Бо фарорасии мавсими сардиҳои зимистон масъулини соҳаҳои иҷтимоии кишвар имрӯзҳо аз ҳарвақта дида серкортаранд. Чунки омодагии муассисаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода ва таъмини бароҳатию бехатарии одамон дар дохили биноҳо, бевосита аз онҳо вобастагии зиёд дорад.
Ба иттилои муовини мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Фурқатҷон Саидов, омодагии муассисаҳои таълимии шаҳр барои зимистонгузаронӣ то ин муддат 95 фоизро ташкил медиҳад.
- Аз ин лиҳоз аъзоёни Ситоди махсуси шуъбаи маорифи шаҳр омодагии муассисаҳои таълимиро бодиққат аз назар гузаронида, системаҳои гармидиҳӣ, ҳолати бомҳо ва дару тирезаҳо аз назар гузаронда, захира намудани сӯзишвориро дар ҳаҷмҳои зарурӣ идома дода истодаанд, — иброз дошт ӯ.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳудуди шаҳри Турсунзода 146 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд.
Ба гуфтаи Ф. Саидов, дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025», муаассисаҳои маорифи шаҳр омодагии ҳамаҷониба дида истода, айни замон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 669,5 тонна ангишт, 530 м3 ҳезум ва 1350 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»