Дар адабиёти ҷаҳон жанри детектив мақоми хос дорад. Асарҳое, ки дар ин жанр офарида шудаанд, серхонанда буда, бо теъдоди зиёд ба фурӯш мераванд. Осори нависандагони машҳури моҷаронависи Ғарб, аз қабили Эдгар По, Артур Конан Дойл, Уилки Коллинз, Анна Кетрин Грин, то имрӯз муштариёни фаровон доранд. Дар адабиёти муосири Чин нақши Чен Сяотсин, ки таҳти таъсири асари Артур Конан Дойл «Ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холмс» як силсила асарҳои детективиро навиштааст, хеле барҷаста мебошад. Ф. М. Достоевский бо офаридани романҳои «Ҷиноят ва ҷазо», «Бародарон Карамазовҳо» боиси таконе дар офаридани асарҳои моҷароӣ дар адабиёти рус мегардад. Ҳамин тавр, дар Шарқу Ғарб адибоне ба олами адабиёт омаданд, ки бо офаридани асарҳои моҷароӣ шуҳратёр гардиданд.
Дар адабиёти муосири тоҷик низ нависандагонеро метавон вохӯрд, ки асарҳои моҷароӣ навиштаанд. Албатта, унсурҳои ин жанр дар осори ниёконамон, аз қабили «Самаки айёр», «Ҳазору як шаб», «Синдбоднома», вуҷуд доранд, вале адибони муосири мо бештар бо таъсири адабиёти Ғарб ба насри моҷароӣ рӯ овардаанд. Яке аз онҳо Зариф Ғулом аст, ки дар ин ҷода заҳмат мекашад ва асарҳои хонданию ёдмон эҷод менамояд. «Парвоз», «Ҷодугар», «Ҳукми дил», «Даъвати хун», «Бори каҷ дар роҳи каҷ», «Бӯсаи аввал», «Аспи хиёнат», «Табаддулот», «Шоҳиди асосӣ», «Карими шиш», «Ҳақиқати талх», «Мори сафед» аз зумраи асарҳое мебошанд, ки Зариф Ғулом манзури хонанда гардонидааст.
Дар насри моҷароӣ асоси асарро рух додани ҷиноят ташкил медиҳад, ки нависанда рафти тафтишотро ба риштаи тасвир мекашад ва гунаҳкоронро муайян месозад. Конфликти асар дар муборизаи адолат бо қонуншиканӣ сохта мешавад, ки дар ниҳоят адолат тантана мекунад. Ин маъниро ҳангоми баррасии эҷодиёти Зариф Ғулом устоди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ профессор Ашурбой Имомов чунин зикр мекунад: «Барои навиштани асари адабии моҷароӣ ғайр аз лаёқату малакаи насрнависӣ сатҳи зарурии маълумоти ҳуқуқӣ доштан муҳим аст. Дуюм, аз чунин фанҳои ҳуқуқӣ, ба монанди ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика, криминология, фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ, ҳуқуқи судӣ, назорати прокурорӣ дониши амиқи ихтисосӣ доштан зарур аст».
Зариф Ғулом хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар риштаҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардааст. Таҷрибаи кор дар ин соҳа ба нависанда имкон фароҳам оварда, ки насри моҷароии ӯ воқеӣ бошад, аммо нависанда дар ин маврид назари дигар дорад, ки дар суҳбате бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Сайёраи Қиёмиддин онро иброз намудааст: «Доштани таҷрибаи фаъолият дар ин соҳа ба манфиати муаллиф аст, аммо ин ҳатмӣ буда наметавонад. Таълифи чунин асарҳо вобаста аст ба донишу малакаи худи адиб. Хуб аст, агар адиб бо яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дӯстӣ дошта бошад ё бо чунин идораҳо равуо дошта бошад, то бисёр ҳолатҳоро бинаду мушоҳида кунад. Ҳамчунин, қонун ва кодексҳоро донад».
Як ҷиҳати муҳими қиссаю ҳикояҳои нависанда баёни муъҷази онҳост. Зариф Ғулом суханпардозии зиёдро дӯст намедорад, ҳамин чиз боис гашта, ки ҳикояҳояш кӯтоҳ, вале муассир эҷод гарданд. Далели ин гуфта китоби «Ҳақиқати талх» аст, ки маҷмӯи қиссаю ҳикояҳоро дар бар мегирад. Нависанда ба ҳолати равонии қаҳрамонони мусбату манфии ҳикояҳо камтар таваҷҷуҳ зоҳир карда, бештар ба рух додани ин ё он ҷиноят ва кори моҳиронаи муфаттишон диққат медиҳад. Ин чиз хондани асарҳои нависандаро осон карда, хонандаро дилбазан намесозад.
Зариф Ғулом беҳуда ба навиштани асарҳои моҷароӣ даст назадааст. Шавқи дили ӯро ба ин кор устодаш нависандаи детективнависи рус Лев Шейнин такон бахшидааст. Истеъдоди нависандагии Зариф Ғулом, нигоҳи мӯшикофонаи ӯ дар кори тафтишотӣ боис мегардад, ки Лев Шейнин дар симои ӯ адиби моҷаронависро бубинад ва ӯро ба ин ҷодаи мушкилписанд ҳидоят созад.
Неку бад, сиёҳу сафед мафҳумҳое ҳастанд, ки асли ҳаёти одамонро фаро мегиранд. Муҳим он аст, ки инсон кадом роҳро интихоб мекунад, ба бадиҳо майл менамояд ё хубиҳоро бармегузинад. Албатта, низоми ҷомеа он гуна сохта шудааст, ки ба сӯи камолу саодат ҳаракат мекунад, аммо ёфт мешаванд нафароне, ки ин низомро халалдор месозанд, ба корҳои паст даст мезананд, дуздӣ мекунанд, ба номуси касе таҷовуз менамоянд, осоиши одамонро барҳам задан мехоҳанд.
Дар маркази асарҳои Зариф Ғулом ҳамин воқеият нишон дода мешавад. Муборизаи хубию бадӣ рӯи тасвир меояд. Нависанда кӯшидааст қаҳрамононеро мисли персонажҳои китоби «Ҳақиқати талх» (Музаффаров, Толибов, Ҷонов, Маъруф Рауфов) дар муқобили бадкорон нишон диҳад. Ба хонанда ин ҳақиқатро ошкор созад, ки бадӣ ҳамеша шикаст мехӯрад, бори каҷ ба манзил намерасад.
Нависанда асарҳое ҳам дорад, ки дар баробари хусусияти моҷароӣ доштан таърихӣ ҳам ҳастанд ва баъзе гӯшаҳои норавшани мақомоти ҳуқуқ ва мардуми моро бозгӯ мекунанд. Масалан, қиссаҳои «Қозӣ» ва «Ҳақиқати талх» аз ин дастаанд. Дар ин асарҳо раиси суди вилояти Кӯлоб Ҷаъфар Раҳмонов ва раиси суди ноҳияи Роҳи оҳан Солеҳҷон Исмоилов қаҳрамонони асосӣ буда, қурбони дасисабозиҳо мегарданд. Ин қиссаҳо аз таърихи пурмоҷарои мақомоти ҳуқуқ дар замони шуравӣ ҳикоят мекунанд ва як навъ бозтоби ҳаёти кормандони он мебошанд.
Асари дигари нависанда, ки комилан таърихист ва аз зиндагии пур аз фоҷиаи сарояндаи машҳур Абдукарим Ёрмаҳмадов, ки бо номи Карими шиш маъруф аст, навишта шудааст. Ин асар бо номи «Карими шиш» аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба нашр расида, хонданист. Ба гумони ин ҷониб асари мазкур моҷароӣ не, балки фоҷиавӣ мебошад.
Адиб дар баробари офаридани симои Карими шиш дар асар, ҳамчунин, симоҳои Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Сайдалӣ Вализода ва Акашариф Ҷӯраевро низ зинда месозад. Тавассути офаридани образҳои мазкур нависанда кӯшидааст симои Карими шишро барҷаста созад ва ҳаёти фарҳангии минтақаи Кӯлобро дар ибтидои асри бист ба ҷилва орад.
Забони асари мазкур содаю равон буда, эҳсоси худшиносии миллиро дар дили хонанда бедор месозад. Сарояндае, ки то имрӯз номаш зинда асту дар байни мардум зиндагияш ба устура бадал гаштааст, бо офаридани ин асар умри ҷовидон меёбад.
Зариф Ғулом айни ҳол дар камоли эҷодӣ қарор дорад ва хонанда аз ӯ асарҳои нав ба навро интизор аст.
ВОРИС,
«Садои мардум»