21-уми ноябри соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии шуро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар карданд.
Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
21- уми ноябри соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербург шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пулково меҳмони олиқадр — Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони расмии Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ва шаҳри Санкт-Петербург, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия ва дигар шахсони расмӣ самимона пазироӣ карданд.
21-уми ноябри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони дигар ҳайатҳои парламентӣ иштирок намуданд.
Ҷаласа бо суханони ифтитоҳии Раиси Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко оғоз гардида, нахуст рӯзномаи ҷаласаи шуро тасдиқ карда шуд.
Тибқи рӯзнома Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ як қатор масъалаҳо дар хусуси фаъолияти Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ ва мақомоти кории он, Муроҷиати Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба, инчунин, дигар масоили ҷориро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуд.
22-юми ноябри соли 2024 дар доираи чорабиниҳои нақшавии Ассамблеяи байнипарламентӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин, ҳамкориҳои байнипарламентии ҳар ду кишварро баррасӣ карданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки робитаҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек, ҳамкориҳои созанда ва эътимодбахши дуҷониба бо Ҷумҳурии Қазоқистон аз афзалиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар ин зимн рушди бемайлони ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва тамоили афзоиши устувори нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни кишварҳо натиҷаи неки талошҳои ҳар ду ҷониб арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
22-юми ноябри соли равон дар ҳошияи ҷаласаи шуро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз тамоили устувори рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарламентии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зарурати истифодаи пурраи зарфиятҳо ва имкониятҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим дониста шуд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
22-юми ноябри соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кори ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, нахуст, ба ҷониби Россия барои пазироии самимӣ ва анҷоми раёсати бобарори он ҷониб дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори сипос намуданд.
Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи нақши институти мушоҳидаи байналмилалии интихобот дар рушди демократия ва ҳифзи соҳибихтиёрии давлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил андешаҳояшонро иброз намуданд.
Зикр карда шуд, ки мушоҳидаи байналмилалии равандҳои интихобот ва раъйпурсӣ аз муҳимтарин унсурҳои ҳамкориҳои сиёсиву ҳуқуқии байни кишварҳо ба ҳисоб рафта, нақши он дар такмили танзими ҳуқуқӣ ва заминаи қонунгузории миллии омодагӣ ва гузаронидани интихоботҳо назаррас аст.
Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок доштанд.
Дар идомаи кори ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентӣ оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъд аз иштирок дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ватан баргаштанд.
www.majmilli.tj