаи 15 ноябр дар вилоят 75 ҳазору 327 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шудааст, ки он 56 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
М.МАҚСУДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Иномҷон Рабиев