Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва уқёнуси Ором бо аввалин ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»- и ЮНЕСКО сазовор гардид. Имрӯз Душанбе ба як шаҳри бузург мубаддал гардидааст. Қасру биноҳои баландошёна, иншооти замонавии маъмурӣ, фарҳангӣ, маишӣ, роҳу кӯча, хиёбонҳои озода ва ғайраҳо воқеан ҳар бинандаро мафтун мегардонад.
Душанбе шаҳрест дорои корхонаҳои зиёди саноатӣ, шоҳроҳҳои автомобилгард, ки онро бо бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мепайвандад, муассисаҳои давлатӣ, сафоратхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, макотиби олӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои фароғатию фарҳангӣ, тиббӣ ва ғайра.
Ман аз он фахр мекунам, ки Тоҷикистон дар тӯли 23 соли истиқлолияти худ дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардид, хонаамон ободу зиндагиамон хуб шуд.
Ҳоло, ки Душанбе ба як боғшаҳри ободу зебо табдил ёфтааст, диққати хориҷиёнро рӯз то рӯз ба худ бештар ҷалб менамояд.
Ба ин манзур як байти машҳури шодравон Боқӣ Раҳимзодаро, ки сифати Душанбеи азизи мост, мисол меорам:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.
Уроқбой Раҳимов, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент